Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии "Хуҷанд" ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2019. САДО


Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2018, ба Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 омодагӣ мебинад.

Футболбозони Хуҷанд ба мубориза аз марҳилаи плей-офф шуруъ мекунанд. Онҳо дар ин марҳила бо ғолиби даври муқаддамотӣ вориди рақобат мешаванд. Рақиби «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми AFC-2019 ғолиби ҷуфти даври муқаддамотӣ миёни ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон - «Олой»-и Ӯш ва ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон – “Аҳал”-и вилояти Аҳал мегардад. Бозиҳои онҳо рӯзҳои 20-ум ва 27-уми феврал доир мешаванд.

Нахустин бозии “Хуҷанд” дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2019 рӯзи 6-уми март дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобӣ дар хона 13-уми март барпо мегарданд. Дар мавриди пирӯзӣ хуҷандиҳо ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқот мушарраф мешаванд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ 2-юми апрел шуруъ шуда, 26-уми июн ба поён мерасад. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоӣ – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки рӯзи 12-уми феврал дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон-2018, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд, аз ҳаққи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум гашт.

Ҳамакнун "Истиқлол" ширкати худро дар Ҷоми AFC дар минтақаи Марказӣ идома медиҳад. Қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои "Дордой" (Қирғизистон), "Олтин Асир" (Туркманистон) ва ғолиби плей-офф рақобат мекунад.

Дар мавриди пирӯзӣ дар бозиҳои плей-офф, “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 роҳ пайдо мекунад ва дар даври аввал рӯзи чоршанбеи 3-юми апрел дар меҳмонӣ бо “Истиқлол” бозӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол ҷамъомади таълимиву тамринии бошгоҳи футболи “Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷараён дорад.

Нуъмонҷон Юсупов
Нуъмонҷон Юсупов

Дар ҳайати даста якчанд бозигари нав, ба мисли дарвозабони 27-солаи гурҷӣ Давид Купатадзе аз бошгоҳи «Самтредия»-и лигаи олии Гурҷистон, ҳимоятгари 27-солаи узбек Асилҷон Бегимқулов, дастпарвари бошгоҳи «Согдиана», ки инчунин дар дастаҳои «Нурафшон»-и Бухоро ва «Машъал»-и Муборак бозӣ кардааст, ҳамлагари 31-сола Дилшод Восиев аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва дигарон тамрин мекунанд.

“Мо мақсад дорем, ки дар бозиҳои плей-офф пирӯз шуда, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AФК роҳ пайдо кунем. Бинобар ин, ҳайати дастаро пурқувват карда, боз якчанд бозигари моҳирро аз бошгоҳҳои хориҷӣ ва дохили кишвар даъват менамоем”, - гуфт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Нуъмонҷон Юсупов рӯзи 14-уми феврал.

Гуфтугӯ бо Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии дастаи "Хуҷанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00
Линки мустақим

Инчунин аз сармураббии “Хуҷанд” хоҳиш кардем, ки дар бораи иллати нокомии “Истиқлол” дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 бо тими АГМК-и Олмалиқ назари хешро баён созад. Юсупов гуфт, ки “Истиқлол” дар ибтидои дидор хуб бозӣ карда, аллакай дар дақиқаи дуюм гол зад, вале дар нимаи дувуми бозӣ баъди он ки ҳисоб 2:1 ба нафъи футболбозони тоҷик буд, ба иллати хатоҳои зиёд дар хатти дифоъ дар муддати даҳ дақиқа “Истиқлол” се гол хӯрд ва бозиро ба мизбонон бохт.

“Ба фикри ман АГМК, ки ба мисли “Истиқлол” бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ мекунад, ба ин бозӣ хубтар омодагӣ дидааст. Маҳорати онҳо нисбат ба бозигарони “Истиқлол” баландтар буд. Аз ин рӯ, ба назари ман “Истиқлол” ба бозигарони пуртаҷрибаву пурқувват ниёз дорад”, - иброз дошт Нуъмонҷон Юсупов.

«Хуҷанд» дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Гулистон 10-уми феврал бо тими «Эсхата»-и Хуҷанд рақобат кард. Бозии контролӣ бо ҳисоби 4:1 ба нафъи «Хуҷанд» анҷом ёфт.

Бозии контролӣ

«Хуҷанд» - «Эсхата» - 4:1

Голҳо: Дилшод Бозоров 14᾿ (1:0). Дилшод Восиев, 17᾿ (2:0). Манучеҳр Аҳмадов, 41᾿ (3:0). Абдмалик Шодиев, 66᾿ (1:3). Амирҷон Раҳимов, 74᾿ (4:1).

«Хуҷанд»: Давид Купатадзе (Муъминҷон Гадойбоев, 46’), Соҳиб Ҳакимов, Давронҷон Эргашев, Асилҷон Бегимқулов, Манучеҳр Аҳмадов, Комрони Мирзонаҷот, Бахтиёр Чориев (Парвиз Алиев, 55’), Дилшод Каримов (Дамир Азимов, 75’), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (Ҳоҷибой Зиёев, 46’), Дилшод Восиев (Амирҷон Раҳимов, 65’).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

10-уми феврал. Гулистон. Майдони футболи маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG