Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон соли гузашта 44 ҳазор тонна ангишт содир кардааст


Тоҷикистон содироти ангиштсанг ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Қирғизистонро шурӯъ кард. Ин дар ҳолест, ки фурӯшандаҳо дар ҳама манотиқи Тоҷикистон ба муштариён "кӯмури қирғиз" пешниҳод доранд.

Акбар Каримови 27-сола дар маҳаллаи мавсум ба "Авул"-и шаҳри Душанбе машғули фурӯши ангиштсанг аст ва мегӯяд, ки ахиран ангишти истихроҷшуда дар Қирғизистон муштарии бештар дорад. Вай 15-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ далели серхаридор будани ангиштсанги воридотӣ аз Қирғизистонро шарҳ дод.

Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳодисаҳои аз дуди карбон ҷон бохтани теъдоде аз сокинон сабт мешавад ва соли ҷорӣ низ аз ин ҳодисаҳо истисно нест.

Ба гуфтаи вай, ангиштсанги қирғизиро асосан барои сихкабобпазӣ ва нонвойхонаҳо мегиранд. Ин ангиштсанг тӯлонитар сӯхта, гармии бештар медиҳад. Вай мегӯяд, ангиштсанги истихроҷшуда дар ноҳияи Айнӣ чунин хусусиятро надорад. "Намедонам, чаро ангишти Тоҷикистонро ба Қирғизистон мебаранд. Шояд, барои истифода дар марказҳои гармидиҳӣ бошад",-афзуд вай.

Феълан агар як килограмм ангишти истихроҷшуда дар Қирғизистон дар бозорҳои Душанбе 1,5 сомонӣ арзиш дошта бошад, нархи ангишти ватанӣ баробари як сомонӣ барои ҳар як килограмм мебошад.

"Тоҷикистон 44 ҳазор тонна ангишт содир кардааст"

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон.
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон.

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон 15-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли 2018 Тоҷикистон як миқдори ангиштсанги истихроҷкардаашро ба кишварҳои ҳамсоя содир кардааст.

Вай гуфт, ки аз ҷумла ангиштсанги Тоҷикистон ба Узбекистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар ҳудуди 44 ҳазор тонна содирот кардааст, ки нисбат ба як соли пеш 39 ҳазор тонна бештар будааст. Ба гуфтаи ҷаноби Ҳикматуллозода, Тоҷикистон имкони содироти миқдори бештари ангиштсангро дар ихтиёр дорад, аммо дар интиқоли он мушкилиҳо пеш омадааст.

Ба гуфтаи вай, мушкил дар он аст, ки ангиштсанги Тоҷикистон тавассути мошинҳои боркаш интиқол меёбад, аммо ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо, аз ронандаҳои мошинҳои боркаш маблағи бузурги хироҷ ситонида мешавад, ки дар натиҷа, ин маблағ ба қимати ангиштсанги Тоҷикистон изофа шуда, рақобатпазирии онро коҳиш медиҳад.

Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон афзуд, "мо ҳоло бо мақомоти кишварҳои ҳамсоя вориди музокирот шуда, талош дорем, маблағи ин боҷи гумрукиву хироҷи вуруди мошинҳоро коҳиш диҳанд. Мутмаинам, дар соли ҷорӣ миқдори содироти ангиштсанги Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя бештар хоҳад шуд".

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ахиран дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар як соли ахир сокинони кишвар маводи сӯхтии алтернатив, назири ангиштсангро барои гарм кардани манзили худ тақрибан истифода намекунанд. Зеро, соли дувум аст, ки ҳамаи манотиқи Тоҷикистон давоми сол бо нерӯи барқ таъмин мебошад.

Чаро ангишти Қирғизистон харидори бештар дорад?

Фирӯз Қодиров, шореҳи иқтисодии тоҷик мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳудуди 4,5 миллиард тонна захоири ангиштсанро дар ихтиёр дорад, аммо пешниҳоди фурӯши он дуруст роҳандозӣ нашудааст. Вай мегӯяд, ки аз ангиштсанги Қирғизистон маъмулан дар навоҳии наздимарзии вилояти Суғд истифода мекунанд.

Ба бовари ин иқтисоддони тоҷик, ин ҳама камбуди маркетологҳои тоҷик аст, ки ангиштсанги Қирғизистон дар бозори Тоҷикистон харидори бештар дорад. "Магар ангишти кони Назарайлоқ бад аст? Чунин навъи ангиштсанг дар ҷаҳон танҳо дар се кон вуҷуд дорад. Фикр мекунам, дар сурати таблиғу пешниҳоди дуруст ангиштсанги Тоҷикистон дар миёни харидорони кишвар ва минтақа маҳбубияти бештар хоҳад дошт",-афзуд Фирӯз Қодиров.

Аз сӯи дигар, соҳибназарон мегӯянд истифодаи камтари ангиштсанг барои гарм кардани манзил барои ҳифзи муҳити зист судовар аст. Зеро, дар пайи сӯхтани ангиштсанг дудҳои зарарнок ворид фазо шуда, ба гармшавии иқлим таъсиргузор мешавад. Ҳамзамон ҳамасола дар Тоҷикистон ҳодисаҳои аз дуди карбон ҷон бохтани теъдоде аз сокинон сабт мешавад ва соли ҷорӣ низ аз ин ҳодисаҳо истисно нест.

XS
SM
MD
LG