Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия бозии контролиро бо ҳайати ҷавонони бошгоҳи ССКА-и Маскави Русия бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Бозии санҷишии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) муқобили ССКА (U-21) рӯзи чоршанбеи 6-уми феврал дар варзишгоҳи «Эвренсеки»-и Анталия баргузор шуд. Ба голи низомиён дар ибтидои бозӣ, бозигари мунтахаби олимпии Тоҷикистон Сорбон Авғонов, ки дар нимаи дувуми дидор ба майдон омад, посух дод.
Бозии контролӣ
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – ССКА (U-21, Москва, Русия) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Сорбон Авғонов.
Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Алишер Баротов, Доробҷон Эргашев, Ҳусейн Нурматов, Отабек Каримов, Далер Ёдгоров (Сорбон Авғонов, 77), Шервонӣ Мабатшоев, Алишер Мирзоев (Саидмухтор Азимов, 82), Кароматулло Саидов (капитан), Шарафҷон Солеҳов, Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 77).
6-уми феврал. Манавгат, Анталия. Варзишгоҳи «Эвренсеки». 50 тамошобин.
Бояд гуфт, ки сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия бозигарони тимҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Металлург»-и Бекободро даъват накардааст. Зеро ки дар ҳамин ҳол ҷамъомади таълимиву тамринии ҳарду даста дар Туркия ҷараён дорад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби олимпии кишвар дар шаҳри Анталия то рӯзи 15-уми феврал идома хоҳад кард.
Футболбозони ҷавони тоҷик дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар Анталия боз ду бозии контролӣ анҷом медиҳанд. Онҳо рӯзи 11-уми феврал бо ҳамсолони худ аз Камерун бозии санҷишӣ барпо мекунанд. Рақиби мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии севуми санҷишӣ баъдтар маълум хоҳад шуд.
Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22-юм то 26-уми март дар шаҳри Тошканд барпо мегардад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат хоҳанд кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Хатлон»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фирӯз Назаров (Академияи футболи ФФТ);
Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Пандҷшер»), Алишер Баротов («Хатлон»), Доробҷн Эргашев (ССКА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров (ҳарчор – «Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Мирзоев («Сперанса», Молдова), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов, Далер Ёдгоров, Шервонӣ Мабатшоев, Саидмухтор Азимов (ҳарчор – «Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).
Сармураббӣ - Усмон Тошев.
Охир гуломи рус гаштаем намехохем русро ранчонем
Боз ба такрор мегуям ки гардиш ва хариду фуруши махсулоти аввалия ва ахамияти стратеги дошта (орд, гандум, равган, шакар, сузишвори) бояд сад дар сад дар монополияи давлат бошад. ако гапатон сад поз дуруст, енду ба пикри ма хамин гуптагихои худуш хамаш дар манаполияи давлат аст ку ё ба пикри шумо "Фароз" давлат не ми?
Ман мизочи депозитии Точиксодиротбонки Точикистон хастам. Аз соли 2015 инчониб наметавонам пулхои дар ин бонк гузоштаамро бозпас гирам.Аз 21.05.2021 ин бонк бо карори Бонки Милли Точикистон муфлисшуда эълон шуд, ва Мудири Махсус дар ин бонк таъин карда, масъулини бонк гуфтанд, ки дар мудати кутох амволхои бонкро фурухта пасандозхоятонро бармегардонанд.Аммо бо гузашти як сол то ба хол фуруши амволхоро огоз накардаанд, ва раванди бархамдихии бонк бенихоят суст рафта истодааст. Агар бо чунин суръат раванди бархамдихии бонкро идома диханд дахсолахои дигар лозим мешавад, ки пасандоздорон пулхояшонро бозпас гиранд.Ин усули бархамдихии бонк мо пасандоздоронро сахт нигарон карда аз такдири норушани пасандозхоямон дар ин бонк гамгин хастем. Аз ин лихоз аз шумо мухтарам кормандони Радиои Озоди эхтиромона хохиш менамоям, ки як барномаи махсус оиди пасандозхои мардум бо мудири махсуси Точиксодиротбонк мусохиба мегузаронидед то ин ки мо бидонем ки такдири норушани пасандозхоямон чи мешавад. Хохиш мекунам ки чунин саволхоро ба мудир дихед: 1. Бинои асосии бонк ва бинои мехмонхона ки ба фуруш гузошташудаанд оё маблаги ин бинохо баъди фурухта шуданашон пасандозхои мардумро медиханд ё дигар карзхояшонро медиханд? 2. Амволхои пурраи бонкро кай ба фуруш мегузоранд? 3. Чаро як сол гузаштааст аз бархам додани бонк то хол амволхои бонк ба фуруш гузошта нашудаан?
Причём здесь Худжанд. Таъриха хон баъдан дар бораи савод минтакахо гап зан. Такаббур ин саводноки нест. Саводноки ин донистан ва ба чомеъа манфиат расондан аст.
Сирри давлатиям як сиёсати хирадмандона аст. Мисли суд паси дархои сварка кардаги