Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон парвандаи фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкекро ба Додситонии кулли ин кишвар фиристод. Дар ин бора вакили дифои яке аз гумонбарон ва сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов хабар дод. Ба гуфтаи вакили дифоъ Нурбек Токтакунов, Додситонии кулли Қирғизистон бояд давоми панҷ рӯз айбномаро тасдиқ ва эълом кунад. Сипас парванда ба додгоҳ ирсол мешавад ва додгоҳ низ дар навбати худ бояд давоми даҳ рӯз нахустин мурофиаро баргузор намояд. Токтакунов изҳор дошт, ки ба иллати камии муҳлат наметавонад бо тамоми маводи парванда ошно шавад, чун он аз 53 ҷилд иборат аст. Кумитаи амнияти Қирғизистон Исҳоқовро 5 июни соли гузашта бо ҷурми фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи "Бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек" дастгир кард. Ӯ дар он айбдор мешавад, ки ҳангоми раҳбари шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент будан аз манфиатҳои ширкати хориҷӣ ҷонибдорӣ кардааст. Худи Исҳоқов ин гумонро рад мекунад.