Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар "Paris Grand Slam 2019" ноком шуданд


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо «Paris Grand Slam 2019» («Тоскӯлоҳи бузург»), ки рӯзҳои 9-10-уми феврал дар маҷмааи универсалии "AccorHotels Arena"-и шаҳри Парижи Фаронса доир гардид, ба нокомӣ рӯбарӯ шуданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чор варзишгар дохил буд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд: Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) ва Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг).

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар «Paris GrandSlam 2019» 570 варзишгар (334 мард ва 236 зан) аз 97 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат дошт.

Зимнан, мусобиқоти мазкур дар Париж баъди Гран-прии Тел-Авив (Исроил) дувумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор мерафт. «Paris GrandSlam», ки барои бори 45-ум баргузор шуд, мақоми мусобиқоти ғайрирасмии қаҳрамонии ҷаҳонро дорад.

Рӯзи шанбе, 9-уми феврал, занон дар чор вазн – 48, 52 , 57, 63 кг – ва мардон дар се вазн – 60, 66, 73 кг – рақобат карданд. Рӯзи якшанбе, 10-уми феврал, барандагони медалҳо дар се вазн - 70, 78, +78 кг - миёни занон ва дар чор вазн - 81, 90, 100, +100 кг – байни мардон маълум шуданд.

Ду гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - рӯзи шанбеи 9-уми феврал дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило қувваозмоӣ карданд. Беҳрӯз дар даври аввал бар Ёунис Эял Слман (Урдун) ғолиб шуд (4:00, ваза – ари). Вале дар даври дувум аз Георгиос Азоидис (Юнон) мағлуб гашт ((4:00, ваза – ари).

Сомон низ дар даври аввал пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ бар Сам Ван Т Вестенде (Нидерланд) ғолиб омад (0:56, иппон). Вале дар даври баъдӣ аз Соичи Ҳашимото (Ҷопон) шикаст хӯрд (3:31, иппон). Дарвоқеъ, Ҳашимото, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Тсогтбаатар Тсенд Очир (Муғулистон) ғалаба кард, мақоми аввлро касб намуд.

Ду паҳлавони дигари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – рӯзи якшанбеи 10-уми феврал вориди рақобатҳо шуданд. Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ қувваозмоиро ба Ҳусейн Холмурзаеви русиягӣ бохт (2:48, иппон). Саидҷалол бошад, дар вазни зери 100 кило дар даври аввал аз Бенҷамин Флетчер аз Ирландия шикаст хӯрд (1:41, иппон).

Ба ин тартиб, кори ҳарчор гуштигири тоҷик дар ин мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ барор нагирифт ва онҳо аз аз шаҳри Париж бе медал бармегарданд.

Дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо «ParisGrand Slam 2019» инҳо ғолиб шуданд: Наоҳиса Такато (Ҷопон, -60 кг), Денис Виеру (Молдова, -66 кг), Соичи Ҳашимото (Ҷопон, -73 кг), Доминик Рессел (Олмон, -81 кг), Донгҳан Гвак (Кореяи Ҷанубӣ, -90 кг), Варлам Липартелиани (Гурҷистон, -100 кг), Сунгмин Ким (Кореяи Ҷанубӣ, +100 кг).

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби панҷ медали тилло, се нуқра ва ҳафт биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Фаронса бо касби ду медали тиило, як нуқра ва ду биринҷӣ ҷойгоҳи дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби ду медали тилло ва се биринҷӣ ҷойгоҳи севумро ишғол карданд.

Маблағи бунёди ҷавоизи мусобиқот 154 000 доллари ИМА-ро ташкил медод. Ба ғолибон ва ҷоизадорон мукофотпулӣ ба таври зайл тақсим шуд: ҷойи 1-ум - 5000 доллар, ҷойи 2-юм - 3000 доллар, ҷойҳои 3-юм – 1500-долларӣ.

Инчунин ширкаткунандагони мусобиқоти байналмилалии ҷудо «Paris Grand Slam 2019», соҳиби имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 гаштанд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, барои медали нуқра 700 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 500 имтиёз дода шуд.

XS
SM
MD
LG