Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Боздошт барои интиқоли 25 миллион евро ба террористон

Акс аз бойгонӣ

Додситонҳои Булғористон панҷ шаҳрванди Сурия ва як зани булғориро ба сармоягузории гуруҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна муттаҳам карданд. Румиана Арнаудова, сухангуи додситонии кулли Булғористон рӯзи 19-уми январ гуфт, “ин гуруҳ дар зарфи чаҳор соли гузашта ба гуруҳҳои террористӣ 25 миллион евро фиристодааст”.

Иван Гучев, муовини додситони кулли Булғористон гуфтааст, чунин ҳодиса дар Иттиҳодияи Аврупо то кунун дида нашудааст. Интиқоли миллионҳо евро соли 2016 сурат гирифтааст.

Неруҳои махсус дар робита ба ин қазия рузи 18-уми январ дар чандин ҷой амалиёт анҷом дода ва 43 нафарро дастгир карданд. Ба гуфтаи Арнаудова, пулро аз роҳи системаи исломии “ҳавола” интиқол медодаанд, аз ин рӯ радёбии он мушкил будааст.

Ба гуфтаи ӯ, гуруҳи ҷиноӣ ҳамчунин дар Булғористон даҳҳо мошин харида ва аз тариқи марзи Туркия ба гуруҳҳои террористӣ ба Сурия фиристодааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Созмонҳо хомӯшанд, даъватҳои ҷудогона барои раҳоии Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Бо гузашти ду ҳафта аз қарори ҳабси хабарнигорону блогерон, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар робита ба қазияи онҳо изҳороте надоданд. Айни замон баъзе аз рӯзноманигорон дар алоҳидагӣ хоҳони раҳоӣ ё баррасии одилонаи парвандаашон шудаанд.

Абдуқодири Рустам, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, рӯзи 2-юми июл тавассути Фейсбук ба пуштибонӣ аз онҳо садо баланд кард. Ӯ навишт, "Далер ва Абдуллоҳро озод кунед! Бо истинод ба қонун қонуншиканӣ накунед, барои ҳимоят аз худ ҳуқуқи дигаронро поймол насозед! Суханро намешавад зиндонӣ кард!"

Дар ҳамин рӯз, Ҳуриннисо Ализода, рӯзноманигор ва раиси Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон, низ дар паёме дар Фейсбук гуфт: "Зиндонӣ кардани забони журналистика роҳи ҳалли масоили иҷтимоӣ нест. Агар ҷурми дигаре ҳаст, бояд ҷомеа бидонад. Ҷомеа ба иттилои саҳеҳ ҳақ дорад, на ба тахминзанӣ, тарс ва дилхунукӣ!"

Аз он пеш, 29-уми июн, Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутии пойтахт, хоҳони расидагии "холисона"-и Додситонии кул ва Маҷлиси Миллӣ ба қазияи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ шуд, то ба гуфтааш, "эътиқоди мардум аз волоияти қонун, ҷомеаи демократӣ, нерӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ коста нашавад."

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн дастгир ва 18-уми июн ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Мақомот Далери Имомалиро ба "соҳибкории ғайриқонунӣ", "дурӯғпароканӣ" ва "пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ" ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ба маъмури милиса гумонбар донистанд. Онҳо бахши асосии иттиҳомҳоро напазируфтаанд.

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҳамроҳ барои Ютюб гузориш омода мекарданд, вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Чанд созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Human Rights Watch аз мақомот хостанд, иттиҳоми зидди ду блогерро бекор карда, онҳоро озод намоянд.

Мақомот чизе намегӯянд. Ба парвандаи Далери Имомалӣ муҳри махфӣ задаанд ва вакили мудофеъ забонхат додааст, ки дар бораи парванда ҷузъиёт намедиҳад.

  • Дар тақрибан ду моҳи охир дар Тоҷикистон камаш панҷ рӯзноманигору блогер дастгир шудаанд
  • “Бунёди Бузургмеҳр”, созмони мустақар дар Аврупо, аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) ва Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) ном бурдааст.
  • Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи мадании Бадахшон, ки 17-уми майи имсол дар Душанбе дастгир шуд, низ рӯзноманигор аст.
  • Дар ин давра ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шуд.

Раиси ҷумҳури Узбекистон аз талафот дар байни мардум ва низомиён хабар дод

Раиси ҷумҳури Узбекистон дар Нуқус

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, гуфт, дар ҷараёни нооромиҳо дар Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон маъмурони интизомӣ ва ғайринизомиён талафот доданд, вале рақами мушаххасеро ба забон наовард.

Дафтари матбуоти президенти Узбекистон рӯзи 3-юми июл аз қавли ӯ гуфт, "мутаассифона, дар миёни ғайринизомиён ва маъмурони интизомӣ талафот ҳаст."

Пӯлод Охунов, сиёсатмадори мухолиф дар хориҷи Узбекистон, ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, тамоси ӯ бо манобеи маҳаллӣ ва наворҳо ҳалокати камаш панҷ касро тасдиқ мекунанд. Ӯ афзудааст, эҳтимол шумораи қурбониён бештар аз ин аст.

Гирифтани иттилои дақиқ аз минтақа мушкил аст, чун дар онҷо дастрасиро ба Интернет ва телефон маҳдуд кардаанд.

Сокинони Қароқалпоқистон ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд, ки рӯзи 26-уми июн барои баррасӣ ба муҳокимаи умум пешниҳод шуд. Дар тағйиру ислоҳот дар тарҳи нави Қонуни асосии Узбекистон дар банди мақоми Қароқалпоқистон калимаи "мустақил"- ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Узбекистон нест.

Тазоҳурот дар шаҳри Нуқус, 1-уми июли 2022
Тазоҳурот дар шаҳри Нуқус, 1-уми июли 2022

Рӯзи 27-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое дида мешуд, ки на камтар аз 100 нафар бо парчами Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар кӯчаҳои Нуқус ҷамъ шудаанд. Тазоҳурот баъди он авҷ гирифт, ки мақомоти интизомӣ Давлатмурод Тоҷимуродов, хабарнигор ва фаъоли маданиро, ки мардумро ба тазоҳурот ба зидди тарҳи нави Конститутсия даъват мекард, дастгир шуд. Баъдан хабари раҳоии ӯ нашр шуд.

Шавкат Мирзиёев рӯзи 3-юми июл эътирозгаронро ба сангпартоиву оташкушоӣ ва ҳамла ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Нуқус, маркази Қароқалпоқистон, муттаҳам кардааст.

Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 40 дар сади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад ва аҳолиаш тақрибан 2 миллион нафар аст. Забони расмии он қароқалпоқӣ ва узбекӣ аст. Дар солҳои аввали Шӯравии собиқ Вилояти Мухтори Қароқалпоқистон вуҷуд дошт, ки соли 1936 ба қаламрави Узбекистон ҳамроҳ карда шуд.

Дар оғози солҳои 90-ум, баъди пошхӯрии Шӯравӣ, Шӯрои Олии Қароқалпоқистон Эъломияи истиқлол қабул кард ва соли 1993 аҳдномаи байнидавлатӣ дар бораи ба қаламрави Узбекистон ворид шудани Қароқалпоқистон имзо шуд.

Маҳз дар ҳамин аҳднома ҳаққи берун шудани Қароқалпоқистон аз ҳайати Узбекистон зикр шудааст ва айни чиз дар Конститутсияи Узбекистон низ ҳаст.

Даъвати рӯҳониёни тарафдори Толибон аз ҷаҳон

Нишасти улаои дин дар Кобул

Нишасти садҳо рӯҳонӣ ва раҳбарони қабилаҳо дар Кобул рӯзи 2-юми июл бо изҳори пуштибонӣ аз ҳукумати Толибон ба поён расид. Онҳо ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, "имороти исломӣ"-ро дар Афғонистон бипазиранд.

Гуруҳи тундрави "Толибон", ки фаъолияташ ҳанӯз дар аксар кишварҳо мамнуъст, моҳи августи соли 2021 дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт.

Нишасти уламои дин дар Кобул аз 30-юми июн то 2-юми июл идома кард. Ин чорабинӣ таҳти назорати шадид гузашт ва дар он занон иштирок надоштанд.

Рӯҳониён нишастро бо байъат ба раҳбари ин гурӯҳи тундгаро, Мавлавӣ Ҳайбатулло Охундзода, ба поён расонданд.

Охундзода рӯзи 1-уми июл ба таври ногаҳонӣ дар нишаст суханронӣ кард. Вай баъди берун рафтани нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 раҳбарии ҳукумати Толибонро ба дӯш гирифт.

Рӯҳонӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ гуфт, эъломияи иборат аз 11 банд, ки дар поёни нишаст қабул шуд, аз кишварҳои ҷаҳон, Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои исломӣ даъват мекунад, Афғонистони зери раҳбарии Толибонро ба расмият шиносанд.

Дар эъломия хоста шудааст, таҳримҳоро бекор ва дороиҳои бандмондаи Афғонистонро дар хориҷа озод намоянд.

Аксар кишварҳои ҷаҳон риояи ҳуқуқи одамон, бахусус занону духтарон, таъмини озодии баёну эътиқод ва ташкили ҳукумати фарогирро аз шартҳои асосии пазируфтани ҳукумати Толибон медонанд. Чизе, ки ба гуфтаи онҳо дар ёздаҳ моҳи ҳукумати Толибон дида нашудааст.

Тирпарронӣ миёни муҳоҷирон дар Сербистон

Белград, акс аз бойгонӣ

Бар асари тирпарронӣ миёни муҳоҷирон дар шаҳри Суботитсаи Сербистон, дар наздикии сарҳади ин кишвар бо Венгрия ё Маҷористон, камаш як нафар кушта ва шаш каси дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора RTS, телевизиони давлатии Сербистон, хабар дод.

Захмиёнро барои муолиҷа ба пойтахт, шаҳри Белград, бурдаанд.

Шаҳрдори Суботитса Стеван Бакич гуфтааст, муҳоҷирон аксаран 20-30-сола ҳастанд, аммо ҳуҷҷат надоранд.

Мақомот сабаби тирпаррониро шарҳ надоданд. Расонаҳои маҳаллӣ нигоштанд, ки ҳодиса миёни муҳоҷирони афғонистонӣ ва покистонӣ рӯй додааст.

Туркия аз ҳамла гуфт, вазири эронӣ ба Сурия рафт

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён

Дар ҳоле ки Туркия таҳдид кардааст, ба ниманизомиёни курд дар шимоли Сурия ҳамла хоҳад кард, вазири корҳои хориҷии Эрон ба Димишқ рафт.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён рӯзи 2-юми июл гуфт, талошҳо барои барқарории сулҳу амният байни Туркия ва Сурия анҷом шуда, Теҳрон аз даргирии нав пешгирӣ хоҳад кард.

Амирабдуллоҳиён бо Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, мулоқот карда, ба хабари ИРНА, кишварҳои ғарбиро ба иддаои дурӯғин дар мавриди сулҳу субот дар Сурия муттаҳам намудааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар моҳи июни имсол таҳдид кард, ки амалиёти низомии навро дар ду минтақа дар шимоли Сурия, аз ҷумла алайҳи ниманизомиёни курд оғоз хоҳад кард. Туркия онҳоро "террорист" меномад.

Маскав мегӯяд, Луҳански Украинаро зери назорат гирифт

Акс аз бойгонӣ

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, рӯзи 3-юми июл ба президенти он кишвар Владимир Путин хабар додааст, ки артиши Русия вилояти Луҳански Украинаро "озод" кард.

Шойгу гуфт, артиши Русия ва нерӯҳои зери ҳимояти Маскав шаҳри Лисичанск, саҳнаи охирини даргириҳоро дар шарқи Украина, тасарруф кардаанд.

Ин шаҳр охирин маркази бузурги аҳолинишин дар вилояти Луҳанск аст, ки қисман зери назорати Украина қарор дорад.

Расонаҳои давлатии Русия аз қавли Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифоъ, навиштанд, "сарбозони рус... дар дохили Лисичанск меҷанганд ва душмани иҳоташударо торумор мекунанд."

Серҳей Ҳайдай, волии ҷонибдори Киев дар Луҳанск, дар Телеграм навишт, нерӯҳои Русия "дар шаҳр ҷойи по меёбанд".

Мушовири раисиҷумҳури Украина Алексей Арестович шоми 2-юми июл гуфт, нерӯҳои Русия дар шаҳр "вазъияти хатарноке"-ро ба вуҷуд овардаанд.

Русия моҳи апрели имсол нерӯҳои худро аз атрофи Киев ва минтақаҳои дигари Украина берун бурд ва эълон кард, ки тамаркузашро барои пурра зери назорат гирифтани Донетску Луҳанск равона мекунад.

Маскав моҳи феврали имсол ба Украина ҳамла карда, онро амалиёти махсус барои ғайринизомӣ кардани ҳамсояаш номид. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз ба хоки Украина дониста, алайҳи Кремлин ва мансабдорону сарватмандонаш таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

Дар ин ҷанг, ки ҳанӯз идома дорад, аз ду тараф ҳазорҳо кас кушта ва дар Украина миллионҳо нафар беҷо ва овора шудаанд.

Дар садамаи мусофирбар дар Покистон 19 кас ҷон бохт

Акс аз бойгонӣ

Бар асари чаппа шудани мусофирбаре дар вилояти Балуҷистони Покистон 19 кас ҷон бохта, чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 3-юми июл ва дар пайи бориши зиёди борон рӯй дод. Маъмурони наҷот дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.

Маҳтоб Шоҳ, як масъули маҳаллӣ, гуфтааст, дар мусофирбар 35 кас нишаста буданд. Ӯ афзуд, мусофирбар аз Исломобод ба тарафи Кветта мерафт ва мусофирон аксаран мардон буданд.

"Вазъи баъзе аз захмиён вазнин аст ва шумораи қурбониён метавонад афзоиш ёбад," – илова кард Шоҳ.

Дар Покистон ба далели бад будани роҳҳо ва беэҳтиётии ронандагон ҳар чанд вақт садамаҳои маргбор рӯй медиҳад. Моҳи гузашта бар асари чаппа шудани мусофирбар ба ҷарӣ дар як минтақаи дигари Балуҷистон 22 нафар ҷон бохтанд.

Русия аз таркишҳо дар Белгород хабар дод

Волии Белгороди Русия, минтақаи ҳаммарз бо Украина, гуфт, дар шабонарӯзи гузашта дар маркази ин вилоят камаш се кас кушта ва биноҳои зиёде осеб дидаанд. Як вакили Русия онро "амали таҷовузкоронаи Украина" номид.

Вячеслав Гладков, волии Белгород, рӯзи 3-юми июл дар паёме дар Телеграм аз "таркишҳои зиёд" дар ин минтақаи дорои 400 ҳазор аҳолӣ дар Русия хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар ин ҳодиса дастикам 11 бинои истиқоматӣ вайрон шудааст. "Камаш чаҳор нафар, аз ҷумла як кӯдаки 10-сола захмӣ шуданд," – иддао кард Гладков.

Вакили Шӯрои Федератсияи Русия Андрей Клишас Украинаро дар ин ҳодиса гунаҳкор кард. Вай дар Твиттер навишт, "марги аҳолии осоишта ва тахриби зерсохтори ғайринизомӣ дар Белгород амали мустақим ва таҷовузкоронаи Украина аст ва вокуниши шадидро тақозо мекунад."

Навори таркишу сӯхтор дар Белгородро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, аммо иддаои мақомоти Русияро мустақилона тасдиқ кардан ғайриимкон аст.

Украина ҳанӯз ба ин даъвоҳо посух надодааст.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол дар Белгород ва минтақаҳои дигари Русия мавридҳои зиёди сӯхтор ва таркиш сабт шудааст. Киев масъулияти ҳеч яке аз онҳоро бар дӯш нагирифтааст.

Лукашенко иддао кард, ки чанд мушаки Украинаро "заданд"

Александр Лукашенко

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, бе пешниҳоди далеле иддао кард, ки нерӯҳои кишвараш чанд мушаки Украинаро "задаанд".

Хабаргузории давлатии "Белта" рӯзи 2-юми июл аз қавли Лукашенко навишт, "онҳо моро таҳрик медиҳанд".

"Бояд бигӯям, ки тақрибан се рӯз пеш, шояд бештар аз он, онҳо аз Украина мехостанд, ба ҳадафҳои низомии Беларус зарба зананд. Худоро шукр, системаҳои зиддиҳавоии "Пантсир" ҳама мушакҳои сардодаи нерӯҳои Украинаро боздошт."

Лукашенко ҳамчунин гуфтааст, Беларус хоҳони ҷанг бо Украина нест, вале дар сурати ҳамла бо Украина меҷангад.

Артиши Украина дар ин бора изҳори назар накардааст.

Беларус ба таври мустақим дар ҷанги Украина иштирок надорад, аммо ба ҳамлаи Русия дар 24-уми феврали имсол мадад кардааст.

Ду вакили порлумони Арманистон аз мақомашон маҳрум шуданд

Ишхон Сағателиён

Ду вакили бонуфузи мухолифонро аз мақомҳояшон дар порлумони Арманистон маҳрум карданд, чун ду нафар тазоҳурот бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашиниёнро раҳбарӣ мекарданд.

Тамоми 66 вакили Шӯрои Мардумии Арманистон зимни раъйгирӣ дар порлумон дар рӯзи 1-уми июл ба тарафдории аз мақоми муовини раиси порлумон барканор кардани Ишхон Сағателиён ва аз мақоми раиси кумиссиёни иқтисодии порлумон барканор кардани Ваге Акопиён раъй додаанд.

Аксари вакилон аз Ҳизби Аҳди Мардумии Никол Пашиниён буданд ва вакилони мухолифи давлат ба нишони эътироз аз раъйдиҳӣ даст кашиданд. Ташаббускорони барканории вакилон аз мақомҳояшон далел оварданд, ки ду вакил аз соли гузашта то кунун дар бисёре аз ҷаласаҳои порлумон ҳузур надоштаанд.

Сағателиён ва Акопиён, ки дар ҷаласаи рӯзи 1-уми июл набудаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қарори порлумон дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Дар шаҳри Ереван пойтахти Арманистон аз аввали моҳи май то нимаи моҳи июн ҳар рӯз тазоҳурот бо талаби истеъфои нахуствазир баргузор мешуд.

Олмон роҳҳои коҳиши пойбандӣ аз гази Русияро "пайдо кардааст"

Вазири иқтисод ва муҳити зисти олмон Роберт Ҳабек

Роберт Ҳабек, вазири иқтисоди Олмон гуфтааст, кишвараш то аввали соли 2023 соҳиби ду киштии азими интиқолдиҳандаи гази моеъ хоҳад шуд. Ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Велт эм Зонтаг” рӯзи 2-уми июл гуфтааст, ки дар умум ҳукумати Олмон чаҳор пойгоҳи шиновари гази моеъ иҷора гирифтааст, то пойбандӣ ба гази Русияро коҳиш диҳад.

Ӯ гуфтааст, “Ду киштие, ки имсол хоҳем дошт, ба Вилҳемшавен ва Брунсбуттел то аввали соли 2023 интиқол дода мешаванд.” Ба қавли вазири олмонӣ, корҳо барои даст кашидан аз гази Русия бо суръате пеш меравад, ки “пеш аз ин ҳеч гоҳ дар Олмон дида нашудааст”.

Клаус Мюллер як мақоми дигари Олмон рӯзи 2-уми июл гуфт, аз он бим дорад, ки Русия шояд интиқоли газ ба Олмонро батамом қатъ кунад. Олмон яке аз мизоҷони аслии гази табии Русия аст ва дар сурати қатъи газ, иқтисоди он метавонад ба мушкилоти азиме дучор шавад.

Русия моҳи гузашта интиқоли газ ба Олмон, Итолиё, Австрия ва Чехияву Словакияро коҳиш дода гуфт, ки сабаб мушкилоти фаннӣ дар лӯлаи гази Маҷрои Шимолӣ-1 аст. Вазири иқтисоди Олмон Роберт Ҳабек гуфтааст, ҳеч мушкили фанни нест ва масъала “баҳси тиҷоратӣ”- и Олмон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст.

Заминларзаи қавӣ дар Эрон чандин нафарро куштаву захмӣ кардааст

Bилояти Ҳурмузгон. Рӯзи 2-уми июл

Мақомоти расмӣ дар Эрон мегӯянд, заминларзаи қавӣ шаби гузашта ин кишварро такон дода ва сабаби талафот дар байни мардум шудааст.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 2-уми июл гузориш дод, ки дар натиҷаи заминларзаи 6.3 дараҷаӣ дар вилояти Ҳурмузгон дар ҷануби шаҳри Теҳрон камаш 5 нафар кушта ва 44 тани дигари захмӣ шудаанд. Зилзила бомдод рух дода ва хонаҳои мардуми рустои Саёҳхушро вайрон кардааст.

Ҳоло маълум нест, талафот дар кадом маҳалли кишвар будааст. Эрон дар яке аз гӯшаҳои зилзилахези курраи Замин ҷойгир аст. Соли 1990 зилзилаи 7.4 дараҷаӣ дар шимоли кишвар бештар аз 40 000 нафарро кушт ва 13 сол баъди дар соли 2003 айни фалокат бо неруи 6.6 дараҷа дар вилояти Кирмон ҷони бештар аз 31 ҳазор нафарро гирифт.

Дар Тоҷикистон 30 кӯдаки дигари гирифтор ба ВИЧ-ро сабт кардаанд

Бино ба оморҳои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон дар байни кӯдакон ва наврасони то 18-сола 30 мавриди нави сирояти бемории вируси норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ-ро пайдо кардаанд.

Дар омори вазорати тандурустӣ, ки дастрасӣ Радиои Озодӣ шуд, омадааст, 30 гирифтори навро соли 2021 ва ҳангоми ташхиси бештар аз 10 ҳазор кудак пайдо кардаанд ва ин рақам назар ба соли 2020 камтар аст.

Дар соли 2019 дар Тоҷикистон 92 кӯдаку навҷавони то 18 соларо сабт кардаанд, ки аз кадом роҳе вируси норасоии масунияти бадан ба онҳо сироят кардааст.

Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон соли 2021 бештар аз 1100 кӯдак аз гирифтори ВИЧ будаанд ва нисфи зиёди онҳо ё 676 нафарро писарон ташкил медодаанд ва бақияро духтарон. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳамаи онҳо ройгон муолиҷа мегиранд.

Шуруъ аз 1 июл Украина барои шаҳрвандони Русия виза ҷорӣ кард

Барои дарёфти визаи Украина шаҳрвандони Русия метавонанд, ба марказҳои VFS Global дар ҳашт шаҳри Русия муроҷиат кунанд, хабар дод вазорати корҳои хориҷии Украина.

Дархост барои дарёфти визаи Украинаро дипломатҳо дар кишварҳои севум баррасӣ мекунанд, зеро баъди ҳамлаи Русия ба Украина дар рӯзи 24 феврали соли ҷорӣ, Украина ҳама гуна робитаҳои дипломатиро бо Русия қатъ кардааст.

Аммо дарёфти виза низ ба шаҳрвандони Русия кафолати сад дарсадӣ намедиҳад, ки вориди Украина шаванд. Тасмими ниҳоӣ дар ихтиёри марзбонон дар гузаргоҳҳои марзӣ аст.

Владимир Зеленский, президенти Украина миёнаҳои моҳи июн гуфта буд, ки мақомоти кишвараш "барои муқобила бо хатарҳои бесобиқа ба амнияти миллӣ" чунин тасмим гирифтаанд.

Дар Украина баъди он бо Русия виза ҷорӣ карданд, ки шаҳрвандон дархости онлайниеро роҳандозӣ карданд.

Дар вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтанд, "бо назардошти манфиатҳои миллии Русия" ба тасмими охири Украина посух хоҳанд дод.

Равуои бидуни виза байни Русияву Украина ҳатто баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия ва оғози низоъ дар Донбасс барқарор буд. Шаҳрвандони Русия метавонистанд, то 90 рӯз бидуни виза дар Украина қарор дошта бошанд.

Украина як ҷазираи ғасбшударо аз Русия бозпас гирифт

Владимир Зеленский, президенти Украина бо сарвазир ва вазири дифои ин кишвар

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, бозпас гирифтани назорати Ҷазираи Змейиний тағйироти чашмгире дар вазъи Баҳри Сиёҳ аст. Ӯ дар муроҷиати шабонаи видеоӣ дар рӯзи 30-уми июн гуфт, ки бозпас гирифтани ҷазира, замонат намедиҳад, ки Русия дигарбора барнамегардад, вале ба ҳар ҳол амалкардҳои неруҳои Русияро маҳдуд мекунад.

Владимир Зеленский, ба хадамоти ҷосусӣ ва халабонҳои кишвараш барои бозпас гирифтани ҷазира аз дасти неруҳои Русия ташаккур гуфт. Маскав гуфт, ки иддаои бозпас гирифтани ҷазира асос надорад ва неруҳои Русия бо нияти хайр ҷазираро ба Украина баргардонданд, то ин кишвар тавонад маҳсулоти кишоварзии худро ба хориҷ бифурӯшад.

Назорати Ҷазираи Змейиний, ки 40 километр дуртар аз соҳили Украина аст, ба Русия имкон медод, роҳҳо ба самти шаҳри Одесса, яке аз бандарҳои асосии содироти ғалладона аз Украинаро назорат кунад.

Қирғизистон ба "Эксимбонк"-и Чин $112 млн мепардозад

Акс аз бойгонӣ.

Қарзи хориҷии Қирғизистон аз Эксимбонки Чин ба 1 млрд 794 млн 120 ҳазор доллар расидааст. Дар ин бора аз вазорати молияи Қирғизистон хабар доданд. Дар вазорат гуфтанд, соли ҷорӣ Қирғизистон ба бонки чинӣ 111 млн 730 ҳазор доллар мепардозад.

Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон пештар гуфта буд, ки дар сурати пардохт нашудани қарз "Эксимбонк"-и Чин мудирияти иншоотеро амсоли Маркази гармидиҳии Бишкек, "Датка-Кемин" ва роҳи мошингарди Шимол-Ҷанубро ба ихтиёр медарорад.

Вазорати молияи Қирғизистон мегӯяд, қарзи давлатии он кишвар ба 5 млрд 119,15 млн доллар расидааст.

Як хонаи муҳташам дар Ҳонконг, ки ба Каримова рабт дошт, бо $68,4 млн фурухта шудааст

Гулнора Каримова.

Як хонаи муҳташам дар Ҳонконг, ки эҳтимолан ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон рабт дошт, мумкин аст, бо қимати 68,4 млн доллар фурухта шуда бошад. Дар ин бора расонаҳои байналхалқӣ хабар медиҳанд.

Ба иттилои расонаҳо, хонаи мавриди назар соли 2008 бо қимати 36,5 млн доллар ба ширкати Zeromax фурухта шуда буд. Ширкати мазкурро ба Гулнора Каримова рабт медиҳанд.

Додситонии кулли Узбекистон соли 2017 дар бораи хонаи мазкур хабар дода буд.

Гулнора Каримова соли 2015 ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро дубора соли 2020 бо айби "ғорати маблағҳои буҷаи Узбекистон ва бастани шартномаҳо бар зарари Узбекистон, инчунин аз худ кардани амволи дигарон бо роҳи тамаъҷӯӣ" ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд.

Неруҳои посдори сулҳи Қазоқистон ба кишварҳои африқоӣ фиристода мешаванд

Посдорони сулҳ аз Қазоқистон.

Порлумони Қазоқистон ирсоли неруҳои посдори сулҳи ин кишварро дар доираи маъмурияти СММ ба давлатҳои африқоӣ иҷозат дод.

Бо пешниҳоди президенти Қазоқистон иштироки неруҳои мусаллаҳи он кишвар дар доираи маъмурияти СММ дар кишварҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Конго ва Малӣ густариш дода хоҳад шуд.

Руслан Жаксиликов, вазири мудофиаи Қазоқистон гуфт, 430 низомии қазоқистонӣ ба кишварҳои африқоӣ ирсол мешаванд.

"Дар пайи мураккабтар шудани вазъи дунё президенти Қазоқистон бар ин назар аст, ки афзоиши теъдоди неруҳои посдори сулҳи Қазоқистон дар доираи маъмурияти СММ ҳадафмандона хоҳад буд", - гуфт Жаксиликов.

Ба иттилои вазорати мудофиаи он кишвар, шуруъ аз соли 2014 45 афсари қазоқистонӣ дар доираи маъмурияти СММ дар Сахараи Ғарбӣ, Кот-д’Ивуар ва Лубнон ба ҳайси нозири низомӣ ва афсари ситод фаъолият кардаанд. Ҳамчунин шуруъ аз соли 2018 дар доираи "Неруҳои муваққати СММ дар Лубнон" 520 низомии қазоқистонӣ иштирок кардаанд.

Дар Қирғизистон фаъолияти қиморхонаҳо қонунӣ шуд

Эътирози мухолифони бозшавии қиморхонаҳо дар Қирғизистон.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон қонунҳоеро имзо кард, ки бозшавии дари қиморхонаҳоро барои хориҷиҳо иҷозат медиҳанд.

Ҷабборов рӯзи 30 июн қонун "Дар бораи тиҷорати бозӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон" ва "Дар бораи тағйирот ба бархе аз санадҳои ҳуқуқӣ оид ба масъалаи тиҷорати бозӣ"-ро имзо кардааст.

Дар сомонаи расмии президенти Қирғизистон омадааст, ки қонунҳо барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ба буҷа имзо шудаанд.

Шаҳрвандони Қирғизистон, шаҳрвандони хориҷии то синни 21, инчунин шаҳрвандони дорои имкониятҳои маҳдуд иҷоза надоранд, ки ба ҳайси муштарӣ ба қиморхонаҳо ворид шаванд.

Ҳаҷми андоз аз як мизи бозӣ дар соли 2022 750 ҳазор сом ва дар соли 2023 як миллион сомро ташкил хоҳад дод.

Қонуни мазкурро порлумони Қирғизистон ҳафтаи гузашта қабул кард. Баъди қабули қонун бархе аз сокинони Қирғизистон эътироз карданд ва аз президенти он кишвар хостанд, ки қонун дар бораи қиморхонаҳоро имзо накунад.

Нерӯҳои посдори сулҳи Қазоқистонро ба кишварҳои африқоӣ мефиристанд

Нерӯҳои посдори сулҳи Қазоқистон. Алмато, соли 2018

Порлумони Қазоқистон иҷоза дод, ки нерӯҳои посдори сулҳи ин кишвар дар доираи маъмурияти СММ ба давлатҳои африқоӣ фиристода шаванд.

Бо пешниҳоди президенти Қазоқистон иштироки нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар дар доираи маъмурияти СММ дар кишварҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Конго ва Малӣ густариш дода хоҳад шуд.

Руслан Жаксиликов, вазири мудофиаи Қазоқистон, гуфт, 430 низомии қазоқистонӣ ба кишварҳои африқоӣ ирсол мешаванд.

"Дар пайи мураккабтар шудани вазъи дунё президенти Қазоқистон ба ин назар аст, ки афзоиши теъдоди нерӯҳои посдори сулҳи Қазоқистон дар доираи маъмурияти СММ ҳадафмандона хоҳад буд," -- гуфт Жаксиликов.

Ба иттилои Вазорати дифои Қазоқистон, аз соли 2014 45 афсари қазоқистонӣ дар доираи маъмурияти СММ дар Сахараи Ғарбӣ, Кот-д’Ивуар ва Лубнон ба ҳайси нозири низомӣ ва афсари ситод фаъолият кардаанд.

Ҳамчунин аз соли 2018 дар доираи "Нерӯҳои муваққати СММ дар Лубнон" 520 низомии қазоқистонӣ иштирок кардаанд.

Дар Узбекистон нархи газу барқро боло намебаранд

Таърифаҳои истифода аз газу барқро дар Узбекистон дигар намекунанд. Дар ин бора масъулони Вазорати энержии Узбекистон рӯзи 29-уми июн хабар доданд.

Пештар мақомоти он кишвар мегуфтанд, аз 1-уми июл арзиши газу барқ гаронтар мешавад.

Вазорати энержии Узбекистон гуфт, бештар аз ҳазор сокини он кишвар дар робита ба тағйирёбии таърифаҳо шикоят кардаанд. Ин муроҷиатҳо айни замон аз сӯи вазорати энержӣ, молия ва рушди иқтисодӣ омӯхта мешаванд.

"Баъди пешниҳоди хулосаи ин вазоратҳо ва пешниҳоди коршиносон дар робита ба гароншавии нархи газу барқ тасмим гирифта хоҳад шуд", - омадааст дар хабари Вазорати энержии Узбекистон.

СММ куштори сокинони осоиштаро дар 30 шаҳри Украина тасдиқ кард

Буча, Украина

Маъмурияти назоратии Раёсати Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон рӯзи 29-уми июн гузоришеро дар бораи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар ҷараёни ҷанг дар Украина нашр кард. Ин гузориш вазъро аз 24-уми феврал то 15-уми майи имсол дар бар мегирад.

Дар ин давра коршиносони СММ марги 3924 ва маҷруҳшавии 4444 сокини осоиштаро сабт кардаанд. Мумкин аст, рақамҳои воқеӣ бештар аз оне бошанд, ки дар гузориш сабт шудааст.

Маъмурияти назоратии Созмони Милал дар ин давра дар бораи куштори бештар аз 300 сокини осоишта дар зиёда аз 30 шаҳри Украина иттилоъ ёфтааст. Маъмурият мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ин кушторҳо аз сӯи низомиҳои Русия сурат гирифтааст.

СММ ҳамчунин дар бораи 108 мавриди таҷовуз ба номус иттилоъ ёфтааст. Дар 23 ҳолат таҷовузи дастаҷамъӣ сурат гирифтааст.

“Қисми бештари ин ҷиноятҳо (87 ҳолат) аз сӯи низомиҳои Русия анҷом шуда, як ҷисми дигарро низомиҳои украинӣ содир кардаанд,” -- омадааст дар гузориши СММ.

Моҳи июл ҳаво дар Тоҷикистон гармтар хоҳад шуд

Хатлон, акс аз соли 2018

Мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимоли тасфидан ё хеле гарм шудани ҳаво дар моҳи июл хабар доданд.

Ба иттилои масъулони Оҷонси обу ҳавосанҷӣ, гармии ҳаво дар моҳи оянда дар Душанбе то 44 дараҷа хоҳад расид. Дар вилояти Хатлон дар ин моҳ ҳаво то 45 дараҷа метасфидааст.

Ҳамин тавр, минтақаи шимоли кишварро ҳам моҳи июл як дараҷа гармии бештар аз меъёри миёна интизор аст.

Дар зимн, ҳаво дар Тоҷикистон тайи як ҳафтаи охир бисёр гарм аст. Мутахассисон ба шахсони бемор ва кӯдакону наврасон ва солмандон тавсия додаанд, ки бе зарурат аз хона набароянд.

Ҳамчунин таъкид мешавад, сокинон ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳили кӯлу рӯдхонаҳо қоидаи бехатариро риоя кунанд.

Дар ду кишвари ОМ чораҳои зидди COVID сахттар мешавад

Акс аз бойгонӣ

Дар пайванд ба афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус дар 12 ноҳияи шаҳри Тошканд марказҳои махсуси тиббие фаъол мешаванд, ки барои мубориза бо COVID-19 сохта шудаанд. Дар ин бора масъулони Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон рӯзи 29-уми июн хабар доданд.

"Вазифаи асосии ин муассисаҳо, ки шабонарӯз фаъолият мекунанд, ошкор кардани беморӣ дар марҳилаи ибтидоӣ ва табобати онҳо аст", - омадааст дар хабари вазорат.

Ҳафтаи охир ҳамарӯза дар Узбекистон қариб 100 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад.

Дар Қазоқистон низ теъдоди гирифторон меафзояд. Ералӣ Тугжанов, ноиб-сарвазири Қазоқистон гуфт, мумкин аст, дар он кишвар истифода аз ниқоби тиббӣ дубора ҳатмӣ шавад.

Айни замон дар Қазоқистон ҳамарӯза то 100 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад.

Ҳалокати 238 кас дар ҳодисаҳои Қазоқистон

Алмато, моҳи январи 2022

Дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон 232 кас ҷон бохта, шаш нафар дар натиҷаи шиканҷа ҳалок шудаанд. Дар ин бора Асет Чиндалиев, муовини додситони кулли Қазоқистон, рӯзи 29-уми июн хабар дод.

Чиндалиев афзуд, ба гумони шиканҷа кардани боздоштшудаҳои ҳодисаҳои моҳи январ 9 корманди мақомоти қудратӣ дастгир шудаанд.

Аз ин шумора 8 нафар корманди Кумитаи амнияти миллӣ ва як тан пулис ҳастанд. Мақомоти тафтишотии Қазоқистон дар умум 15 касро дар истифодаи шиканҷа гумонбар мекунанд.

Пештар мақомоти Қазоқистон мегуфтанд, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ 230 тан фавтидааст.

То кунун рӯйхати пурраи фавтидаҳои ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон нашр нашудааст. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, рӯзи 5-уми июн ваъда дод, ки рӯйхат нашр карда мешавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG