Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондон 650 ҳазор доллари писари нахуствазирро ҳабс кард. ВИДЕО


Владимир Филат соли 2016 ба 9 соли зиндон маҳкум шуд
Владимир Филат соли 2016 ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар Бритониё амр кард, ки 650 ҳазор доллари писари собиқ нахуствазири Молдова Владимир Филат дар чаҳорчӯби таҳқиқоти Оҷонсии ҷиноятҳои Бритониё ҳабс мешавад. Ин оҷонсӣ рӯзи 7 феврал гуфт, ки Лука Филат барои иҷораи як пентҳаузаш дар ғарби Лондон 500 ҳазор доллар пешпардохт додааст. "Ин маблағ дар паи фаъолиятҳои ғайриқонунии падараш” ба даст омадааст, гуфтааст оҷонсӣ.

Владимир Филат соли 2016 бо қарори додгоҳе дар Молдова ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯро ба он гунаҳгор карданд, ки дар давоми кораш ба ҳайси нахуствазир солҳои 2009 то 2013 дар нопадид шудани 1 миллиард доллари бонкҳои Молдова даст задааст. Пулҳои гумшуда ба 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Молдова баробар аст.
Лука Филати 22-сола дар он муттаҳам мешавад, ки баъди ба хотири таҳсил ба Лондон кӯчиданаш зиндагии шик дошта моли гаронбаҳо мехарид ва аз ҷумла арзиши мошини Bentley-и ӯ 259 ҳазор доллар буд.
Оҷонсӣ мегӯяд, бо ин ки Лука Филат манбаи сабтшудаи даромади молӣ надорад, ба се ҳисоби бонкии ӯ аз ширкатҳои воқеъ дар Туркия ва Ҷазираҳои Кайман пулҳо ворид мешавад.

Пули бедардимиён на ба сарвазири собиқ насиб кард, на ба писараш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Ин пулҳо ҳанӯз моҳи маи соли 2018 масдуд шуда баъди ин таҳқиқи манбаи воридшавии онҳо шурӯъ шуд. Дар ҳукми додгоҳии рӯзи 7 февралаш додрас Майкл Сноу гуфт, ки баъди таҳқиқу таҳлил ба ин натиҷа омадааст, ки пулҳо дар натиҷаи фаъолиятҳои ҷиноии падари ин ҷавон ба даст омадааст.

Бар асоси қонуни соли 2017 дар бораи дороиҳои машкук, Бритониё ҳақ дорад хориҷиҳоро ҳам аз назари фасоду даромадҳои молии сабтнашуда таҳқиқ кунад. Нахустин нафаре, ки мавриди ҳадафи ин қонун қарор гирифт, ҳамсари бонкдори собиқи Озарбойҷон Замира Ҳоҷиева мебошад. Ҳоҷиева ҳоло талош дорад ба Озарбойҷон истирдод нашавад, чун дар ватанаш дар ду парвандаи марбут ба тақаллуб гумонбар мешавад. Ҳамсари Ҳоҷиева ҳам мӯҳлати 15-солаи зиндонро пушти сар мекунад. Ҳоҷиевҳо ин иттиҳомотро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG