Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд бо катибаи муҳаббат чӣ карданд? ВИДЕО


Маъмурони милисаи шаҳри Хуҷанд афродеро ҷустуҷӯ доранд, ки катибаи "I love Khujand"-ро бо хости худ "таҳрир" кардаанд. Мақомот мегӯянд, баъзе аз ҷавонҳо дар ин катиба, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, номи худ ва дӯстдоштаашонро навиштаанд. Дар идораи фарҳанги ҳукумати шаҳри Хуҷанд рӯзи 6-уми феврал ин ҳодисаро таассуфбор хонда ва гууфтанд, ки гунаҳкор бояд пайдо ва ҷарима шаванд.

Ҳоло дар аксар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон катибаҳоеро гузоштаанд, ки арзи муҳаббати сокинонро ба шаҳрашон нишон медиҳад. Ва ҷойгоҳе барои акс гирифтан ва тамошо низ ҳаст. Катибаи "Ман Хуҷандро дӯст медорам" моҳи ноябри соли 2018 дар маркази шаҳр насб шуд ва пули онро соҳибкори маҳаллӣ дод.

Ин катибаро чӣ гуна таҳрир кардаанд ва номи киҳо дар он ҷо навишта шудааст, дар ин навори видео бубинед:

Дар Хуҷанд бо муҳаббат чӣ карданд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG