Мушфиқ Байрам, Форуми 18
Тоҷикистон эълом дошт, ки соли 2017 дар кишвар тақрибан ду ҳазор масҷид баста шуд. Ба иддаои масанбдорон, фаъолияти аксари масоҷид бо талаби мардуми маҳаллӣ қатъ карда шудааст. Аммо онҳо аз посух ба суоле, ки чаро фақат ба масоҷид бо теъдоди ками намозгузорон иҷозаи фаъолият доданд, сарпечй мекунанд.
5 феврали соли 2018 Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон хабар дод, ки соли 2017 дар кишвар 1938 масҷиди ғайриқонунӣ баста ва ба макони истироҳати мардум табдил дода шуданд. Аммо ҳомии ҳуқуқи башар Файзиниссо Воҳидова ба иддаои Кумитаи дин, ки масоҷид ғайриқонунӣ буданд, розӣ нест. Ӯ қамчунин изҳор намуд, ки масъулони масоҷиди басташуда ба ҷое шикаоят набурданд ва кӯмак барои дифоъ аз ҳуқуқи худ дар додгоҳро рад намуданд. «Фикр мекунам, ки онҳо аз шикоят бурдан метарсиданд», гуфт Файзиниссо Воҳидова дар сӯҳбат бо Форуми 18.
Дар нишастҳои хабарие, ки аввалҳои моҳи январ дар манотиқи Тоҷикистон баргузор шуданд, сабабҳои гуногуни баста шудани масоҷидро номбар карданд. Бигирем, дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки масоҷид бо талаби мардум баста шудаанд. Аммо онҳо суоли Форуми 18- ро дар мавриди он ки чаро фақат масоҷид бо теъдоди ками намозгузорон иҷозаи фаъолият доранд, бидуни ҷавоб гузоштанд.
Мақомот аксар вақт аз посух ба суолҳо дар робита ба баста шудани масоҷид худдорӣ мекунанд. Як масъули Кумитаи дин баъд аз шунидани суоли хабарнигори Форуми 18 дар он бора , ки чаро миқдори зиёди масҷидҳо баста шуданд, гӯширо гузошт. Баъдан аз гӯшӣ фақат садои сабтшудаи зане баланд мешуд: «Шумо кӣ ҳастед, чаро занг мезанед, ин чӣ аҳмақӣ аст, ки мекунед?”. Як рӯз баъд дар телефон ҳамин сабт бо садои мардона шунида мешуд.
Даниил Исломов, пайрави созмони масеҳии “Шоҳидони Яҳво”, ки бо ҷурми саркашӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ дар артиш моҳи октябри соли 2017 ба шаш моҳи маҳбас маҳкум шуда буд, бори охир аз Додгоҳи Олӣ хостори лағви ҳукм шуд.
28 ноябр Додгоҳи Олӣ қарор кард, ки парвандаи ӯ барои бозбинӣ ва “ислоҳи иштибоҳ” ба додгоҳ баргардонида шавад. 5 октябр Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба ҳабсу боздоштҳои ғайриқонунӣ аз давлати Тоҷикистон хост, ки Исломовро бидуни таъхир аз маҳбас озод кунад. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин талабро нодида гирифтанд.
Идомаи иҷборан бастани масоҷид
Дар Тоҷикистон озодиҳои мазҳабӣ поймол мешаванд ва, ба вижа, мусалмонҳо таҳти назорати давлат қарор дошта, барояшон маҳдудиятҳо эҷод шудааст. Гуфта мешавад, ки дар масоҷиди иҷозаи фаъолият дошта маҳдудятҳои зиёд ҷорӣ шудаанд. http://www.forum18.org/archive.php?article_id=2138
Давлат ба таври иҷборй бастани масҷидҳоро идома медиҳад. Ҳамзамон назорат аз болои масҷидҳое, ки мақомот ба фаъолияташон иҷоза додаанд, пурзӯртар мешавад. http://www.forum18.org/archive.php?article_id=2175. Мансабдорон афроди ришдор ва занҳои ҳиҷобпӯшро таъқиб мекунанд. http://www.forum18.org/archive.php?article_id=2301
Дар вилояти Суғд дар се мурофиаи додгоҳӣ ҳадди аққал нӯҳ имом-хатиб ва як табиби маъруфи бемориҳои дил маҳкум ба зиндон шуданд. Додгоҳ ҳамаи онҳоро ба мӯҳлати беш аз панҷ сол равонаи зиндон кард, Мақомот аз шарҳи ҷурми онҳо сарпечӣ мекунанд. http://www.forum18.org/archive.php?article_id=2336
Вуруди тағйирот ба Қонуни дин дар соли 2018 боиси афзоиши маҳдудҳои мазҳабӣ гардид. Акнун давлат ҳақ дорад озодиҳои диниро дар қаламрави густурдатар маҳдуд созад, талабот аз созмонҳои динӣ бештар шуд, имом-хатибҳо бояд бо ризояти мақомоти давлатӣ таъин шаванд, давлат назорат аз болои таълимоти динӣ дар манзил ва омӯхтани илми фиқҳ дар хориҷи кишварро пурзӯртар кард. Тағйиру иловаҳо ба Қонуни дин имкони ташкили масҷид барои он қишри ҷомеъаро сангинтар намуд, ки суннӣ ваё пайрави мазҳаби ҳанафӣ, ягона мазҳаби дар кишвар эътирофшуда, нестанд. http://www.forum18.org/archive.php?article_id=2354
Маъракаи бастани масҷидҳо идомаи равандест, ки замони як бахши Иттиҳоди шӯравӣ будани Тоҷикистон шурӯъ шуда буд. Дар он давру замон дар ҳама қаламрави шӯравӣ масҷиду ибодатгоҳҳо баста ва биноҳои онҳо дар ихтиёри муассисаҳои дунявӣ гузошта шуданд.
Тақрибан 2 ҳазор масҷид дар ихтиёри муассисаҳои дунявӣ
5 феврали соли 2018 Ҳусейн Шокиров, роҳбари раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2017 ҳамаи 1938 масҷиди ғайриқонунӣ бунёдшуда ба марказҳои фарҳангиву тиббӣ, кудакистону чойхона табдил ёфтанд. Ӯ афзуд, ки ба 231 масҷид барои таҳияи аснод вақт дода шуд. Масҷидҳои басташуда, ба иддаои Ҳусейн Шокиров, санади замин надоштанд ё расман сабти ном нашуда буданд, навиштааст нашрия Азия плюс 5 феврал. Гуфта мешавад, ки инҳо баҳонаҳои аслӣ барои бастани масҷидҳоянд. http://www.forum18.org/archive.php?article_id=2138
Файзиниссо Воҳидова, ҳомии ҳуқуқи башар ҳам 20 феврал дар сӯҳбат бо Форуми 18 гуфт, мақомот аксар вақт баҳона пеш меоваранд, ки масҷидҳои басташуда санади Кумитаи далватии замин ва ё Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро надоштанд. Аммо, ба гуфтаи Воҳидова, ин далел мӯътамад нест, зеро бидуни иҷозаи кумитаи замин ва кумитаи дин шурӯи бунёди масҷид ғайримумкин аст. Дар акси ҳол мақомот ин биноҳоро хело барвақттар мебастанд, мегӯяд ҳомии ҳуқуқи башар. Ӯ ба он нукта ишора кард, ки баъзе аз масҷидҳои басташуда беш аз 50 сол пеш, яъне ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд шуда буданд. Файзиниссо Воҳидова таъкид мекунад, Кумитаи давлатии замин ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ муваззафанд, ки ба ҷамоаҳои мусалмонон асноди заруриро барои бунёди масҷид ироа кунанд ва набояд интизори дархости онҳо дар ин замина шаванд.
Фазои олудаи тарс
Аксари мардум аз сӯҳбат дар робита ба маҳдудият дар озодиҳои мазҳабӣ ва нақзи дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ парҳез мекунанд, зеро аз муҷозот аз сӯи давлат ҳарос доранд. http://www.forum18.org/archive.php?article_id=2138
Ҳомии ҳуқуқи башар Воҳидова изҳор намуд, ӯ дар бораи масҷидҳои зиёде иттилоъ дорад, ки баста шуданд, вале масъулонашон ба ҷое шикаоят набурданд ва ҳатто кӯмак барои дифоъ аз ҳуқуқи худ дар додгоҳро рад намуданд
«Фикр мекунам, ки онҳо аз шикоят кардан метарсиданд», гуфт Файзиниссо Воҳидова дар сӯҳбат бо Форуми 18.
Дар нишастҳои хабарии аввалҳои моҳи январ дар манотиқи Тоҷикистон доиргашта сабабҳои гуногуни баста шудани масоҷид номбар шуданд. Бубинем, ки дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли Тоҷикистон далели баста шудани масоҷид чӣ буд.
Исфара: "Масоҷид ба меъёрҳои беҳдоштӣ мутобиқ набуданд"?
24 январ Дилшод Расулзода, раиси вақти шаҳри Исфара дар нишасти хабарӣ эълом дошт, ки 45 масҷид бо далели номутобиқатӣ ба меъёрҳои беҳдоштӣ баста шуданд. Ба гуфтаи ӯ, мардуми маҳаллӣ талаб намуданд, ки ин масҷидҳо дар ихтиёри муассисаҳои ғайридинӣ гузошта шаванд. Аммо имоми собиқи яке аз масҷидҳои иҷборан басташуда 21 феврал ба мо гуфт, ки акнун намозгузорон мачбуранд барои ибодат ба масҷиди дигар маҳалла раванд. Ба гуфтаи ӯ, барои бисёриҳо субҳи барвақт ё бо фарорасии шом тай намудани чанд километр роҳи торик хело сангин аст. Зимнан, масчиди басташуда замони шӯравӣ бунёд шуда буд.
Дилшод Расулзода, ки аз ташреҳи вазъ барои Форуми 18 сарпечй кард, баъди чанд муддат аз мақом барканор шуд. Сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара Иқбол Тешаев рӯзи 20 феврал ба Форуми 18 гуфт, ки барканории раиси шаҳр бо баста шудани масоҷид рабте надорад. Ӯ аз сӯҳбат дар бораи масоҷиди басташуда сар печид ва аммо гуфт, ки айни ҳол дар ноҳия 100 масҷиди панҷвақта фаъол аст.
Масоҷиди панҷвақта дар маҳаллаҳое бунёд мешаванд, ки теъдоди сокинонашон аз сад то ҳазор нафар аст. http://www.forum18.org/archive.php?article_id=1553
Чун теъдоди аҳолии Исфара беш аз 250 ҳазор нафар аст, хабаригори Форуми 18 аз Иқбол Тешаев суол кард, ки агар шумораи бештари мардум, бигирем 10 ҳазор нафар дар як масҷид намоз гузоштанӣ бошанд, онҳо чӣ бояд кунанд? Тешаев аз посух ба суол ва аз идомаи сӯҳбат бо Форуми 18 сарпечй кард.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Мардум хостори бастани масоҷид шуданд?
Зариф Вализода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30 январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар соли 2017 дар ноҳия 46 масҷиди ғайриқонунӣ баста шудаанд. Баъзе аз масҷидҳо дар масофаи ҳамагӣ 50 метр дуртар аз ҳамдигар бунёд шудаанд, изҳор намуд раиси ноҳия. Ӯ ҳам таъкид намуд, ки мардум талаб намуданд то ин масҷидҳо дар ихтиёри муассисаҳои ғайридинӣ вогузошта шаванд.
Зариф Вализода рӯзи 20 феврал дар посух ба суоли Форуми 18, ки бо кадом далел масоҷид ғайриқонунӣ дониста шуданд, изҳор намуд: “Ман ҳеҷ гоҳ нагуфтам, ки онҳо ғайриқонуниянд”. “Пас чаро онҳо баста шуданд?” пурсидем аз ӯ. Вализода гуфт, ки мо масҷидҳоро бастанӣ набудем, аммо мардуми маҳаллӣ хоҳиш карданд, ки онҳоро дар ихтиёри дигар муассисаҳо гузошта, барои дигар аҳдоф истифода барем”. Раиси ноҳия ҳамчунин изҳор намуд, теъдоди намозгузорон дар масоҷиди басташуда аз 30 нафар бештар набуд. Бояд гуфт, ки мақомот аксар вақт ҳамин далелро пеш меоваранд. http://www.forum18.org/archive.php?article_id=1032).
"Масҷидҳоро чаро мебанданд?" "Ин чӣ аҳмақӣ аст, ки мекунед?”
Мақомот аксар вақт аз сӯҳбат дар робита ба баста шудани масоҷид худдорӣ мекунанд. Ҳусейн Шокиров, як масъули Кумитаи дин рӯзи 19 феврал баъд аз шунидани суоли хабарнигори Форуми 18 дар он бора, ки чаро миқдори зиёди масҷидҳо иҷборан баста шуданд, гӯширо гузошт. Баъдан аз гӯшӣ фақат садои сабтшудаи зане баланд мешуд: «Шумо кӣ ҳастед, чаро занг мезанед, ин чӣ аҳмақӣ аст, ки мекунед?”. Рӯзи 20 феврал аз телефони Шокиров ҳамин сабт бо садои мардона шунида мешуд.
Абдураҳмон Мавлонов, ҳуқуқшиноси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 15 феврал аз сӯҳбат дар робита ба баста шудани масҷидҳо сарпечӣ кард. Телефони ӯ то рӯзи 19 феврал хомӯш буд.
Моҳи октябри соли 2017 як навори видеоӣ дастраси Форуми 18 шуд, ки дар он Шокирҷон Холдоров, намояндаи маҳаллии Кумитаи дин талаб мекард то масҷид баста шавад. Ҳозирин дар ин баҳс иддао доранд, ки Холдоров маст буд. Холдоров ба имом ва намозгузорон бо алфози қабеҳ таҳдид кардааст. “Ман шуморо шаш моҳ боз ҳушдор медиҳам. Агар масҷидро набандед, ман шуморо салафӣ эълон мекунам ва ҳамаатон зиндонӣ хоҳед шуд”, мегӯяд Холдоров.
Сомонаи Еввразиянет 5 феврали соли 2018 хабар дод, ки масҷид баста шуд ва Холдоров барои рафтораш танбеҳи лафзӣ гирифт.