Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, Зайд Саидовро озод намекунанд. ВИДЕО


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди тавсияи Созмони Милали Муттаҳид барои озод кардани Зайд Саидов, тоҷири шинохта ва вазири собиқи саноат, ӯ дар зиндон мемонад.

Шермуҳаммади Шоҳиён, рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бо тақозои Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал барои озодии Зайд Саидов "розӣ шуда наметавонад", чун ба қавли ӯ, мақомоти тафтишотӣ иттиҳомот ба зидди тоҷири шинохтаро собит кардаанд".

Гузориши видеоиро дар ин ҷо тамошо кунед:

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, Зайд Саидовро озод намекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

"Розӣ шуда наметавонам"

"Мурофиаҳои додгоҳӣ ҳатто махфӣ сурат гирифт, чун онҷо гап дар бораи таҷовуз ба номус ҳам буд. Аз ин рӯ, гуноҳи Зайд Саидов дар содир кардани як қатор ҷиноятҳо бо далелҳои бебаҳс исбот шудааст ва ҳукми Додгоҳи олии давлати мустақил баромадааст. Бо тавсияи созмонҳои байналмилалие, ки онро масъалагузорӣ мекунад, ки ҷинояткор аз ҷазо озод карда шавад, ҳеҷ розӣ шуда наметавонам", - гуфт ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи парвандаи Зайд Саидов.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ тобистони соли 2018 баъди баррасии шикояти наздикони Зайд Саидов гуфт, мақомоти Тоҷикистон ҳангоми мурофиаи вазири собиқ, бисёре аз меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи сиёсӣ ва маданиро риоят накардаанд.

СММ аз Тоҷикистон чӣ хост?

Кумита парвандаи Зайд Саидовро аз моҳи апрели соли 2015 ва тақрибан се сол таҳқиқ кардааст. Дар хулосаи коршиносони кумита омадааст, ки ҳуқуқи Зайд Саидов ба муҳокимаи одилона, озодии фардӣ ва эътиқод зери пой шудааст ва ҳукумат бояд ин хатоҳои худро ислоҳ кунад.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад.

Кумита аз ҳукумат хоста буд, ки Зайд Саидовро дар муддати 180 рӯз аз зиндон раҳо кунад ва ба ӯ ҷуброн бипардозад.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, тақозои Созмони Милал тавсиявӣ аст ва Тоҷикистон ҳақ дорад, ин тавсияро иҷро накунад. Хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид пас аз се соли муроҷиати наздикони Зайд Саидов ва рӯзи 16-уми июли соли 2018 пахш шуд.

"Тоҷикистон ба чунин тавсияҳо ҷиддӣ муносибат кунад"

Наздикони Зайд Саидов нахостанд, дар бораи баёнияи раиси Додгоҳи олӣ изҳори назар кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва сиёсатшиносон мегӯянд, нодида гирифтани тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал як навъ беэътиноӣ ба тааҳҳудоти байналмилалии худи Тоҷикистон аст, ки қавл додааст, ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи сиёсиву мадании он эҳтиром мегузорад.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, ба Радиои Озодӣ гуфт, беэътиноӣ ба тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид бар зарари худи кишвар аст.

"Ин рафтори мақомот дар барқарор кардану густариши робитаҳо ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ зарар мерасонад. Аз ин хотир, бо назардошти вазни хос ва таъсиру эътибори СММ, ба хусус кумитаи марбут ба ҳуқуқи инсон, хуб мешуд мақомоти тоҷик ба чунин тавсияҳо ҷиддӣ муносибат кунанд", - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Боздошти Зайд Саидов, баъди "Тоҷикистони нав"

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Зайд Саидов соли 2013, баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" боздошт шуд. Ӯро ҳангоми бозгашт аз Фаронса рӯзи 19-уми май дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир карданд. Вазири собиқро дар моҳи декабри соли 2013 бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум карданд.

Соли 2015 ӯро ба сохтакории санад, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз гунаҳкор донистанд ва ба ҳукми зиндонаш 3 соли дигар илова карданд. Ӯ ва тарафдоронаш ҳамаи иттиҳомотро беасос хонда ва гуфтаанд, ягона сабаби зиндонӣ шудани ӯ, талош барои таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дар Тоҷикистон буд.

Ба иловаи ҳукми тӯлонии зиндон, моликияти зиёди Зайд Саидов, аз ҷумла 8 корхона ва ширкатҳои ӯ ва наздиконаш, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро мусодира карданд ва ба ихтиёри давлат доданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG