Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик бо гумони бемории сурхакон бистарӣ шудаанд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар миёни 23 нафар аз муҳоҷирони корӣ, ки бо гумони гирифторӣ ба бемории сурхакон дар як шифохонаи Маскав бистарӣ шудаанд, ду муҳоҷири кории тоҷик низ ҳаст.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 4-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки кормандони хадамот бо ҳарду муҳоҷир суҳбат кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони вазорат ба шифохонаи бемориҳои сироятии рақами 2 дар Маскав рафта ва бо муовини сартабиб дар бораи сирояти беморӣ суҳбат доштаанд.

Наталя Светкова табиби рус ба намояндагони хадамот гуфтааст, ки дар умум 23 коргари ширкати сохтмонии “Ант Япи” бо аломатҳои бемории сурхакон бистарӣ шудаанд ва фақат 2 нафари онҳо муҳоҷирони тоҷик ҳастанд.

Азбаски аёдати онҳо мумкин нест, ба мақомоти Тоҷикистон иҷоза додаанд, бо онҳо телефонӣ суҳбат кунанд. Натиҷаҳои ташхиси ниҳоӣ ҳоло маълум нест. Сурхакон бемории сироятии хатарнок аст, вале муолиҷа дорад. Ба гуфтаи табибон, дар сурати таъхир дар табобат метавонад, беморро бикушад.

XS
SM
MD
LG