Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба муҷозоти билетфурӯшҳо: кассаҳои қимматфурӯш санҷида шаванд


Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз мақомоти интизомии Тоҷикистон дархост кардааст масъулини бархе нуқтаҳои чиптафурӯширо ба ҷавобгарӣ кашанд. Дафтари матбуотии ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳибони бархе нуқтаҳои чиптафурӯшӣ даст ба фиреби муштариён мезананд. Посухи ширкати “Сомон Эйр” баъд аз он дастраси Радиои Озодӣ шуд, ки бархе мусофирон шикоят карданд, ки ҳафтаи гузашта нархи чиптаҳои сафар ба Русия якбора гарон шуд.

Ин гароншавӣ дар пайи қатъи парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” сурат мегирад. Азиз, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, баъди соли нав нархи парвоз ба самти Русия каме бештар аз 1500 сомонӣ буд. Аммо ба гуфтаи ӯ, рӯзи 17-уми январ дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ба ӯ гуфтанд, ки чиптаи хатсайри Душанбе-Маскав 2 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

Аммо масъулини ширкати “Сомон Эйр” гарон шудани нархи чиптаро рад карда гуфтанд, “дар системаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо якчанд дараҷаи хизматрасонӣ мавҷуд аст, ки аз рӯйи арзиш фарқ мекунанд. Дар ҳолати тамом шудани тарифҳои дараҷаи пасттар, мутаносибан дар система билетҳои гаронтар боқӣ мемонад».

Масъулини “Сомон Эйр” ҳамчунин гуфтанд, ахиран аз болои бархе нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ба мақомоти интизомӣ шикоят бурданд. Ширкат ба мақомоти дахлдор барои оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати агентони қаблӣ оиди фурӯши чиптаҳо, ки бо "фиребкунии мусофирон машғул буданд", дархост ирсол намудааст.”

Ба қавли манбаъ, ширкат ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот наметавонад аз ин бештар шарҳ диҳад. Бо ин ҳама дафтари матбуоти “Сомон Эйр” мегӯяд, сар аз 1-уми феврал хазинаи шахсии ширкат бо тартиби шабонарӯзӣ ба фурӯши чиптаҳо ба кор шуруъ мекунад.

“Ҳар як мусофир метавонад чиптаҳоро бе миёнарав дастрас кунад,”-таъкид карданд дар ширкати “Сомон Эйр”. Ширкати “Сомон Эйр” дар ҳоле аз болои нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ба мақомот шикоят мекунад, ки дар гузашта чандин нафар аз чиптафурӯшон барои фиреби мусофирон муҷозот шуда буданд.

Аз ҷумла моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як масъули ширкати билетфурӯширо бо ҷурми "фиреби муштариён" ва "аз худ кардани пули онҳо" айбдор донист ва 10 ҳазор сомонӣ, муодили ҳазор доллари амрикоӣ, ҷарима баст.

Бахтиёр Ғаниев, хазинадори ширкати "Ориён Трейдинг" ба он муттаҳам мешуд, ки билети ҳавопаймои хатсайри Маскав-Хуҷандро, ки 3000 сомонӣ нарх дошт, худсарона аз 3200 то 3480 сомонӣ фурӯхтааст. Дар Тоҷикистон чиптаҳои ҳавопамоӣ асосан тариқи миёнаравҳо ё ширкатҳои хусусӣ фурӯхта мешаванд. Агентҳои чиптафурӯшӣ аз ширкатҳои ҳавонавардӣ чиптаҳоро мехаранд ва болои он аз 6 то 8 фоиз маблағ гузошта ба мизоҷон мефурӯшанд. Шикоятҳо аз гаронии чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳанд. Бахусус дар мавсими баҳор, ки муҳоҷирон ба Русия мераванд нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ бамаротиб гарон мешавад. Гаронии чипта як гуруҳ мусофирони тоҷикро маҷбур мекунад тариқи хатсайрҳои Узбекистон ва Қирғизистон худро ба хориҷа расонанд.

XS
SM
MD
LG