Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси идораи замини Фархор бо иттиҳоми ришвагирӣ


Раиси идораи замини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо иттиҳоми гирифтани “пора” ё ришва дастгир шудааст. Мақомоти идораи зидди фасод дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки Сулаймон Сафаров рӯзи 15-уми январи имсол ҳангоми гирифтани дуним ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 250 доллари амрикоӣ, “ба даст афтод”.

Мақомот мегӯянд, соли гузашта дар минтақаи Кӯлоб тақрибан 40 ҳолати ғайриқонунии тақсими замин ошкор шудааст

Як манбаъ дар идораи зидди фасод дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, алайҳи Сулаймон Сафаров бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, ба ӯ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳоло ӯ дар озодӣ аст ва ба суоли тафтишот посух медиҳад.

“Дар ин ҳодиса як корманди дигари замин ва як корманди идораи МБТИ-и ноҳияи Фархор низ муттаҳаманд. Онҳо барои додан ва омода кардани сертификати замин ҳашт ҳазор сомонӣ гирифтаанд”, - афзуд ӯ.

Яке аз гӯшаҳои ноҳияи Фархор
Яке аз гӯшаҳои ноҳияи Фархор

Ҳамсуҳбати мо гуфт, боздошти раиси идораи замин ва ҳамроҳонаш бар асоси шикояти як сокини ноҳияи Фархор сурат гирифтааст, ки номи ӯ ва мушкилаш ошкор карда намешавад. Дар ҳукумати ноҳияи Фархори вилояти Хатлон низ боздошти Сулаймон Сафаровро тасдиқ карданд.

Заминфурӯшии мақомоти маҳаллӣ як мояи асосии шикояти мардум дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст.

Насим Ҳасанов, сокини маълули ноҳияи Фархор, рӯзи 17-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот борҳо ба дархости ӯ дар бораи дарёфти як қитъа замини наздиҳавлигӣ ҷавоби рад додаанд. "Дар ҳоле ки чанд нафари дигар бидуни навбат соҳиби замин шуданд ва мисли мо камбизоату дармонда нестанд”, - шикоят кард ӯ.

Ноҳияи Фархор
Ноҳияи Фархор

Дар гузашта низ чанде аз мақомдорон дар минтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми гирифтани “пора” ва додани қитъаи замин боздошт шуда буданд. Тибқи иттилои раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб, соли гузашта тақрибан 40 ҳолати ғайриқонунии тақсими замин ошкор шуда, нисбат ба масъулони идораҳои замин дар минтақа ҳафт парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бо вуҷуди ин, ҷиноятҳои марбут ба замин ва заминфурӯшӣ дар ҳоли афзоиш аст. Як роҳи аз байн бурдан ва ё кам кардани заминфурӯширо коршиносон дар ташкили бозори қонунии замин дар Тоҷикистон мебинанд. Чун шумораи аҳолӣ торафт зиёд мешавад ва талабот ба замин зиёд аст ва масъуле, ки ҳуҷҷатҳои заминро омода мекунад, майли хеле баланди гирифтани ришваро дорад.

XS
SM
MD
LG