Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон писари Домулло Амриддинро ба Тоҷикистон дод


Мақомоти Афғонистон писари раҳбари “Ансоруллоҳ” - як гурӯҳи ифротгарои исломиро ба Тоҷикистон супурдаанд. Гуруҳи мазкур, ки умдатан аз зодагони Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон иборат аст, бино ба гузоришҳо дар Покистон таъсис ёфта ва онҷо қароргоҳ дорад.

Саидҷалолиддин Табаров, писари Амриддин Табаров, раҳбари “Ансоруллоҳ”- ро 20 рӯз пеш ба мақомоти интизомии Тоҷикистон таслим кардаанд.

Шарофиддин Эмомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон рӯзи 14-уми январ дар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳ бо Саидҷалолиддин чаҳор узви дигар гуруҳро низ ба Душанбе истирдод карданд.

Ба гуфтаи сафир, истирдоди афроди муттаҳам ба терроризм ва ифротгароӣ, ки дар Афғонистон дастгир шудаанд, бар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ сурат гирифт.

Ба қавли дипломати тоҷик, Афғонистон соли гузашта 40 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои тундрав боздошт шуданд, ба Тоҷикистон доданд.

“Дар миёни онҳо зану шавҳар ва кӯдакон низ буданд. Писари Амриддин Табаров охири моҳи декабр ба Тоҷикистон дода шуд. Ҳамкориҳои мо дар ин масъала бо мақомоти Афғонистон хуб аст”, гуфт Шарофиддин Эмомов.

Якеро истирдод карданд, дигарӣ монд

Саидҷалолиддин ва Абдуфаттоҳ Табаров, ду писари раҳбари гурӯҳи “Ансоруллоҳ” соли 2009 нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон боздошт кардаанд ва онҳо дар зиндони Багром нигаҳдорӣ мешуданд. Абдуфаттоҳ Табаров, писари дигари Амриддин Табаров дар ҳамин зиндон будааст ва ҳоло маълум нест, чаро ӯ ба Тоҷикистон истирдод нашудааст.

Абдулшукур Қудусӣ, волии Багром рӯзи 14-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулияти посбонии зиндонро, ки дар гузашта дар ихтиёри неруҳои амрикоӣ буд, ҳоло худи мақомоти амниятии Афғонистон дар даст доранд.

Зиндони Багром дар вилояти Парвони Афғонистон, ки бархе маҳбусони тоҷик дар он ҷо нигаҳдорӣ мешуданд, то соли 2014 дар ихтиёри нерӯҳои амрикоӣ қарор дошт. Дар он ҷо, аксаран нафароне нигаҳдорӣ мешуданд, ки нерӯҳои амрикоӣ дар амалиётҳои худ боздошт мекарданд.

"Ба Тоҷикистон баргаштан намехостанд"

Дар бораи сарнавишти фарзандони Амриддин Табаров, соли 2016 нахуст рӯзномаи “Вашингтон Пост” навишт. Дар он замон нашрия навишт, ки бар асоси қонун мӯҳлати нигаҳдории фарзандони раҳбари “Ансоруллоҳ” дар зиндони Багром тамом шудааст, вале онҳо намехоҳанд, ба Тоҷикистон баргарданд.

Фарзандони Амриддин Табаровро соли 2009-ум неруҳои амниятии Амрико бо иттиҳоми иртибот бо гуруҳҳои ифротӣ дастгир карда ва дар зиндони Багром нигаҳ доштаанд. Баъди 6 соли нигаҳдорӣ бидуни муҳокима додгоҳи Афғонистон онҳоро моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Афғонистон ба 3 соли зиндон маҳкум кард.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои суҳбат бо наздикони ин бародарон натиҷа надод.

Бино ба гузоришҳо Саидҷамолиддин ва Абдуфаттоҳ аз Тоҷикистон ба Эрон рафта, дар мадрасаи динӣ таҳсил кардаанд ва баъдан вориди Афғонистон шудаанд. Ҳадафи вуруди онҳо ба Афғонистон маълум нест, вале падари онҳо дар гузашта таҳдид карда буд, ки барои “ҷиҳод” ба Тоҷикистон бармегардад.

Амриддин Табаров соли 1953 дар рустои Ғуломони ноҳияи Нуробод ба дунё омадааст ва узви Ҳизби наҳзати исломӣ будааст.

Гуруҳе аз аъзои Ансоруллоҳ
Гуруҳе аз аъзои Ансоруллоҳ

Ӯ соли 1997, баъди имзои созишномаи сулҳи байни давлат ва мухолифин ба Тоҷикистон баргашт, вале баъди чанде бо эълони норизоиятӣ аз созиши сулҳ, соли 2000-ум ҳамроҳ бо аъзои Ҳаракати исломии Узбекистон, як созмони ифротгарои исломӣ дубора ба Афғонистон рафт.

Баъди оғози амалиёт ба зидди Толибон, пайравони ин созмони тундрав, аз ҷумла Амриддин Табаров ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.

Ансоруллоҳ - шарики Толибон

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки аз баданаи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо шуда, ҷангҷӯёни тоҷики ин гуруҳро муттаҳид мекард.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, гурӯҳи “Ансоруллоҳ” аз рӯзҳои аввали ҳузураш дар Афғонистон бо гурӯҳи Толибон наздикӣ дошт. Ӯ гуфт, ҳоло ин гурӯҳ дар шимоли Афғонистон пойгоҳ дуруст кардааст ва зоҳиран аз пуштибонии Толибон бархӯрдор аст.

“Он ҳоло аксаран дар шимоли Афғонистон фаъолият мекунад ва зидди ҳукумати қонунӣ як қатор амалиёт ҳамроҳ (фикр мекунам, бо толибон) гузаронид. Онҳо ғайр аз ин мувофиқи хабарҳои ғайрирасмӣ чанд маркази таълимӣ доранд. Дар он марказҳо онҳо бачаҳои тоҷику ӯзбекро машқ медиҳанд.”-гуфт, коршиноси тоҷик.

Амриддин Табаров, ки аҳёнан дар наворҳои видеоии таблиғотӣ дида мешуд, ба гуфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2016 ҳангоми як амалиёт дар Афғонистон кушта шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи соли 2012 “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро террористӣ эълон кард. Аз соли 2013 то кунун даҳҳо нафар бо гуноҳи узвият дар ин созмон ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин созмонро аз ҷумла масъули ҳамла ба бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар тирамоҳи соли 2010 медонанд. Дар натиҷаи ин ҳамла 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG