Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати фарҳанг: "Аз нашри даҳҳо китоби пастсифат ҷилавгирӣ шуд". ВИДЕО


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки давоми соли гузашта аз фурӯши даҳҳо нусхаи китобҳои пастсифат ҷилавгирӣ кардаанд. Ба гуфтаи масъулони вазорати фарҳанг, ки назорат аз болои сифату муҳтавои китобҳо бар дӯши онҳост, аксари чунин китобҳои пастсифат аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ нашр шудааст.

Қонунгузорӣ барои таъбу нашри ғайриқонунии китобҳо ҷарима таъин кардааст ва ҳатто нашриётҳои хусусиро барои ин амал метавонанд банданд.

Давлат Сафар, як масъули вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бархе нашриётҳои хусусӣ ҳам барои арзон ва ҳам барои дастрас кардани асарҳои нодир, бо истифода аз коғазҳои пастсифат, маводи таълимӣ ва дигар китобҳоро пешкаши хонандагон мегардонанд.

Ба гуфтаи китобфурӯшон, бештари китобҳои пастсифат китобҳои бачагонаанд ё китобҳое, ки барои омӯзиши иловагӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми таҳияи гузориш, дар чанд дӯкон, китобҳои нусхабардоришуда ба чашм хӯрд. Азизи Нақибзод, ки дар таъбу нашри китоб таҷриба дорад, рейдҳои мақомотро дар дӯконҳои китобфурӯшӣ роҳҳалли масъала намедонад.

Мақомот мегӯянд, ки аз нашри китобҳои пастсифат ҷилавгирӣ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:43 0:00

Ба гуфтаи Азизи Нақибзод, "шояд 30 дарсади китобҳои дарсӣ намерасанд. Масалан, китобҳои синфҳои 11 соли гузашта 2-тояш вуҷуд дошт. Имсол боз ду-се намуди дигарашро нашр карданд. Ҳанӯз чандин китоб ҳаст, ки аз ҷониби вазорат чоп нашудаанд. Ана, ҳамин китобҳоро соҳибкорони инфиродӣ, нашриётҳои хусусӣ дар аксар ҳолат нашр мекунанд ва бо сифати паст".

Бо вуҷуди ҷой доштани китобҳои пастсифат дар дӯконҳо, ҳам китобфурӯшиҳо ва ҳам масъулони вазорати фарҳанг ба беҳтар шудани сифати китобҳо назар ба солҳои қаблӣ, таъкид мекунанд. Давлат Сафар мегӯяд, ворид кардани таҷҳизоти муосири чопӣ имкон дод, ки сатҳу сифати нашри китобҳои дарсӣ ва ҳам бадеӣ, боло равад.

Давлат Сафар, як масъули вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Давлат Сафар, як масъули вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Паст будани сифати чопи китобҳо як тараф, мӯҳтавои баъзе китобҳо аз сӯи дигар, боиси зиёд шудани ғарами китоб дар бархе дӯкону анборҳо шудааст. Азизи Нақибзод мегӯяд, "одамони соҳибмансаб хоҳиш мекунанд, ки китоби кадом хеш ё ҳамшаҳрияшонро чоп кунанд. Ана ҳамин китобҳо нашр намешаванд ва анборҳои нашриёти "Адиб" пур аз чуни китобҳои муҳтавояш суст аст".

Қонунгузорӣ барои таъбу нашри ғайриқонунии китобҳо ҷарима таъин кардааст. Ҳатто нашриётҳои хусусиро барои ин амал метавонанд банданд. Вале нархи нисбатан паст боис шудааст, ки харидорон сифати пастро сарфи назар кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG