Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео ваъда дод, ки ИМА Словакияро аз назари амниятӣ пуштибонӣ мекунанд


Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки ИМА ба Словакия дар масоили амниятӣ ва иқтисодӣ кӯмакҳо хоҳад кард. Словакия кишвари навбатии Аврупои Марказӣ аст, ки дар ҷараёни сафари панҷрӯзааш Помпео аз он ҳам дидан кард. Ин сафар бо ҳадафи коҳиши нуфузи Русия ва Чин дар минтақа анҷом мешавад.

Дар маросиме, ки дар сарҳади Австрия ва назди Даромадгоҳи муҷассамаи озодӣ барпо шуд, Помпео гуфт: “Мехоҳам мардуми Словакия бубинанд, ки Амрико бо онҳо ҳамкор аст ва ба наздашон баргаштааст”.

Муҷассамаи озодӣ ба хотири 400 қурбонии солҳои 1945-1989 дар марз бо Чехословакияи собиқ гузошта шудааст. Ин шумор мардум ба ҳангоми талоши фирор аз деворҳои сангини режими сотсиалистӣ кушта шуданд.

“Аз номи ИМА ман ифтихор дорам бигӯям, ки дар канори мардуми Словакия ва Аврупо истодаам ва барои бунёди ояндаи шукуфон, боамн ва хеле олӣ ӯҳдадор мешавам”, гуфт Помпео.

Ӯ инчунин гуфт, ки ИМА ва Аврупо “бояд ба арзишҳои худ таъкид кунанд”, чун “таҷовузи Русия озодиҳоро ба ҳам мезанад” ва Чин “аз роҳи тавсеаи нуфузаш дар ҷаҳон мардумро саркӯб мекунад”.

Сафари Помпео ба Аврупо аз дидору гуфтугӯҳо дар Венгрия шурӯъ шуд. Баъди Словакия Помпео қарор аст ба Полша, Белгия ва Исландия сафар кунад.

Дар Будапешт рӯзи 11 феврал Помпео ба хотири таъкиди аҳамияти демократия ва ҳукумати қонун бо нахуствазири ростгаро Виктор Орбан дидору гуфтугӯ кард.

Вашингтон ин масъалаҳоро дар муқобила бо ҳаракатҳои зиддиаврупоиву НАТОи Русия ва Чин муҳим арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG