Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кибриё Юлдошева дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор гирифт


Кибриё Юлдошева
Кибриё Юлдошева

Кибриё Юлдошева, зане, ки иддао дошт, кормандони милисаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ӯро пеш аз бозпурсӣ бараҳна кардаанд, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор гирифт. Вай ҳафтаи гузашта Тоҷикистонро тарк карда ва аз Русия паноҳгоҳ хостааст.

Аз рӯзи аввал хомӯш нестам. Медонам, ки аз овоз баланд кардан кору зиндагиам душвор мешавад, лекин хомӯш нестам. Ҳоло кафолат диҳанд, ки мурофиа ошкор мегузарад, худам бармегардам

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ дар як изҳорот Юлдошеваро ба саркашӣ аз ҷавобгарӣ ва туҳмат задан ба кормандони милиса айбдор карданд.

Мақомот гуфтанд, Кибриё Юлдошева дар кишвар бар асоси моддаи 247 (қисми 3, банди “а”)-и Кодекси ҷиноӣ – қаллобӣ – муттаҳам аст ва бо шарти берун нашудан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дошт. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз 50 то 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, бо сабаби ин ки Кибриё Юлдошева рӯзи 15-уми январи имсол ба додгоҳ ҳозир нашуд, "рӯзи 24-уми январ нисбат ба ӯ парвандаи ҷустуҷӯӣ оғоз ёфта, дар кофтукоби байни давлатҳо эълон карда шуд. Айни замон барои дастгир намудани Кибриё Юлдошева чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад."

Вале Кибриё Юлдошева ба бегуноҳии худ исрор дорад. Ӯ рӯзи 30-юми январ дар посух ба ин изҳороти мақомот гуфт, ҷустуҷӯ шуданаш ба хотири хомӯш наистодан дар баробари ноадолатӣ аст.

Юлдошева гуфт, қаблан низ ба ӯ пешниҳод шуда буд, ки агар мавзӯи "урён бозпурсӣ шудан"-ро расонаӣ накунад, нисбат ба ӯ шояд ҷазои сабуктар диҳанд. "Аз рӯзи аввал хомӯш нашудам. Медонам, ки аз овоз баланд кардан кору зиндагиам душвортар мешавад. Лекин хомӯш нестам. Ҳоло кафолат диҳанд, ки мурофиаи ошкор мегузаронанд, худам бармегардам", - афзуд ӯ.

Ҳодисаҳои бадрафторӣ бо занони гумонбар дар ҷиноят зиёд расонаӣ намешавад. Танҳо ҳодисаҳои ҷудогонае ба матбуот ва ҳам созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон мераванд. Омори вижае дар ин замина вуҷуд надорад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАРИ ҚАЗИЯИ КИБРИЁ ЮЛДОШЕВАРО ДАР ИНҶО БИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG