Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздид қабл аз боздид: Барои чӣ Ҷээнбеков ба дидори Путин рафт?


Баъди сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Бишкек дар доираи омодагиҳо ба боздиди Владимир Путин аз ин кишвар, раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков 9-уми феврал ба Сочӣ бо ҳадафи мулоқоти ғайрирасмӣ бо Путин сафар кард.

Дафтарҳои матбуотии ҳар ду раисҷумҳур ин дидорро омодагии сафари қарибулвуқуи Владимир Путин ба Қирғизистон ном бурданд, аммо коршиносон аз ангезаҳои дигари гуфтугӯи сарони давлатҳо ном мебаранд.

Шурӯъ аз охирҳои моҳи декабри соли 2018 дар Бишкек се эътирози оммавии зидичинӣ баргузор шуд, ки дар онҳо мӯътаризон талаб карданд, ки шаҳрвандони ғайрирасмии Чин аз кишвар ихроҷ карда шаванд.

Ҳамон тавр, ки сайти расмии президенти Русия иттилоъ дод, сарони кишварҳо рушди муносиботи дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ карда, дар мавриди як қатор масоили минтақавӣ табодули афкор намудаанд. Ба ҷуз ин, ҳамчунин ҷузъиёти сафари давлатии пешорӯи Владимир Путин ба Қирғизистон, ки дар поёни моҳи март дар назар гирифта шудааст, баррасӣ гардидааст.

Оқои Путин таъкид кардааст, ки барои дидори оянда, ки дар поёни моҳи март дар Қирғизистон сурат мегирад омода мешаванд ва гуфтугӯҳои худро дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ, талошҳои муштарак барои тақвияти ЕврАзЭС-ро давом хоҳанд дод.

"Мо чизе, ки сари он кор кунем, дорем. Масоили марбут ба ҳифзи ҳавзаи умумии гумрукии худро аллакай баррасӣ кардем. Русия тамоми корро анҷом дод, то ба Қирғизистон ёрии лозимро бирасонад. Бидуни шак, дар оянда ҳам корҳо дар бахши сохтусоз ва ҳамкориҳои низомиро арзёбӣ мекунем. Дар мавриди сиёсати муҳоҷират низ медонем, ки ин барои Қирғизистон масъалаи ҳасос аст",-таъкид намуд Путин.

Раисҷумҳур Сооронбой Ҷээнбеков дар навбати худ барои фароҳам кардани имкони дидор ва баррасии масъалаҳои равобити дуҷониба изҳори миннатдорӣ кард.

"Қирғизистон муштоқона сафари шуморо ба кишвари мо мунтазир аст. Барои мо ин як рухдоди муҳими сиёсӣ аст. Мо ҳамеша хушҳолем, ки шуморо дар Қирғизистон мулоқот мекунем ва дар дидор бо шумо як қатор масоили равобити дуҷониба ҳал карда мешавад. Мо сипосгузорем, ки шумо аз ҳалли мусбати масоили равобити дуҷониба пуштибонӣ мекунед. Мо ба дӯстии таърихии худ, ки тайи солиёни зиёд тақвият ёфтааст, арзиши баланд қоил ҳастем",-хулоса кард Сооронбой Ҷээнбеков.

Дидори ғайрирасмӣ қабл аз сафари давлатӣ

Боздидии Ҷээнбеков аз Путин баъди панҷ рӯзе баргузор шуд, ки 4-уми феврал ба Бишкек раиси ниҳоди сиёсати берунии Русия Сергей Лавров омада буд ва он замон таъкид карда буд, ки сафари ӯ ба омодагиҳо барои сафари давлатии раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва ҳамчунин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ марбут аст.

Дидори ғайримунтазираи сарони кишварҳо ва набуди ҷузъиёти он баҳонае барои ба вуҷуд омадани овозаҳои гуногун дар бораи тавофуқоти ғайрирасмии президентҳо дар фазои иттилоотӣ гардид. Аз он ҷо, ки қаблан дар мавриди ин мулоқот иттилоъ дода нашуда буд, масоили омодагиҳо дар сатҳи комиссияи байниҳукуматӣ мавриди расидагӣ қарор гирифт.

"Эҳтимол Маскавро сарнавишти Атамбоев нигарон карда бошад"

Сиёсатшинос Марс Сариев тахмин мезанад, ки эҳтимол дорад ба Алмазбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон имкон даст додааст, то ба утоқҳои баланди Кремлин раҳ ёбад ва дар мулоқот аз ҷумла сарнавишти ӯ низ баррасӣ шуда бошад.

Сиёсатшинос Марс Сариев.
Сиёсатшинос Марс Сариев.

"Ҷээнбеков нигарон аст, ки дар баҳор шояд эътирозҳое аз сӯйи Отамбоев сурат бигирад, шояд ӯ талош бикунад, ки вазъро ноором кунад ва чун Русия ин шабу рӯзҳо ин ҷо бисёр ҳузури фаъол дорад, ин кор ба нафъи ӯ нахоҳад буд. Ӯ бидуни ин ҳам мушкилоти зиёде дорад, Украина, Венезуела, Арманистон”,-таъкид мекунад Сариев. Ба гуфтаи ӯ, муборизаҳо миёни нухбагон дар Қирғизистон ба Кремлин иҷоза медиҳад, ки дар ин сабқатҳо довар бошад ва ба нафъи худ судҷӯӣ кунад.

Ба ҷуз ин, сиёсатшинос таъкид мекунад, ки дастури кори равобити дуҷониба ҳамчунин яке аз масъалаҳои муҳими саҳҳомӣ кардани роҳҳои оҳани Қирғизистон буда, ки барои ин Маскав манфиатдор аст. "Агар Русия саҳмдори "Роҳҳои оҳани Қирғизистон" шавад, он вақт Пекин зимни амалӣ кардани тарҳи "Камарбанд ва роҳҳо" наметавонад танҳо бо ҷониби Қирғизистон гуфтушунид кунад ва зарур мешавад, ки бо Маскав ҳам ҳисобу китоб кунад. Аз ин рӯ, як муборизаи фаъоли геополитикӣ дар ҷараён аст",-бовар дорад коршинос.

Дидори сарони давлатҳо дар пасманзари қазияҳои додгоҳии марбут ба мансабдорони баландмақоми қирғиз сурат мегирад, ки замоне аз наздикони Атамбоев буданд. Алайҳи яке аз бонуфузтарини онҳо нахуствазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов бар асоси моддаи "фасод" айб эълон шудааст, ки маҳрум кардан аз озодиро ба муҳлати аз 15 то 20 сол пешбинӣ мекунад. Атамбоев дар як муроҷиати худ ин парвандаи ҷиноиро "сиёсӣ ва бидуни асос" номид.

Авлавияти сохтмонҳои низомӣ ва ҳамкориҳо дар доираи СҲШ

Аз 22 то 24 октябри соли 2018, мувофиқи иттилои давтари матбуоти ҲСДҚ Атамбоев ба Русия сафар карда буд, ки он ҷо дар Маҷмааи умумии Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсии осиёӣ ширкат карда буд.

Фаъоли сиёсӣ Одил Турдиқулов бо ин фикр, ки дар сафари президентҳо шояд сарнавишти Отамбоев баррасӣ шуда бошад, розӣ нест. Ӯ ба изҳороти Путин дар мавриди "сохту соз ва ҳамкориҳои низомӣ" мутаваҷҷеҳ шудааст ва таъкид мекунад, ки муҳимтарин масъалаи баррасишуда мавзӯи рушди муассисаи низомию саноатии муҷтамаи "Дастан", ки барои Қирғизистон дорои аҳамияти бузурги иқтисодӣ мебошад, будааст.

Фаъоли сиёсӣ Одил Турдиқулов.
Фаъоли сиёсӣ Одил Турдиқулов.

Шояд масъалаи марбут ба заводи "Дастан" яке аз мавзӯъҳое буда бошад, ки барои баррасияш раисҷумҳур маҷбур шуд, ки ба Сочи биравад. Дар баробари ин фаъоли сиёсӣ ба ин фикр розист, ки дар сафари анҷомшуда масоили пушиде ҳам баррасӣ шудаанд, ки дафтарҳои матбуотӣ ба он ишора накардаанд.

Саммити СҲШ ва эҳсосоти зиддичинӣ дар Қирғизистон

"Яке аз инҳо метавонад саммити пешорӯи СҲШ дар Бишкек буда бошад, ки моҳи июн баргузор мешавад ва яке аз ҳодисаҳои бузург аз замони ба қудрат расидани Ҷээнбеков мебошад. Бо дар назар гирифтани эътирозҳои зиддичинӣ, баъзе хатарҳои хоси лағв шудани ин маърака вуҷуд дорад",- тахмин мезанад фаъоли сиёсӣ. Ӯ таъкид мекунад, ки чунин сурати раванди ҳодисаҳо метавонист ҳам ба обрӯи Маскав ва ҳам Пекин, ки ин созмонро таъсис кардаанд, латма бизанад.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз охирҳои моҳи декабри соли 2018 дар Бишкек се эътирози оммавии зидичинӣ баргузор шуд, ки дар онҳо мӯътаризин талаб карданд, ки шаҳрвандони ғайрирасмии Чин аз кишвар ихроҷ карда шаванд.

Раисҷумҳур Сооронбой Ҷээнбеков 9-уми январ ба таври расмӣ ин гуна рӯҳияро маҳкум кард ва онҳоро иғвоандозӣ номида гуфт, ки пушти инҳо нерӯҳои дохилие истодаанд, ки ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар маҷмӯъ, дастури кори равобити дуҷонибаи кишварҳои минтақа, дар бештари маврид табиати маҳрамона доранд. Дар мавриди ҷузъиёти дидори сарони давлатҳо дафтарҳои матбуотӣ дар ин гуна ҳолатҳо иттилооти бисёр умумӣ ва заъиф медиҳанд. Ва ин коршиносон ва рӯзноманигоронро маҷбур мекунад, ки дастури кори маҳрамонаро бар асоси масъалаҳои доғи равобити дуҷониба ба таҳлил бигиранд.

Сафари давлатии пешорӯйи Путин ба Қирғизистон дар поёни моҳи марти соли 2019 сурат мегирад. Аз рӯи маълумоти дастгоҳи президенти Қирғизистон, дар поёни сафар сарони Русия ва Қирғизистон интизор меравад, ки 15 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои низомӣ, иқтисодӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамкориҳои хориҷӣ ба имзо бирасад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG