Дастаҳои мунтахаби футболи Ҷопон, Австралия ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мушарраф шуданд.
Рӯзи душанбеи 21-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб се бозии дигари даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 доир гардид. Нахуст тимҳои миллии Ҷопон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Шарҷа, дар варзишгоҳи “Sharjah Stadium”, рақобат карданд. Голи ягонаро дар ин дидор Такеҳиро Томиясу дар дақиқаи 20-ум ба ҳадаф расонда, бозиро ба нафъи ҷопониҳо бо ҳисоби 1:0 анҷом дод.
Баъдан дар бозии панҷуми ҳаштякфиналӣ, ки дар шаҳри Ал-Айн, дар варзишгоҳи “Khalifa bin Zayed Stadium”, барпо гардид, тимҳои миллии Австралия ва Узбекистон вориди рақобат шуданд. Замони асосии дидор бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Замони изофа низ бидуни гол хотима ёфт. Ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори австралиягиҳо омад кард. Қаҳрамони феълии Осиё бо ҳисоби 4:2 пирӯзӣ ба даст овард.
Бозии шашуми ҳаштякниҳоӣ, ки дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи “Zayed Sports City Stadium”, доир гардид, дастаҳои мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қирғизистон рӯбарӯ шуданд. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид.
Хамис Исмоил, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 14-ум ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 26-ум Мирлан Мурзаев ҳисобро баробар намуд. Алӣ Аҳмад Мабҳут дар дақиқаи 64-ум боз дастаи Иморотро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 91-ум Турсуналӣ Рустамов ҳисобро баробар кард – 2:2. Голи севум ва ҳалкунандаи Иморотро Аҳмад Халил дар замони изофа, дар дақиқаи 103-юм, аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.
Ҷоми Осиё, 1/8 финал:
Ҷопон – Арабистони Саудӣ - 1:0 (1:0, 0:0)
Гол: 1:0 - 20 Томиясу.
Огоҳӣ: Муто (39), Ал-Муваллад (55), Ал-Шаҳронӣ (81).
21-уми январ. Шарҷа, варзишгоҳи «Al-Sharjah Stadium».
Австралия - Узбекистон - 0:0 (0:0, 0:0, 0:0, 0:0), аз рӯи пеналтӣ - 4:2
Силсилаи пеналтӣ: 1:0, 1:1, 2:1, 2:2, 3:2, 4:2.
Огоҳӣ: Тухтахоҷаев (2), Рогич (20), Бехич (25), Ҳошимов (46), Грант (109).
21-уми январ, Ал-Айн, варзишгоҳи «Sheikh Khalifa International Stadium».
Иморот - Қирғизистон - 3:2 (дар замони изофӣ)
Голҳо: 1:0 - 14 Исмоил, 1:1 - 26 Мурзаев, 2:1 - 64 Мабҳут, 2:2 - 91 Рустамов, 3:2 - 103, пеналтӣ Халил.
Огоҳӣ: Сагинбоев (23), Исмоил (78), Мурзаев (88).
21-уми январ. Абу-Даби, варзишгоҳи “Zayed Sports City”.
Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Австралия ва Имороти Муттаҳидаи Араб, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо карданд, муборизаро барои дарёфти Ҷоми Осиё идома медиҳанд. Вале тимҳои миллии Арабистони Саудӣ, Узбекистон ва Қирғизистон аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуданд.
Ёдовар мешавем, аз ин пеш дастаҳои мунтахаби Ветнам, Чин ва Эрон ба чорякфинал баромада буданд, вале тимҳои миллии Урдун, Тайланд ва Умон аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гаштанд.
Ҳамакнун дар чорякфинал 24-уми январ Ветнам бо Ҷопон, Чин бо Эрон, 25-уми январ ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ/Баҳрайн бо ғолиби ҷуфти Қатар/Ироқ, инчунин Имороти Муттаҳидаи Араб бо Австралия рақобат мекунанд.
Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб то рӯзи 1-уми феврал идома хоҳад кард. Имрӯз, 22-юми январ, ду бозии охирини ҳаштякниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн ва Қатар – Ироқ доир мегардад.
Ҷоми Осиё-2019
1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)
Урдун – Ветнам – 1:1 (2:4, силсилаи пеналтӣ)
Тайланд – Чин – 1:2
Эрон – Умон – 2:0
1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)
Ҷопон – Арабистони Саудӣ – 1:0
Австралия – Узбекистон – 0:0 (4:2, силсилаи пеналтӣ)
Иморот – Қирғизистон - 3:2 (дар замони изофа)
1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)
18:00 Кореяи Ҷанубӣ - Баҳрайн
21:00 Қатар - Ироқ
1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)
18:00 Ветнам - Ҷопон
21:00 Чин – Эрон
1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)
18:00 Кореяи Ҷанубӣ/Баҳрайн – Қатар/Ироқ
21:00 Иморот – Австралия
Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)
19:00 Ғолиби чорякфинали 1 – Ғолиби чорякфинали 2
Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)
19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4
Финал. 1-уми феврал (ҷумъа)
19:00 Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2
Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе
Хама президентхо дар давраи рохбариаш чиноятхои бисёр мекунанд. Бо сабаби президент буданаш чора намеандешанд. Давлати мо низ аз ин чиз ори нест. Коррупсияи хешутабори.
Шерзамонов барои ман ту як ватанфурушӣ
Захирахои давлати аз они оила
Фочиаи Рушон, Хоруг ва тамоми кухистон ин кори дасти нохаки командаи ятими - сагира ва рахими драмма хаст, бо тарафдории диктатори точик рахмон. хатто писараш рустамро ба ин Корхо алалаш намекунанд, каар аш гуфта. ин алими шерзамон рост мегуяд, агар ин хел кудрат медошт, аккалан Бархоруг гашро начот медод. Дур ва гуреза хаст, ки гушаш мекунад? хамчунин ин хонум ва Холбашро. мардум монда ва зб шидаги аз ин солдатхои ярокдор дар назди дари хонааш, аз порахурии суду прокурор, он чо пул хам нест, ки пора тиханд. и раисони стулакдуст бояд отставка раванд, чунки дастонаш дар рехтани хуни нохаки инсонхои мулки ва солдатхои бегунох ифлос хаст.. хозир заданд мардума, бовари дорам, онхо боз мехезанд ба хотири арвохи куштагон ва дар зиндон будагони хешу ошнояш, и даф бо ери хамсоягони он Су.
Ҳақиқат мисли рӯз равшан аст. Ҳама мардуми Тоҷикистон огоҳ ҳастанд, ки дар Бадахшон интернет кор намекард. Ин фоҷиаҳо натиҷаи зулму ситами ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон аст. Бекорию бебарқӣ ва дар Русия дарбадар шудани халқи мазлуми тоҷик ба ҳама маълум аст. Ин ҳукуматдорони золим халқи бегуноҳи камбизоатро қатли ом мекунанд ва боз мехоҳанд худро бегуноҳ ҷилва диҳанд.