Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми ҷамъомади мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Туркия


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23), ки ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимиву тамриниро дар Туркия ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба анҷом расонд, имрӯз, 15-уми феврал, ба Душанбе бармегардад.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо раҳбарии сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар шаҳри Анталияи Туркия се бозии санҷишӣ анҷом доданд.

Ду бозии санҷишӣ бо ҳайатҳои ҷавонони бошгоҳҳои ССКА-и Маскави Русия ва «Ворскла»-и Полтаваи Украина бо натиҷаҳои якхелаи 1:1 хотима ёфт. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии севуми санҷишӣ аз ҳайати дувуми бошгоҳи «Краснодар»-и Русия бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.

Натиҷаҳои бозиҳои санҷишии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия:

ССКА U-21 (Маскав, Русия) – Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – 1:1

Голи Тоҷикистон: Сорбон Авғонов.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Алишер Баротов, Доробҷон Эргашев, Ҳусейн Нурматов, Отабек Каримов, Далер Ёдгоров (Сорбон Авғонов, 77), Шервонӣ Мабатшоев, Алишер Мирзоев (Саидмухтор Азимов, 82), Кароматулло Саидов (капитан), Шарафҷон Солеҳов, Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 77).

6-уми феврал. Анталия, Туркия.

«Ворскла» U-21 (Полтава, Украина) – Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – 1:1

Голи Тоҷикистон: Кароматулло Саидов.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23): Фатҳулло Бобоев, Отабек Каримов, Ваҳдат Ҳанонов (Оятулло Сафаров, 79), Алишер Баротов, Ҳусейн Нурматов, Кароматулло Саидов (капитан), Шарафҷон Солеҳов, Шервонӣ Мабатшоев (Манучеҳр Сафаров, 57), Алишер Мирзоев (Саидмухтор Азимов, 43), Далер Ёдгоров, Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 61, Сорбон Авғонов, 79).

11-уми феврал. Анталия, Туркия.

«Краснодар» U-21 (Краснодар, Русия) – Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23): – 3:0

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Манучеҳр Сафаров, Алишер Баротов (Алишер Холмуродов, 46), Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов (Доробҷон Эргашев, 90), Саидмухтор Азимов, Шарафҷон Солеҳов (капитан), Алишер Мирзоев (Ваҳдат Ҳанонов, 73), Шервонӣ Мабатшоев (Отабек Каримов, 60), Сорбон Авғонов (Далер Ёдгоров, 65), Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 58).

13-уми феврал. Анталия, Туркия.

Дар ин бозиҳои санҷишӣ ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҳамаи бозигаронеро, ки дар ихтиёраш буд, озмоиш кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Хатлон»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фирӯз Назаров (Академияи футболи ФФТ);

Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Пандҷшер»), Алишер Баротов («Хатлон»), Доробҷн Эргашев (ССКА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров (ҳарчор – «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Мирзоев («Сперанса», Молдова), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов, Далер Ёдгоров, Шервонӣ Мабатшоев, Саидмухтор Азимов (ҳарчор – «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Сармураббӣ - Усмон Тошев.

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешуд, ки аз 22-юм то 26-уми март дар шаҳри Тошканд барпо мегардад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат хоҳанд кард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG