Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ҷавонони аз 18 то 27-соларо мешуморанд


Мақомоти шаҳри Душанбе ду моҳ пеш аз шурӯи мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ, ба шумурдани ҷавонони аз 18 то 27-сола дар пойтахт оғоз кардаанд. Дар ин робита дар оғози ҳафтаи гузашта қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ба тасвиб расид. Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш маъмулан моҳи апрел шуруъ шуда, то ду моҳ идома мекунад.

Бино ба қарори нав, то 25-уми март ҷавононе, ки тибқи қонун аз хидмат озод нестанд, аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи ҳукумати Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз омодагӣ ба мавсими нави даъвати ҳарбӣ «танзими беҳтари ин раванд аст».

«Мақсад ин аст, ки муайян шавад, чӣ қадар ҷавонон тибқи қонун аз ҷалб шудан ба артиш озоданд. Яъне, дар оила як писар ҳастанд, дар донишгоҳ мехонанд ва ё бинобар вазъи бади саломатӣ онҳоро ба аскарӣ бурдан мумкин нест. То ин ки ҳангоми оғоз шудани мавсими сафарбаркунӣ ҷавонон бе ягон маҷбуркунӣ ба артиш раванд», - шарҳ дод ӯ.

Дар Тоҷикистон хидмат дар артиш барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмист ва бо вуҷуди инкори мақомот ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳар сол дар замони даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ мушоҳида мешавад. Вазорати дифоъ дар даъвати охири тирамоҳӣ гуфта буд, танҳо бо фиристодани даъватнома ҷавононро ба артиш ҷалб мекунад, аммо пас аз ин изҳорот чанд хабари боздошти ҷавонон дар роҳу бозору нақлиёт ва бурдани онҳо ба артиш дар матбуот нашр шуд.

XS
SM
MD
LG