Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Эрон партоби бенатиҷаи мушакро тасдиқ кард


Партоби нокоми моҳвора дар моҳи январ дар Эрон
Партоби нокоми моҳвора дар моҳи январ дар Эрон

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, дар воқеъ партоби як моҳвораи кишвар ба мадори Замин дар аввали моҳи феврал бо нокомӣ анҷомидааст. Дар муддати ду моҳи гузашта, ду талоши Эрон барои партоби моҳвора натиҷа надод.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар мусоҳиба бо телевизиони “NBC News” рӯзи 15 феврал гуфт, сабабҳои ба мадор нарасидани моҳвораҳо рӯшан нест, вале афзуд, ки мумкин аст, “харобкории эҳтимолии Амрико”-ро ҳам таҳқиқ кунанд.

Аз ин пештар нашрияи Ню Йорк Таймс дар рӯзи 13-уми феврал гузориш дод, ки ҳукумати Амрико барномаи махфии харобкорӣ дар мушакҳои Эронро суръат бахшидааст. Муҳаммадҷавод Зариф гуфт, мақомот сабабҳои нокомӣ дар партоби мушакҳоро таҳқиқ мекунанд, вале баъди гузориши “Ню Йорк Таймс” ба таҳқиқи “мушаххасоти дигар” шуруъ кардаанд. “Эҳтимоли харобкорӣ вуҷуд дорад, вале мо бояд онро боэҳтиёт таҳқиқ кунем” – гуфт, ӯ.

Намояндаи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико ба дархостҳо дар ин замина ҳануз шарҳе надодааст. Муҳаммадҷавод Озари Ҷаҳромӣ, вазири мухобироти Эрон моҳи январ гуфт, мушаке, ки дар ин моҳ партоб карданд, дар марҳилаи саввуми ҳаракат, “суръати зарурӣ”- ро нагирифт. Амрико Эронро барои партоби мушакҳо интиқод карда ва гуфтааст, ки “Беэътиноии ошкори Эрон ба меъёрҳои байналмилалиро таҳаммул намекунад.”

XS
SM
MD
LG