Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози собиқ ва шореҳи варзиш аз афғонҳо "узр" хост


Як хабарнигори варзишӣ ва футболбози собиқи эронӣ барои масхара кардани лаҳҷаи дарӣ дар телевизиони давлатӣ интиқоди зиёд шунид ва сипас маъзарат хост. Шарҳи як хабарнигори варзишии телевизиони Афғонистон, ки дар бораи сензура дар телевизиони давлатии Эрон сӯҳбат кард, ба ҳама дар ин кишвар хуш наомад.

Хашми корбарон аз суханони Ансориён

Алӣ Ансориён, футболбози собиқи тими миллии Эрон ва ҳоло шореҳи варзишӣ дар посух ба ин шарҳ, дар як барномаи телевизионӣ гуфт, афғонҳо набояд худро бо эрониён муқоиса кунанд. Ӯ гуфт, ҳамкори афғонаш Амонулло Қайсарӣ бояд дар андешаи гузоришҳои худаш бошад ва аз шарҳ додани умури давлатии Эрон худдорӣ кунад.

Телевизионҳои давлатии Эрон ҳар чизеро, ки мухолиф ба сиёсати давлат ва ё мухолиф ба арзишҳои фарҳангӣ ва ё исломӣ мешуморад, намоиш намедиҳанд

"Дӯсти азиз, қурбонат биравам, аслан ин ҳарфҳоро назан, мо чизоеро мебинем, ки шумо аслан надидед. Пас ёдатон бошад, ки дар бораи кишваре ҳарф мезанед, ки хеле ва хеле мадюнаш ҳастед. Барои ҳамин саъй кун, гузоришатро бидеҳ, чизе надошта бош ба ин кор",-мегӯяд, Алӣ Ансорӣ дар поёни як барномаи варзишӣ дар телевизиони давлатии Эрон.

Аммо на ин шарҳ, балки шеваи сӯҳбати Ансориён бисёриҳоро ба ғазаб овард, чун саъй кард, бо шеваи дарӣ ин суханонро бигӯяд.

Алӣ Ансориён, ки собиқаи 15-солаи бозӣ дар футболро дорад, дар тими миллии Эрон ҳам бозӣ кардааст. Бо вуҷуди муштаракоти забонӣ ва фарҳангӣ, мухолифатҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ байни эрониҳову афғонҳо зиёд аст. Ин мухолифатҳоро ҳузури миллионҳо паноҳҷӯи афғон дар Эрон дар 40 соли гузашта зиёду зиёдтар кардааст.

Суханони нажодпарастонаи Ансориён

Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, шарҳи Ансориёнро, "нажодпарастона" ва тавҳиномез номидаанд ва лаҳни ӯро танқид кардаанд ва бисёриҳо аз афғонҳо барои суханони "зишт"-и шореҳ, узр хостаанд.

Аз ҷумла Муртазо Козимиён, шореҳи сиёсӣ дар "Твиттер" навиштааст, ки ба ҷойи сензура кардани тасвирҳои занон, Телевизиони давлатии Эрон бояд "шарҳҳои нажодпарастона"- ро аз байн барад.

"Онҳо мадюни рафтори таҳқиромез бо паноҳҷӯёни афғон бошанд? Мадюни бе шиноснома бузург шудан, мадюни ҳаққи таҳсил надоштан. Кош мешуд, фаҳмид, ки решаи ин худбартар пиндории хандаовар чӣ аст",-навиштааст Маҳдӣ Зандӣ, як корбари "Твиттер". Ӯ бо ин навиштааш ба табъизе ишора кардааст, ки дар Эрон нисбат ба афғонҳо раво дида мешавад.​

Узрхоҳии Ансориён


Алӣ Ансориён, ки баъдан барои ин рафтораш узр хост, ба шарҳи Амонулло Қайсарӣ, як шореҳи варзишии афғон посух медод. Дар ин видеои кутоҳе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, тимҳои миллии Эрону Яман рӯзи 7-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё бо ҳам рақобат доранд.

Дар видео занону мардони хушҳолеро нишон медиҳанд, ки футболро тамошо доранд ва Амонулло Қайсарӣ шореҳи афғон дар зимн бо ишора ба сензура дар телевизионҳои Эрон мегӯяд, "ин тасовире, ки шумо ба сурати зинда мебинед, дар Эрон яке бо ду дақиқа таъхир мебинанд, хелеҳошан ҳатто намебинанд." Қайсарӣ шореҳи телевизиони маъруфи Тулуъ ва Лемар аст.

Телевизионҳои давлатии Эрон ҳар чизеро, ки мухолиф ба сиёсати давлат ва ё мухолиф ба арзишҳои фарҳангӣ ва ё исломӣ мешуморад, намоиш намедиҳанд. Бозиҳои футболро бо андаке таъхир намоиш медиҳанд, то дар сурати тасвирҳои "ғайриисломӣ" ба телевизион роҳ наёбанд.

Асосан занон мавриди табъизу сензура ҳастанд. Онҳо аз ҳаққи тамошои футбол дар варзишгоҳҳо маҳруманд. Занҳоеро, ки ҳиҷоб надоранд ва дар хориҷ барои тими миллии Эрон мухлисӣ мекунанд, нишон намедиҳанд, ё аз аксҳо мебардоранд.

"Сензура дар матбуоти Эрон як воқеият аст"

Амонулло Қайсарӣ дар мусоҳиба бо Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфт, ки сензура дар матбуоти Эрон як воқеияти раднопазир аст. "Ман воқеиятеро гуфтам, ки касе рад карда наметавонад. Фақат мехостам, фарқи байни телевизионҳои мо ва Эронро нишон бидиҳам. Ҳеҷ қасди дигаре надоштам".-гуфт, ӯ.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки Қайсарӣ кори дурусте кардааст, ки сензура дар телевизиони Эронро таъкид кардааст, аммо эрониёни зиёде ҳам ӯро масхара кардаанд.

Ансориён баъди доғ шудани баҳс дар ин бора бо нашри як видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз афғонҳо узр пурсид. "Дӯст доштам бидонед, ки ман ба ҳарфи гузоришгар ҷавоб додам. Дар ҳар сурат, агар боиси нороҳатии баъзе аз дӯстони афғонистонӣ шуда бошад, аз ҳаминҷо аз онҳо узр мехоҳам",-мегӯяд, ӯ дар ин видео.

Айни замон ӯ гуфт, Амонулло Қайсорӣ ҳақ надорад, назару андешаҳои худро дар бораи кишвари дигаре бигӯяд, чун ҳар кишвар ва ҳар муассиса қонуну қоидаҳои худро дорад. Вақте аз Амонулло Қайсарӣ, дар бораи узрхоҳии Ансориён пурсиданд, ӯ гуфт, ки масхара кардан ва ё хандидан ба лаҳни ҳар миллат кори дуруст нест.

Баъди таҷовузи шӯравӣ дар соли 1979 ва даҳсолаҳои ҷанг дар Афғонистон, мардуми зиёде ба Эрон рафтанд. Дар солҳои гузашта ҳам садҳо ҳазор афғон барои кор ба Эрон омадаанд. Бисёре аз муҳоҷирони афғон аз табъиз ва бадрафторӣ бо онҳо шикоят мекунанд ва теъдоди зиёде ҳам аз Эрон ихроҷ мешаванд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳам дар гузашта Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломиро ба он муттаҳам кардааст, ки ҳазорон нафар аз афғонҳои бесанадро барои ҷанг ба Сурия фиристодааст. Эрон дар ин ҷанг ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад кумак мекунад.

XS
SM
MD
LG