Боз як соли футболи тоҷик, ки саршор аз таассуроти фаромӯшнопазир, ғалабаҳои камназиру бохтҳои таассуфовар буд, пушти сар шуд. Соли 2018 барои дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳои футболи кишвар чӣ гуна сол буд?
Роҳхати мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қаҳрамонии ҷаҳон
Дастоварди бузурги футболи тоҷик дар мавсими соли 2018 ба тими мунтахаби наврасони зери 16-солаи кишвар марбут аст. Ин даста бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур – барои аввалин бор барандаи медалҳои нуқра гардид, инчунин соҳиби роҳхат ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозигарони зери 17-сола шуд, ки моҳи октябри имсол дар Перу доир хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «А» бо чор имтиёз мақоми дувумро касб намуд ва ба чорякфинал баромад. Футболбозони навраси тоҷик дар бозии аввал аз тими мизбон – Малайзия – бо ҳисоби 2:6 мағлуб шуда, бозии дувумашонро бо мунтахаби Ҷопон бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом доданд ва дар бозии ҳалкунанда барои аз гурӯҳ баромадан бар тими Тайланд бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки баъди пирӯзӣ дар даври чорякниҳоӣ бар тими Кореяи Шимолӣ ва дар даври ниманиҳоӣ бар тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ ё пеналтӣ ба финал баромад, дар бозии ниҳоӣ аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Осиё панҷум шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон бошад, бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 дар Индонезия то даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Футболбозони ҷавони тоҷик ҳамагӣ чор бозӣ анҷом доданд. Онҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ нахуст бар мунтахаби Чин бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, баъдан бозиро бо тими Малайзия бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расониданд ва дар бозии севуми худ аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 мағлуб гаштанд. Дар чорякфинал бозиро ба мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 бохтанд ва аз роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 бенасиб монданд.
Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки дар таърихи худ бори дуюм дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кард, аз рӯи натиҷаҳои имсолааш дар Индонезия дар байни панҷ дастаи беҳтарини қора ҷойгир шуд. Пеш аз мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар ва Ҷопон қарор гирифтанд.
Роҳхати мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ пайдо кард. Ин даста дар сабқати интихобӣ дар шаҳри Тошканд дар гурӯҳи «В» аз тими ҷавонони Қирғизистон бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрда, бар тими ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 7:2 ғолиб омад.
Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «В» се даста – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон – сеимтиёзӣ ба даст оварданд. Бар асоси дастури мусобиқот, ғолиби гурӯҳ аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо муайян гардид.
Мунтахаби Қирғизистон (таносуби тӯбҳо - 9-7) ҷойи аввалро касб намуд. Ҷойи дувумро мунтахаби Тоҷикистон (таносуби тӯбҳо – 8:8) соҳиб шуд. Мунтахаби Узбекистон (таносуби тӯбҳо - 8-10) дар гурӯҳ ҷойи охиринро ишғол кард.
Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби ҷавонони футзали Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон аз минтақаи Марказӣ, Лубнон, Ироқ, Арабистони Саудӣ аз минтақаи Ғарбӣ, Ҷопон, Тайбэйи Чин аз минтақаи Шарқӣ, Тайланд, Ветнам ва Индонезия аз минтақаи Уқёнус ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019, ки соли 2019 дар Эрон доир мегардад, роҳхат гирифтанд. Бар асоси қуръакашӣ 12 даста ба се гурӯҳи чордастаӣ тақсим мешавад.
Нокомии тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2019
Вале, маъмулан, ба ҳар кадом федератсияи миллӣ аз рӯи натиҷаҳои ба даст овардаи дастаи мунтахаби кишвар баҳогузорӣ мекунанд. Мутаассифона, тими миллии Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов соли гузашта дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ноком гашт ва аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот маҳрум шуд. Фузайлов баъди бохт дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи "F" ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 аз мухлисони даста узрхоҳӣ намуда, аз вазифааш истеъфо дод.
"Қабл аз ҳама, ман мехостам аз мухлисони мунтахаби Тоҷикистон, ки дастаро дар тамоми ҷараёни мусобиқоти интихобӣ дастгирӣ карданд, узр пурсам. Мутаассифона, натиҷа ғайриқаноатбахш аст. Мо натавонистем, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёбем. Ман тамоми масъулиятро барои натиҷаи манфӣ ба зиммаи худ мегирам ва аз вазифаам истеъфо медиҳам", - изҳор дошт Ҳаким Фузайлов баъди бозии даври охирин бо мунтахаби Филиппин.
Ин давраро барои тими миллии Тоҷикистон метавон бебарор ва ғайриқаноатбахш унвон кард. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон ягон бор ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё даст наёфтааст.
Бояд тазаккур дод, аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат нагирифтааст. Дастаҳои мунтахаби Узбекистону Туркманистон ҳамроҳи тимҳои миллии Умону Ҷопон ба гурӯҳи “F” шомиланд. Мунтахаби Узбекистон бори ҳафтум ва мунтахаби Туркманистон бори дувум дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё ширкат меварзанд.
Мунтахаби Қирғизистон, ки бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ пайдо кардааст, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Филиппин рақобат мекунад.
Бояд гуфт, ки Ҷоми Осиё оид ба футбол барои бори 17-ум доир мегардад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки аз 5-уми январ то 1-уми феврал дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - баргузор мешавад, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст.
Ба ҷуз гурӯҳҳои “F” ва “С”, ба гурӯҳи “А” Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн; ба гурӯҳи “В” Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун; ба гурӯҳи “D” Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман; ба гурӯҳи “Е” Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон ва Кореяи Шимолӣ дохиланд.
Бар асоси дастури Ҷоми Осиё дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор дастаи нишондодҳояш беҳтар дар байни шаш дастаи дар гурӯҳҳо ҷойҳои сеюмро ишғолнамуда ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё роҳ наёфт
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев, ки дар мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии Осиё дар Тайбэйи Чин дар гурӯҳи “В” бо се имтиёз ҷойи севумро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозиаш аз тимҳои миллии Ҷопон ва Узбекистон бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.
Дар гурӯҳи “В” мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарсе бозиаш ғолиб омад, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Узбекистон бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста – Ҷопон ва Узбекистон - ба чорякфинал баромаданд.
Мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз мубориза барои роҳхати олимпӣ маҳрум шуд
Дастаҳои мунтахаби занонаю духтаронаи футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2018 дар мусобиқоти байналмилалӣ ноком шуданд. Чунончи, тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А”, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, бо 6 имтиёз ҷойи сеюмро гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи дуюм маҳрум гашт. Занони футболбози тоҷик дар ду бозӣ бар тимҳои мунтахаби Муғулистон (4:1) ва Сингапур (6:0) ғолиб омада, дар ду бозӣ аз дастаҳои Тайбэйи Чин (0:9) ва Филиппин (1:3) мағлуб шуданд.
Дар ҷадвали гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Тайбэйи Чин, ки дар ҳарчор бозӣ ғолиб омад, бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Тими Филиппин бо 9 имтиёз ҷойи дуюмро азони худ кард. Ҳарду даста ба марҳилаи дуюми мусобиқот роҳ ёфт.
Дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳамагӣ 16 дастаи мунтахаби занона дар чор гурӯҳ рақобат кард. Баъди натиҷагирии марҳилаи аввал аз гурӯҳи “А” Тайбэйи Чину Филиппин, аз гурӯҳи “В” Эрону Ҳонгконг, аз гурӯҳи “С” Мянмару Ҳиндустон ва аз гурӯҳи “D” Урдуну Индонезия ба марҳилаи дуюм роҳхат гирифтанд.
Инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм - Непал (гурӯҳи “С”) ва Фаластин (гурӯҳи “D”) – ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи дувум мушарраф шуданд. Ин даҳ даста ба тимҳои Узбекистону Ветнам, ки мустақиман ба марҳилаи дувум роҳ ёфтанд, мепайванданд.
Марҳилаи дувуми интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 дастаи мунтахаби занона дар се гурӯҳ аз 1-ум то 9-уми апрели имсол барпо мегардад.
Нокомии “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар Ҷоми AFC-2018
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар бозии даври охирини мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 аз тими «Алтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд.
Бояд гуфт, ки барои аз гурӯҳ баромадан ба “Истиқлол” бо раҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев як қадам монда буд. Барои роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқа “Истиқлол”-ро дар бозии охирин бо қаҳрамони Туркманистон натиҷаи мусовӣ низ қаноатманд мекард. Вале ба “Алтин Асир” барои аз гурӯҳ баромадан дар бозӣ муқобили қаҳрамони Тоҷикистон танҳо ғалаба зарур буд. «Алтин Асир» дар бозӣ муқобили “Истиқлол” барои бохти порсола интиқом гирифт.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври шашуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Алтин Асир” бо 14 имтиёз ҷойи аввалро касб намуд. “Истиқлол” бо 13 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб шуд. “Аҳал” бо 7 имтиёз мақоми севумро ишғол кард. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шуд.
Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев, ки аз рӯи натоиҷи ду бозии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) аз тими «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби умумии 0:3 (бозии аввал - 0:1 ва бозии ҷавобӣ - 0:2) шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот маҳрум гашт.
Иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти соли 2019
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон имсол дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ширкат меварзанд. Чунончи, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ Усмон Тошев дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд барпо мегардад, иштирок менамояд. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.
Дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 ҳамагӣ 44 дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-сола, ки бар асоси қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст, ширкат меварзад. Дар минтақаи Ғарб шаш гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ панҷ гурӯҳ ташкил шудааст.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин чор дастаи ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои хубтар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Агар мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро ишғолнамуда аз рӯи натиҷаҳои хубтар ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат мегирад.
Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.
Дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16) ва ҷавонони Тоҷикистон (U-19) тирамоҳи имсол дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ширкат меварзанд. Мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 19-ум то 28-уми июл дар Эрон доир мегардад, иштирок менамояд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019, ки аз 5-ум то 27-уми октябр дар Перу баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон моҳи октябр барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 мубориза мебарад. Тими мутахаби миллии Тоҷикистон моҳи сентябр дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 иштирок мекунад.
Инчунин имсол баргузории якчанд бозиҳои дӯстона бо ширкати тимҳои мухталифи мунтахаби Тоҷикистон ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ширкати “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 иштирок менамояд. Қаҳрамони Тоҷикистон ба мубориза аз даври дуюми муқаддамотӣ шуруъ мекунад. Дар ин марҳила рақиби «Истиқлол» барандаи Ҷоми Узбекистон - бошгоҳи АГМК - мебошад. Бозӣ 12-уми феврали соли оянда дар шаҳри Олмалиқи Узбекистон доир мегардад.
Дар мавриди пирӯзӣ бар АГМК “Истиқлол” дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот баромадан 19-уми феврал дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.
Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 роҳ ёбад, онгоҳ бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» шомил мегардад. Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳҳои футболи «Ал-Васл» (Имороти Муттаҳидаи Араб), «Ал-Завра» (Ироқ), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф-4 («Ал-Ғарофа»-и Қатар, «Зоб Оҳан»-и Эрон, «Ал-Ваҳдат»-и Урдун ё «Кувайт»-и Кувайт) мешаванд.
Дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2019 роҳ ёфтани «Истиқлол», тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ҷойи чорумро соҳиб шуд, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 бозӣ мекунад, зеро ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии кишвар - бошгоҳи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ - аз ташрифоти литсензионии AFC нагузашт.
Иштироки “Хуҷанд” дар Ҷоми AFC – 2019
Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, дар Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) – 2019 ба мубориза аз марҳилаи плей-офф шуруъ мекунад. Хуҷандиҳо дар ин марҳила бо ғолиби даври муқаддамотӣ вориди рақобат мешаванд.
Рақиби «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми AFC-2019 ғолиби ҷуфти даври муқаддамотӣ миёни ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон - «Олой»-и Ӯш ва бошгоҳи дуюми Туркманистон (барандаи Ҷом ё ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ин кишвар) мегардад. Бозиҳои онҳо рӯзҳои 20-ум ва 27-уми феврал доир мешаванд.
Нахустин бозии “Хуҷанд” дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2019 рӯзи 6-уми март дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобӣ дар хона 13-уми март барпо мегарданд. Дар мавриди пирӯзӣ хуҷандиҳо ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа мушарраф мешаванд.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ 2-юми апрел шуруъ шуда, 26-уми июн ба поён мерасад. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоӣ – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.