Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари президент мегӯяд, "ғавғо набардоред"


Дариға Назарбоева, вакили сенат ва духтари калонии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нақшаҳои ҳукуматро дар робита ба сахттар кардани қоидаҳои бозтоби чорабиниҳо дар матбуот шарҳ дод.

Назарбоева гуфт, "ҳоло бо тарҳи қонун шинос нашудааст" аммо ваъда кард, ки онро меомӯзад.

"Набояд аз ҳоло ғавғо бардошт", - муроҷиат кард ӯ ба намояндагони расонаҳо. Рӯзноманигорон мегӯянд, барои нигарон будан далел доранд, зеро ҳукумат соли гузашта бо тағйир додани қонунҳо вазъи матбуотро бадтар кард.

"Агар лоиҳаи қонун ё санаде дар бахши рӯзноманигорӣ таҳия шавад, пеш аз қабул дар ҷомеа баррасӣ хоҳад шуд. Мутаассифона, ҷомеаи рӯзноманигорӣ дар ин масъалаҳо бадбин аст", - гуфт Дариға Назарбоева.

Тарҳи иловаҳои фармони ҳукуматӣ дар сабти номи рӯзноманигорон 13 феврал дар сомонаи санадҳои ҳуқуқӣ нашр шуд. Дар он омадааст, ки рӯзноманигорон мумкин аст, ба толори баргузории чорабиниҳо, ҷаласаҳо ва дигар маъракаҳо роҳ дода нашаванд.

XS
SM
MD
LG