Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон, Ироқ ва Саудӣ ба плей-оффи Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд  


Мухлисони тими Эрон
Мухлисони тими Эрон

Дастаҳои мунтахаби футболи Эрон, Ироқ ва Арабистони Саудӣ, ки дар бозиҳои даври дувуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 ғолиб шуданд, пешакӣ ба даври ҳаштякниҳоӣ ё плей-офф роҳ ёфтанд.

Дар ду бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “D”, ки 12-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, мунтахаби Эрон тими Ветнамро бо ҳисоби 2:0 ва мунтахаби Ироқ дастаи Яманро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карданд. Инчунин дар бозии дувуми даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” мунтахаби Арабистони Саудӣ бар тими Лубнон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Ҷоми Осиё-2019

Марҳилаи гурӯҳӣ

Даври 2-юм

Гурӯҳи D

Ветнам Эрон 0:2

Голҳо: Озмун, 38, 69.

Яман – Ироқ – 0:3

Голҳо: Алӣ, 11, Расан, 19, Аббос, 90.

Гурӯҳи “E”

Лубнон – Арабистони Саудӣ – 0:2

Голҳо: Ал-Муваллад, 12. Ал-Муғовӣ, 67.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Эрон ва Ироқ, ки дар ду бозӣ шашимтиёзӣ гирифтаанд, сарфи назар аз натиҷаҳои бозиҳои даври севум дар гурӯҳи “D” пешакӣ ба ҳаштякфинал баромаданд. Инчунин тими миллии Арабистони Саудӣ, ки дар гурӯҳи “Е” бо 6 имтиёз дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад, пешакӣ ба плей-офф роҳ пайдо кард. Аз ин пеш Урдун аз гурӯҳи “В”, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ аз гурӯҳи “С” ба ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ мушарраф шуданд.

Ҳамин тариқ, дар ҳашт рӯзи Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб шаш дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоӣ пешакӣ маълум гардид. Понздаҳ бозии боқимондаи сабқати гурӯҳӣ боз даҳ дастаеро, ки ба плей-офф мебароянд, муайян хоҳад кард.

Дар 21 бозии то имрӯз доиргардида нуздаҳтоаш бо пирӯзии яке аз дастаҳои мунтахаб хотима ёфт ва ду бозӣ мусовӣ шуд. Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” Иморот бо 4 имтиёз, дар гурӯҳи «В» Урдун, дар гурӯҳи “С” Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, дар гурӯҳи “D” Эрон ва Ироқ, дар гурӯҳи “Е” Арабистони Саудӣ бо шашимтиёзӣ, дар гурӯҳи “F” Ҷопон ва Узбекистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Бояд гуфт, ки бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои севум ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Имрӯз, 13-уми январ, бозии дувуми даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ - Қатар, инчунин ду бозии даври дувум дар гурӯҳи “F” байни тимҳои миллии Умон - Ҷопон ва Туркманистон - Узбекистон баргузор мешаванд.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома меёбад, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

Ироқ – Ветнам – 3:2

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ – 4:0

9-уми январ (чоршанбе)

Ҷопон – Туркманистон – 3:2

Узбекистон – Умон – 2:1

Қатар – Лубнон - 2:0

10-уми январ (панҷшанбе)

Баҳрайн – Тайланд – 0:1

Урдун – Сурия – 2:0

Ҳиндустон – ИМА – 0:2

11-уми январ умъа)

Фаластин – Австралия – 0:3

Филиппин – Чин – 0:3

Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

12-уми январ (шанбе)

Ветнам – Эрон – 0:2

Яман – Ироқ – 0:3

Лубнон – Арабистони Саудӣ - 0:2

13-уми январ (якшанбе)

16:00 Кореяи Шимолӣ - Қатар

18:30 Умон - Ҷопон

21:00 Туркманистон - Узбекистон

14-уми январ (душанбе)

21:00 ИМА - Тайланд

21:00 Ҳиндустон - Баҳрайн

15-уми январ (сешанбе)

18:30 Австралия - Сурия

18:30 Фаластин - Урдун

16-уми январ (чоршанбе)

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Чин

18:30 Қирғизистон - Филиппин

21:00 Эрон - Ироқ

21:00 Ветнам - Яман

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 1B - 3ACD

19:00 2A - 2C

22:00 1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 2B - 2F

22:00 1A - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 1C - 3ABF

21:00 1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал умъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG