Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар рақиби Ҷопон дар финали Ҷоми Осиё шуд


Дастаи мунтахаби футболи Қатар, ки дар бозии дувуми ниманиҳоии Ҷоми Осиё тими мизбони мусобиқот - Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард, дар финал бо Ҷопон рақобат мекунад.

Бозии дувуми ниманиҳоӣ миёни тимҳои миллии Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб шоми сешанбеи 29-уми январ дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи «Mohammed Bin Zayed Stadium» доир гардид.

Дар дақиқаи 22-юм Буалем Хухӣ ҳисобро боз кард. Баъди 15 дақиқа голи дувумро Алмоез Алӣ, беҳтарин нишонзани мусобиқот, ба самар расонид. Ду голи дигар дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳасан Ал-Ҳайдос дар дақиқаи 80-ум ҳисобро афзун кард. Голи чорумро Ҳамид Исмоил дар дақиқаи 90+3 ба ҳадаф расонд.

Нимфинал:

29-уми январ (сешанбе)

Қатар – Имороти Муттаҳидаи Араб - 4:0 (2:0)

Голҳо: Буалем Хухӣ, 22. Алмоез Алӣ, 37. Ҳасан Ал-Ҳайдос, 80. Ҳамид Исмоил, 90+3.

Қатар: Саъд Ал-Шеб, Салим Ал-Ҳаҷрӣ, Абдулкарим Ҳасан, Педру Корея (Тамим Муҳаммад. 90+4), Карим Будиаф, Тариқ Салмон, Буалем Хухӣ, Осим Умар Мадибо, Акрам Ҳасан Афиф (Ҳамид Исмоил, 90+2), Алмоез Алӣ (Аҳмад Ал-Аалдин, 86), Ҳасан Ал-Ҳайдос.

Иморот: Эйса Билол, Фарес Ҷумъа, Исмоил Аҳмад, Валид Аббос, Салмин Алӣ-Ҳасан, Амир Абдулраҳмон (Исмоил Матар, 45), Хамис Исмоил, Бандар Муҳаммад, Сайф Рашид (Муҳаммад Абдулраҳмон, 70), Алӣ Аҳмад Мабхут, Исмоил Ал-Ҳамадӣ (Аҳмад Халил, 51).

Огоҳӣ: Матар (55), Будиаф (62), Ал-Аалдин (87).

Аз майдон хориҷ шуд: Исмоил Аҳмад (Иморот), 90+1.

Абу-Даби, 28-уми январ, варзишгоҳи «Mohammed Bin Zayed Stadium».

Ёдовар мешавем, дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Осиё, ки 28-уми январ дар шаҳри Ал-Айн, дар варзишгоҳи “Hazza Bin Zayed Stadium” доир гардид, дастаи мунтахаби Ҷопон тими миллии Эронро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод ва ба ҳаққи ширкат дар финали мусобиқот мушарраф гашт.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми феврал дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи «Mohammed Bin Zayed Stadium» соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад, тимҳои миллии Ҷопон ва Қатар рақобат мекунанд.

Тими миллии Ҷопон қаҳрамони чоркаратаи Осиё (солҳои 1992, 2000, 2004, 2011) маҳсуб мешавад, вале мунтахаби Қатар барои аввалин бор ба финали Ҷоми Осиё роҳ пайдо кардааст.

Ҳусейн Шодиев, мутахассиси футбол, рӯзи 30-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба назари ӯ бозии ниҳоӣ бо пирӯзии мунтахаби Ҷопон бо поён мерасад. Ӯ афзуд, "мунтахаби Ҷопон баъди пирӯзӣ дар нимфинали Ҷоми Осиё бар тими миллии Эрон собит кард, ки дар айни ҳол дар қора дастаи қавитарин аст. Бинобар ин, мутмаинам, ки тими Ҷопон барои бори панҷум ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф мешавад".

Ва аммо ба андешаи Алимаҳмад Мирзоев, коршиноси соҳа, мунтахаби Қатар қаҳрамони ҷадиди Осиё мегардад. Ӯ афзуд, "ҳарчанд ки рақибаш – мунтахаби Ҷопон - дастаи номдору пуртаҷриба аст, ба фикри ман, тими миллии Қатар аввалин шонси қаҳрамони Осиё шуданро аз даст нахоҳад дод".

Ҷоми Осиё-2019

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

Урдун – Ветнам – 1:1 (2:4, силсилаи пеналтӣ)

Тайланд – Чин – 1:2

Эрон – Умон – 2:0

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

Ҷопон – Арабистони Саудӣ – 1:0

Австралия – Узбекистон – 0:0 (4:2, силсилаи пеналтӣ)

Иморот – Қирғизистон - 3:2 (дар замони изофа)

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн – 2:1

Қатар – Ироқ – 1:0

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

Ветнам – Ҷопон – 0:1

Чин – Эрон – 0:3

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

Кореяи Ҷанубӣ – Қатар – 0:1

Иморот – Австралия – 1:0

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

Эрон – Ҷопон – 0:3

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

Қатар – Иморот – 4:0

Финал. 1-уми феврал умъа)

Ҷопон – Қатар – соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (19:00 - ба вақти Душанбе).

XS
SM
MD
LG