Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толори консерти Остонаро "эътирози худҷӯши модарон" фаро гирифт. ВИДЕО


Садҳо сокини шаҳри Остонаи Қазоқистон, ки аксарашон модарони серфарзанд буданд, рӯзи 6 январ дар маркази Остона ҷамъ омада, беҳсозии шароити зисту зиндагиашонро талаб карданд. Қисме аз онҳо дар толори консерти "Остона" гирди ҳам омаданд.

Мулоқоти шаҳрвандон бо афроди расмӣ ба ҷамъомади худҷӯш табдил шуд. Даҳҳо зан ба саҳна баромада, талабҳояшонро баён карданд. Таъмини манзил, фарогирии кӯдакон дар боғчаҳо, афзоиши кумакҳои моддӣ ва беҳсозии шароити зиндагонӣ - аз талабҳои асосии модарон буд. Бархе аз дигар ҷамъомадагон истеъфои вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро талаб карданд.

Ҳокими шаҳри Остона Ермек Амоншоев, ки дар ҷамъомад ҳузур дошт, сокинонро ба эътидол даъват ва ваъда дод, ки талабҳои онҳо "дар асоси қонун" баррасӣ хоҳанд шуд. Намояндагони додситонӣ ва вазорати меҳнату ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар толор ҳузур доштанд.

Модарони серфарзанд ҳамчунин муроҷиаташонро ба президент ва ҳукумати Қазоқистон баён карданд. Дар ин муроҷиат низ беҳсозии шароити зиндагӣ зикр шудааст.

Модарони серфарзанд дар пайи марги 5 кӯдаки як хонавода дар асари сӯхтори рӯзи 4 феврал гирди ҳам омаданд. Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе даҳҳо сокин дар бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ шуданд.

Дар Конститутсияи Қазоқистон омадааст, ки "ақди никоҳ ва хонавода, модарӣ, падарӣ ва даврони кӯдакӣ таҳти ҳимояти давлат аст".

XS
SM
MD
LG