Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селфӣ ва смартфонҳо душмани кори Асрориддин шудаанд. ВИДЕО


Асрориддин Холов
Асрориддин Холов

Асрориддин Холов, суратгири ҳирфаӣ, ки қаҳрамони аксҳои аввалинаш акнун 19 - сола шудаанд рӯзҳоро дар интизори муштарӣ дар пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ сипарӣ мекунад.

Ӯ 42 сол дорад ва замоне ба аккосӣ оғоз кард, ки 23-сола буд. Он замон аз мавҷи муштариҳо хаста мешуд ва ҳар рӯзи кораш барои хонаводааш пули хуб меовард.

Ҳоло Асрориддин ҳар рӯз як тасвирро мебинад, мавҷи ҷавонон, ки ба майдон мерезанд, селфӣ мегиранд ва бо шурӯ ғавғо аз майдон дур мешаванд. Гоҳо ягон раҳгузар телефонашро ба Асрориддин медиҳад, то дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ акси ӯро бардорад. Бе пул албатта.

Асрориддин мефаҳмад, ки дунё пеш рафтааст ва ӯ акнун бо дурбинаш наметавонад iPhone, iPad, Samsung ва дигар фанновариҳои навинро дарёб кунад. Ҳарчанд мегӯяд, магар чизе метавонад, ҷолибтар ва муҳимтар аз албоми хонаводагӣ бошад.

Селфиву смартфонҳо душмани аксбардорон шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

“Солҳои пеш корамон хуб буд, даромадамон 10 соли ахир ба маротиб кам шуд, ман дар як моҳ то 2000 сомонӣ кор мекардам, дар иду ҷашнҳо бештар даромад доштам, вале ҳоло дар рӯзҳои ид 300 сомонӣ ва дар як моҳ то 500 сомонӣ кор мекунам”, мегӯяд, Асрориддин.

Ӯ меафзояд, чаҳор фарзандаш бузург шуданд, бояд онҳоро таъмин кунад. Бо дипломи донишгоҳи омӯзгорӣ, ки солҳо пеш хатм кард, акнун кор ёфтан душвор шудааст. Асрориддин Холов мисли бисёр мардҳои камдаромади Тоҷикистон шикоятро дӯст намедорад.

“Ба ҳаминаш ҳам шукр мекунам, мунтазир мемонам, ки Худо ризқи моро ҳам расонад”,- мегӯяд ӯ.

Дигар барои ёфтани акс сандуқу ҷевон намекобанд

Аксҳоеро, ки аксбардороне мисли Асрориддин Холов солҳо пеш бардоштаанд, дар албоми ҳар хонавода метавон пайдо кард. Аммо ин албомҳо бештар ба насли калонсол мансубанд. Ҷавонҳо албоми худро дар телефони ҳамроҳ нигаҳ медоранд. Ҳар вақте дилашон хост онро варақ мезананд ва барои ёфтани акси зарурӣ сандуқу албом намекобанд.

Фарзона
Фарзона

Фарзонаи Маҳмадулло, сокини Бохтар мегӯяд, ёд надорад кай суратгири касбӣ акси ӯро бардошта буд. Ӯ мегӯяд шояд охирин акс ҳамон сурати умумие буд, ҳангоми хатми мактаб бо ҳамсинфонаш бардошта буд.

Фарзона бо телефони ҳушмандаш акс мегирад, дар саҳифаи “Instagram”-у “Facebook”-аш мегузорад ва “лайк”-у шарҳи дӯстонашро интизор мешавад.

“Аз вақте, ки бо телефони ҳушманд акс мегирам, дигар сурати “коғазӣ” нагирифтаам, аксҳои зиёд мегирам, кадомаш, ки ба ман писанд омад ба дӯстон мефиристонам ва дар шабакаҳои иҷтимоии худам гузорам. Телефонам, як хазинаи аксҳои ман аст”, мегӯяд, ӯ.

Аммо на ҳамаи суратгирҳо ба iPhone, iPad, таслим шуданд. Ихтиёри Бахтиёр, як суратгири ҷавон вақте дид, ки бозори ҳамкасбонаш касод мешавад, дар шаҳри Бохтар студияи худро боз кард ва аксҳои ҳирфаияшро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб кард. Ин ҷавон мегӯяд, ки акс як ҷузъи зиндагӣ, як лаҳзаи ҳаёт аст, ки солҳо дар девори хона бо инсон хоҳад буд ва хотираҳоеро дар худ таҷассум мекунад.

Чизе ҷойи аксҳои ҳирфаиро намегирад

Агарчӣ шеваҳои нави аксбардорӣ рӯи кор меоянд, аммо аксҳои классикӣ бояд зинда монанд. Ҳеҷ телефоне наметавонад, кори як аккоси ҳирфаиро анҷом диҳад, гуфт Ихтиёри Бахтиёр ва чунин далел овард:

“Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинед, хориҷиҳо ва русҳое, ки ба Тоҷикистон меоянд, мехоҳанд, аксҳои босифат ва ҳирфаӣ дошта бошанд. Медонистам, ки бо бештар шудани бозори телефонҳои ҳушманд кор дар кӯчаю хиёбонҳо дигар даромад надорад, барои ҳамин ба коре оғоз кардам, ки моҳияташ гум намешавад. Ман бовар дорам ва ба ояндаи корам хушбин ҳастам."

Ихтиёри Бахтиёр
Ихтиёри Бахтиёр

Ихтиёр мегӯяд, ки нархи як аксаш аз 5 сомонӣ боло аст, вале силсилаи аксҳо ё ба истилоҳ “фотосессияҳо”-яш арзиши бештар доранд. Қаҳрамони аввали гузориши мо Асрориддин Холов як акси бардоштаашро ба 1 сомон мефурӯшад ва ба бозорёбии ҳамкасбони ҷавонаш, ки роҳи шабакаҳои иҷтимоӣ ва тарғиби онлайниро пайдо кардаанд, бо ҳавас менигарад.

Ӯ мегӯяд, ки беш аз 20 нафар ҳамкасбонад, ки аз рақибони тиҷорати ӯ буданд, бо сард шудани бозори суратгирӣ майдонро холӣ карданд. Баъзе ба муҳоҷират рафт, бархе ронандаи таксӣ, бархе ҳам нонпазу ошпаз шуд.

Зиндагии хонаводаҳое, ки дар Русия муҳоҷири корӣ доранд, нисбат ба зиндагии мардуми дигар беҳтар аст. Асрориддин инро мебинад. Ӯ ҳам акнун вақтҳои ахир бештар дар бораи муҳоҷират фикр мекунад.

XS
SM
MD
LG