Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ва Эрон дар нимфинали Ҷоми Осиё-2019


Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Ҷопон ва Эрон, ки шаби панҷшанбеи 24-юми январ дар чорякфинали Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуданд, ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоии мусобиқот мушарраф гаштанд.

Нахуст дар чорякфинал дастаҳои мунтахаби Ветнам ва Ҷопон дар шаҳри Дубай, дар варзишгоҳи Ал-Махтум, рақобат карданд. Голи дар дақиқаи 57-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ задаи нимҳимоятгар Ритсу Доан тақдири бозиро ба нафъи ҷопониҳо бо ҳисоби 1:0 ҳал кард.

Баъдан бозии дувуми чорякниҳоӣ миёни тимҳои миллии Чин ва Эрон дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи Муҳаммад Бин Зайд, барпо гардид. Бозӣ бо пирӯзии эрониҳо бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт. Голҳоро Меҳдӣ Таремӣ (дақиқаи 18-ум), Сардор Озмун (дақиқаи 31-ум) ва Карим Ансорифард (дақиқаи 90+1) ба самар расониданд.

Ба ин тартиб, дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки рӯзи душанбеи 28-уми январ дар шаҳри Ал-Айн, дар варзишгоҳи Ҳазза Бин Зайд, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад, тимҳои миллии Эрон ва Ҷопон барои ба финал баромадан мубориза мебаранд.

Имрӯз, 25-уми январ, ду бозии дигари чорякниҳоӣ миёни тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ - Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб - Австралия баргузор мешавад. Дастаҳои ғолиби ин ду дидор дар бозии дувуми ниманиҳоии Ҷоми Осиё, ки рӯзи сешанбеи 29-уми январ дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи Муҳаммад Бин Зайд, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад, барои ба финал роҳ ёфтан талош мекунанд.

Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол дар Имороти Муттаҳидаи Араб то рӯзи 1-уми феврал идома хоҳад кард.

Ҷоми Осиё-2019

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

Урдун – Ветнам – 1:1 (2:4, силсилаи пеналтӣ)

Тайланд – Чин – 1:2

Эрон – Умон – 2:0

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

Ҷопон – Арабистони Саудӣ – 1:0

Австралия – Узбекистон – 0:0 (4:2, силсилаи пеналтӣ)

Иморот – Қирғизистон - 3:2 (дар замони изофа)

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн – 2:1

Қатар – Ироқ – 1:0

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

Ветнам – Ҷопон – 0:1

Чин – Эрон – 0:3

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Кореяи Ҷанубӣ – Қатар

21:00 Иморот – Австралия

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Эрон – Ҷопон

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Кореяи Ҷанубӣ/Қатар – Иморот/Австралия

Финал. 1-уми феврал умъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Мукофотҳои давлатӣ ба мунтахаби Қирғизистон

Дар ҳоле ки дар Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб мубориза барои медалҳо идома дорад, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мураббиёну бозигарони дастаи мунтахаби миллии футболи ин кишварро барои дастовардҳои бузург дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Қирғизистон Александр Крестинин бо ордени «Данакер», бозигарони калидии даста Азамат Бойматов, Валерий Кашуба, Валерий Кичин, Виталий Люкс ва Мирлан Мурзаев бо медали «Данк», ҳамчунин аъзои дигари даста бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва соати дастӣ бо исми президенти кишвар мукофтонида шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Қирғизистон, ки барои аввалин бор дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат кард, дар марҳилаи гурӯҳӣ аз тимҳои миллии Чин (1:2) ва Кореяи Ҷанубӣ (0:1) мағлуб гардида, бар мунтахаби Филиппин (3:1) пирӯз шуд ва ба ҳаштякфинал баромад.

Мунтахаби Қирғизистон бозии пуршиддати даври ҳаштякниҳоиро ба тими мизбон – Имороти Муттаҳидаи Араб – дар замони изофа бохт. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид. Голи севум ва ҳалкунандаро Аҳмад Халил, бозигари мунтахаби Иморот, дар замони изофа, дар дақиқаи 103-юм, аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

XS
SM
MD
LG