Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров ба Душанбе омад


Дар "Кохи Миллат" аз субҳи 5-уми феврал музокироти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия идома дорад. Вафо Ниятбеков, роҳбари бахши иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷаноби Лавров шоми гузашта ба Душанбе расид ва ҳоло бо роҳбари Тоҷикистон мулоқот мекунад. Баъд аз анҷоми ин мулоқот музокироти Сергей Лавров бо Сироҷиддин Муҳиддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст. Дар поёни ин мулоқот ҳар ду вазири Тоҷикистону Русия ба саволҳои хабарнигорон посух хоҳанд дод.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дода буда, ки дар мулоқоти Сергей Лавров бо мақомоти тоҷик масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши сиёсиву амниятӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва чорабиниҳои марбут ба дидорҳои сиёсии мақомоти баландпояи ду кишвар баррасӣ мешаванд.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия "мулоқоти Сергей Лавров бо президенти Тоҷикистон ва роҳбари Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар назар аст. Ҷонибҳо ҷараёни омодагӣ барои дидору мулоқот дар сатҳи олии ду кишварро бо назардошти нақши муҳими Тоҷикистон дар СПАД ва сарҳади тӯлониаш бо Афғонистон, баррасӣ мекунанд".

Зимнан, Сергей Лавров баъд аз анҷоми сафараш ба Қирғизистон шоми 4 феврал аз Бишкек вориди Душанбе шуд. Хабаргузории Sputnik аз қавли Сергей Лавров дар Бишкек навиштааст, Русия омода аст ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ ҳамроҳ шавад. "Ширкатҳои мо омодагии худро барои пайвастан ба лоиаҳои CASA-1000 ва ТАПИ, ки аз лиҳози энержӣ ҷолибанд, дар марҳалаи аввали татбиқи ин лоиҳаҳо эълон дошта буданд. Онҳо гуфта буданд, ки дар сурати манфиатдории кишварҳои дахлдор омода ҳастанд ба ин лоиаҳо ҳамроҳ шаванд",- гуфтааст Сергей Лавров.

Тарҳҳои CASA-1000 интиқоли нерӯи барқи изофӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад. Пешбинӣ шудааст, ки 70% интиқоли қувваи нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон сурат хоҳад гирифт. Дар маҷмӯъ, тавассути ин хатти интиқоли нерӯи ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард кВт/с нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Тарҳи ТАПИ бошад сохтмони хатти лӯлаи гази табиии дарозиаш 1735 километр аз Туркманистон ба Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон бо зарфияти солонаи интиқоли то 33 млрдметри мукааб гази табииро дар назар дорад. Маблағи иҷрои ин тарҳ $8 -10 млрд арзёбь мешавад.

XS
SM
MD
LG