Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ду раҳбарро аз ҷаласаи ҳукумат "ҷавоб додааст"


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк”-ро аз маҷлиси солонаи ҳукумат ҷавоб додааст.

Яке аз ширкатдорони ҷаласа бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон баъди шунидани гузориши Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” ва Хайрулло Раҳимов, раиси “Тоҷик Эйр” дар бораи кори ниҳодҳояшон дар соли 2018 ҳардуро сахт танқид карда ва гуфтааст, ки аз толор хориҷ шаванд.

Ҳарчанд дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар бораи гузоришҳои раҳбарони “Амонатбонк” ва “Тоҷик эйр” хабар додааст, аммо ба танқиди фаъолияти ин ду ниҳод ишорае накардааст.

Фармони барканории онҳоро ҳам нашр накардаанд, аммо тибқи иттилои манобеи огоҳ, рондани ҳарду мақом онҳо аз толори ҷаласа маънои барканориашонро дорад.

Хайрулло Раҳимов, директори ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” ба сабаби буҳрон дар кори ширкат ва қатъи парвозҳояш интиқод мешунавад. Ширкат аз 2-юми январ парвозҳояшро қатъ кард ва тақдири он номаълум аст.

Сабабҳои рондани Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” аз толори маҷлиси ҳукумат маълум нест. Аммо як корманди ин бонкро барои дуздии пули бонк ба 14 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Мақомот гуфтанд, Салоҳиддин Зоирзода, аз соли 2015 то моҳи майи соли 2018 дар вазифаи сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ фаъолият карда ва дар ин муддат аз роҳи сохтакорӣ 600 ҳазор сомониро тасарруф кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта ҳам баъзе аз раҳбарони ниҳодҳои давлатиро аз толори ҷаласа ҷавоб додааст.

XS
SM
MD
LG