Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат саҳмияҳои "Сангтӯда-1"-ро аз мардум мехарад


Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1"-ро аз мардум мехарад. Давлати Тоҷикистон соли 1996 бо нияти сармоягузории нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷамъияти саҳомӣ ташкил дода ва саҳмияҳои онро ба мардум фурӯхт.

  • Саҳмияҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" соли 1996 бо нархи номиналии 3 ҳазор рубл (воҳиди пулии ҳамонвақтаи Тоҷикистон, ки аз рубли русӣ бо надоштани аломати ҷудоӣ фарқ мекард) фурӯхта шуд.

Дар Оҷонсии рушди коғазҳои қиматбаҳои Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" аз мадум бар асоси қарори ҳукумат сурат мегирад. Барои харидории саҳмияҳо аз будҷаи давлат 10 миллион сомонӣ, муодили каме беш аз 1 миллион доллар, ҷудо шудааст.

Тибқи қарори ҳукумат хариди саҳмияҳо тавассути бонки давлатии "Амонатбонк" ба роҳ монда мешавад ва бо ҳамин ҷамъияти саҳомии "Сангтӯда-1" барҳам дода мешавад.

Теъдоди саҳмияҳои фурӯхташударо мақомот ошкор намекунанд, аммо он замон давлат аз фурӯши ин саҳмияҳо 500 ҳазор доллар ба даст оварда буд, ки бояд барои сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" сарф мешуд.

Мақомоти Тоҷикистон арзиши 3 ҳазор рубли соли 1996-ро 10 доллар бозҳисобӣ кардаанд ва онҳое, ки дар даст саҳмияҳои "Сангтӯда-1"-ро доранд, метавонанд ҳар саҳмияи худро ба давлат фурӯхта, 10 доллар бигиранд. Аммо онҳое, ки дар солҳои вазнин аз обу нони худу фарзандон сарфа карда, саҳмияҳои “Сангтӯда”-ро харида буданд, мегӯянд, арзиши 3 ҳазор рубл ва 10 доллари кунунӣ аслан қобили муқоиса нест.

Ҷалби сармоя барои сохтмони нерӯгоҳ тавассути фурӯши саҳмияҳо таҷрибаи нахустини Тоҷикистон дар соли 1996-ум буд. Харидорони он ҳам аксаран кормандони идораҳои давлатӣ ва будҷавӣ буданд.

Зайнаб Содиқова, як сокини бознишастаи шаҳри Душанбе, ки солҳои навадум дар яке аз беморхонаҳои пойтахт ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор кардааст, гуфт, тӯли ду моҳ нисфи маошашро мақомот аз ӯ гирифтанд ва дар иваз саҳмияи «Сантӯда»-ро доданд. Мусоҳиби мо гуфт, то як муддат ин саҳмияҳоро дар сандуқ нигоҳ дошта буд, вале тайи ин солҳо умедашро аз суди онҳо канд ва ҳоло намедонад дар куҷо ҳастанд.

Ба мисли ин зани бознишаста, бисёриҳо умедашонро аз фоида дидан аз ин саҳмияҳо кандаанд.

Мақомоти Тоҷикистон бо 500 ҳазор доллари ба дастомада аз саҳмияҳои мардум ҷаъияти саҳомии «Сангтӯда»-ро таъсис дода, қарор буд, сохтони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2»-ро мустақилона оғоз кунанд. Аммо корҳои сохтмонӣ пеш нарафтанд.

Дар як гузориши ширкати муштараки Тоҷикистону Русия “Нерӯгоҳи Сангтӯда-1” гуфта мешавад, ҳама моликияте, ки аз пеш (манзур Шӯравӣ) боқӣ монда буд, ба ихтиёри ин ҷамъият гузошта шуд, аммо амалан корҳои сохтмонии нерӯгоҳ бурда намешуд.

Тоҷикистон ба танҳоӣ сохтмони ин нерӯгоҳро сармоягузорӣ карда натавонист ва соли 2005 бо Русия барои сармоягузории сохтмони нерӯгоҳ созишнома баст. Худи ҳамон сол ҷамъияти қаблии “Сангтӯда”, ки саҳмияҳояшро мардум харида буданд, барҳам дода шуд, ҳарчанд дар ин қарор гуфта мешуд, ҳуқуқи саҳмиядорон пойбарҷо мемонад.

Ҳамакнун Тоҷикистон барои хариди дубораи ин саҳмияҳо аз мардум 10 миллион сомонӣ, каме бештар аз 1 миллион доллар ҷудо кард.

Айни замон тақрибан 75 дар сади саҳмияҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар дасти ширкатҳои давлатии давлатии Русия – "Росатом" ва "Интер РАО ЕЭС" ва 25 дар сади дигар дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дорад. Сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" соли 2006 оғоз ёфта, соли 2009 ба анҷом расид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG