Баъди пайдо шудани видеои бадрафторӣ бо кӯдакон дар мактабҳои вилояти Туркистон дар Қазоқистон, мақомот ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардаанд.
Муаллимон мегӯянд, дар бораи зӯроварӣ бо талабагон баъд аз он огаҳ шуданд, ки суҳбат дар бораи он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Модарони яке аз ноболиғон барои рафтори писараш узр хост.
Раиси идораи маорифи вилояти Туркистон гуфт, ки дар мактабҳо тафтишот оғоз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, муаллимоне, ки ин ҳодиса роҳ додаанд, танбеҳ мегиранд.
Дар ин ҷо хонандагони синфи нуҳуми мактаби рақами 16 наврасони аз худашон хурдтарро таҳқиру тавҳин мекунанд. Мақомоти пулис гуфтанд, баъди дидани видео дар паяш шуданд ва маълум карданд, ки ҳодиса дар вилояти Туркистон шудааст.
Дар робита ба бадрафторӣ бо иттиҳоми авбошӣ парванда боз кардаанд. Ба гуфтаи мудири мактаб Бозорқул Мирзоқулов, чунин ҳодиса дар гузашта аслан набуд ва кӯдакони озордидаро барои ташхиси тиббӣ фиристодаанд.
Вай мегӯяд: "Вазъи наврасон хуб аст. Фақат ду нафар зери назорати табибон ҳастанд. Дигар бачаҳо дар мактабанд. Бо онҳо ва волидонашон равоншиносону ҷомеашиносон кор мекунанд. Руяшон хун нашудааст, фақат харош хурдааст. Дигар чизе нашудааст."
Аз се муҳассиле, ки бо онҳо бадрафторӣ сурат гирифтааст, танҳо яке расман ба мақомот шикоят кардааст. Модари яке аз муттаҳамон ба бадрафторӣ аз он наврас ва ва хонаводааш узр хостааст.
"Аз номи аҳли оила аз волидони бачаҳо узр мепурсам. Дигар чизе гуфта наметавонам, беморам" - гуфт, Бахтигул Онгарбоев, модари яке аз муттаҳамон.
Кормандони пулис, ноболиғони муттаҳам ба ҷиноятро боздошт накардааст. Раиси идораи маорифи вилояти Туркистон гуфт, ки дар мактабҳо тафтишот оғоз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, муаллимоне, ки ин ҳодиса роҳ додаанд, танбеҳ мегиранд.
Як диктотур ба дигар диктотур совет дод чи?
Режими оилави ки ба охир расида истодааст ин корхо зиёд шудан мегиранд. Ягон фарзандаш хукумрони намекунад чун таърихи хукумронии оила ба охир расида истодааст таърихи тулонии чавобгарии хар як аъзои оила аз калон то хурд ва лаганбардорони онхо сар шуда истодааст. Окибат халк бояд душманони худро то садсолахо донад ва нагузорад ки чунин хукумронон ба кудрат дубора ояд. Вакти интихоботи демократи шуд набояд аз хайр кардан пул доштан ва аз кишлоку сода будани шахс интихоб кунанд. Аз сатхи маълумот ва барномаи барои халку кишвар хуб доштан бояд амал карду ва рохбари давлатро интихоб кард.
Лукашенко гуфта буд, ки баъд аз Қазоқистон навбати Ӯзбекистон аст
Боз ҳамун Раҳмону косалесонаш мехуранду халқи бечора тамошо мекунад. Лекин рузе гушна бо шер меҷангад.
Озоди гапҳои мара чоп кунед. Баъди Помириҳоро зада куштану террорист бровардан ( ягона минтақае ки ҳаққу ҳуқуқи худро медонистанд, ва ҳеҷ вакт хурофотиву ҷаҳолатпарасту пешвопараст набуданд) дигар Тоҷикистон дар дасти хонаводаҳай чихеле мефорашон фуррр метанш. Ягона умед ба помириҳо буд, агарбоз ягон босаводш аз хориҷа дар ООН у дигар чош бпромад накна, Тоҷикистон ҳисоб кунед аз даст рафт!!!