Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар Туркия омодагӣ мебинад


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, омодагиро ба Лигаи қаҳрамонҳои футболи Осиё дар шаҳри Анталияи Туркия шуруъ кард.

Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия то рӯзи 9-уми феврал идома меёбад. Дар ин ҷо, инчунин баргузории панҷ бозии санҷишӣ бо бошгоҳҳои хориҷӣ дар назар аст.

"Истиқлол" бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 иштирок мекунад

Аввалин бозии санҷишӣ “Истиқлол” рӯзи сешанбеи 29-уми январ бо дастаи «Тобол»-и Қӯстанай - ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Қазоқистон-2018 доир гардид. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони қазоқ анҷом ёфт. Ба як голи Фатҳулло Фатҳуллоев, бозигарони “Тобол” Михаил Гордейчук ва Максим Федин бо ду гол посух доданд.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» - «Тобол» - 1:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 14 (0:1). Михаил Гордейчук, 44 (1:1). Максим Федин, 85 (1:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Искандар Ҷалилов (Фирӯз Қараев, 66), Ҷалил Кимсанов (Бахтиёр Қаландаров, 52), Алексей Ларин (Шаҳром Самиев, 66), Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 52), Алишер Ҷалилов (Нозим Бобоҷонов, 63), Михайло Сакич (Амирбек Ҷӯрабоев, 52), Комрон Турсунов (Шаҳром Сулаймонов, 63), Фатҳулло Фатҳуллоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Сулаймон Муҳадов (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Виулен Айвазян (Шериддин Бобоев, 58).

Сардовар: Томаш Марчиниак (Лаҳистон).

29-уми январ. Белек, Анталия.

Рақиби дувуми “Истиқлол” бошгоҳи “Челик” - қаҳрамони секаратаи Босния ва Ҳерсеговин мебошад. Бозии дувуми санҷишӣ рӯзи панҷшанбеи 31-уми январ доир мегардад.

Бозии севуми санҷишӣ бо дастаи «Кёге» - дивизиони аввали Дания рӯзи якшанбеи 3-юми феврал баргузор мешавад. Бозии чоруми санҷиширо “Истиқлол” рӯзи чоршанбеи 5-уми феврал барпо мекунад, вале рақибаш ҳанӯз маълум нашудааст. Бозии ниҳоии санҷиширо “Истиқлол” рӯзи панҷшанбеи 7-уми феврал бо дастаи «Согдиана» («Суғдиён»)-и Узбекистон анҷом медиҳад.

Футболбозони дастаи "Истиқлол" омодагиро ба мавсими имсола таҳти раҳбарии сармураббии нави бошгоҳ Ҳаким Фузайлов шуруъ карданд. Ба ҳайати даста якчанд бозигар аз бошгоҳҳои хориҷӣ ва дохили кишвар даъват шудаанд, ки баъди озмоиш ба ҳайати бошгоҳ дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки "Истиқлол" барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 иштирок менамояд. Рақиби «Истиқлол» дар марҳилаи аввали муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 барандаи Ҷоми Узбекистон - бошгоҳи АГМК мебошад. Бозӣ 12-уми феврал дар шаҳри Олмалиқи Узбекистон доир мегардад.

Дар мавриди пирӯзӣ бар АГМК “Истиқлол” дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа баромадан 19-уми феврал дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 роҳ ёбад, онгоҳ бар асоси қуръакашӣ, ки 22-юми ноябр дар Малайзия доир шуд, ба гурӯҳи «А» шомил мегардад.

Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳҳои футболи «Ал-Васл» (Имороти Муттаҳидаи Араб), «Ал-Завра» (Ироқ), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф-4 («Ал-Ғарофа»-и Қатар, «Зоб Оҳан»-и Эрон, «Ал-Ваҳдат»-и Урдун ё «Кувайт»-и Кувайт) мешаванд.

Дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 роҳ ёфтани «Истиқлол», онгоҳ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ҷойи чорумро соҳиб шуд, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 бозӣ мекунад, зеро ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии кишвар - бошгоҳи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ - аз ташрифоти литсензионии AFC нагузашт.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG