Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии 11 узви як хонадон дар қабристони насрониён. ВИДЕО


Барои як зани солхӯрдаи тоҷик ва 10 узви оилаи ӯ, қабристони насрониён дар шаҳри Хуҷанд, макони зисти доимӣ шудааст.

Дар тӯли 10 сол Ойдиной Қаршибоеваи 62-сола ва фарзандонаш ба зиндагӣ дар кулбаи канори гӯрҳо одат кардаанд. Вале набераҳояш аз зиндагӣ дар қабристон шарм медоранд ва аз одамони бегона ва сӯҳбат дар баробари камера, канораҷӯӣ мекунанд.

Ойдиной Қаршибоева аз он афсӯс мехӯрад, ки сахтии зиндагиву тангии рӯзгор нагузошт фарзандонашро дар таҳсилу касбу кор омӯхтан раҳнамоиву дастгирӣ кунад.

Ойдиной Қаршибоева, ки рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, "мо қабристонҳо тоза мекунем. Ба гулу ниҳолҳояш об мерезем. Ба одамон қабри наздиконашонро ёфта медиҳем. Пеш ин ҷо китоб надошт, мо як китоб кушодем. Духтаронам як-як номи дафншудагонро навиштанд".

Дар ин қабристони насрониҳо, воқеъ дар маҳаллаи 16-уми Хуҷанд, ҳудуди 4 ҳазор нафар гӯронида шудаанд. Ойдиной Қаршибоева барои нигоҳубини он моҳона аз ҳукумати маҳаллӣ 400 сомонӣ маош мегирад. Ғайр аз ин, давлат ба ӯ ҳудуди 200 сомонӣ нафақа медиҳад.

Русия рафтанду хонаро аз даст доданд

Хонаводаи Қаршибоевҳо дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум) дар манзили дуҳуҷраи давлатӣ зиндагии осудае доштанд. Вале соли 1996, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва бекориву бепулӣ ва сахтии рӯзгор гиребонгири сокинон шуда буд, ин хонавода дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ба Русия рафт. Вақте баъди 3 моҳ баргаштанд, хонаву дарашон аз даст рафта буд. Онҳоро ночор дар як утоқи хобгоҳе дар шаҳраки Адрасмон ҷо доданд. Вале ҷойи кор надоштанд.

Зиндагии як хонавода мусалмон дар гӯристони насрониён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Ойдиной Қаршибоева мегӯяд, "баъд бо ёрии як хешамон ба мо ҳамин ҷой ва корро доданд. Дари ин ҷо мӯҳр задагӣ буд, онро канда, моро ҷойгир карданд. ... Ин ҷо нағз, одат кардем. Агар зиқ шавам, як қабристонро давр мезанам, дилам кушода мешавад. Баъзан одамони бемор ҳам инҷо меоянд, зиёрат карда мераванд".

Кулбае, ки ҳоло Ойдиной дар ин қабристон бо ду фарзанду келинҳо ва набераҳояш зиндагӣ дорад, аз ду утоқи тангу тор ва як даҳлез иборат аст. Шавҳари ӯ дар ҳамин ҷо вафот кард. Акси якҷояи ӯ бо Ойдиной кулбаро зеб медиҳад. Як яхдон ва телевизиони хурд дороии аслии ин хонавода аст, ки аз пули ҷамъовардаи худ харидаанд. Як духтараш бо ду кӯдаки хурдсолаш ба муҳоҷирати корӣ ба шаҳри Тюмени Русия рафтааст. Ду набераи духтариаш дар синфҳои 3 ва 8-и мактаби миёна таҳсил мекунанд.

Азизбек барои навфавтидаҳо гӯр меканад

Азизбек, фарзанди миёнаи оилаи Қаршибоевҳо бо рафиқонаш барои навфавтидаҳо гӯр меканад. Аммо танҳо гоҳ-гоҳе барои кандани гӯр фармоиш мегиранд. Зеро русҳову дигар пайравони дини насронӣ, ки замони шӯравӣ дар Хуҷанд аксариятро ташкил медоданд, ба кишварҳои худ кӯч баста, ҳоло хеле кам мондаанд.

Азизбек мегӯяд, имкон даст надод, ки вориди донишгоҳ шавад ва касбу кор ёд гирад. Аз ҳамин рӯ, бештари вақтҳо дар мардикорбозор кор мекунад ва ё барои кор Русия меравад. Мегӯяд, ки ҳамин 5-6 моҳ шуд аз Русия баргаштааст.

Соли 2017 ҳукумати Хуҷанд 17 қабристони воқеъ дар маркази вилояти Суғд, аз ҷумла 2 қабристони бузурги пайравони насрониро сабти ном кард ва барномаи нигоҳубини онҳоро рӯи даст гирифт.

Азизбек Қаршибоев мегӯяд, "хешовандони дар инҷо дафншудаҳо аз Русия, Олмон ва дигар кишварҳо ҳам меоянд. Атрофи қабрҳоро тозаву озода мекунанд, ободӣ мекунанд. Ҳар сол Академияи милитсияи Хуҷанд, ки дар наздикӣ ҷойгир аст, 100-200 шогирди худро меорад, атрофи қабристонро тоза мекунанд. Раҳмат ба ҳамаи инҳо".

Ойдиной Қаршибоева хатмкардаи Омузишгоҳи касбиву техникиии шаҳри Гулистон бо ихтисоси гилембоф аст. Ӯ аввал дар Корхонаи қолинбофии Қайроқум бо ихтисоси худ, баъдан ба ҳайси устои истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, хоҳари шафқат дар беморхонаи шаҳрӣ ва посбони идораи таъмиру сохтмон кор кардааст. Дар тӯли 10 сол вакили маҷлиси шаҳри Гулистон буд.

Ойдиной мехоҳад соҳиби манзили худӣ шавад

Ойдиной Қаршибоева ҳоло аз он афсӯс мехӯрад, ки сахтии зиндагиву тангии рӯзгор нагузошт фарзандонашро низ дар таҳсилу касбу кор омӯхтан раҳнамоиву дастгирӣ кунад. Ӯ мегӯяд, дигар ҷавонии ӯ рафтаву аз зиндагӣ умеди зиёд надорад, вале ба хотири ояндаи фарзандону набераҳояш мехоҳад соҳиби манзили худӣ шавад. Умеди ягонаи ин зани нодор, ки ба қавле устухонаш дар кор сафед шудааст, аз давлат ин аст, ки ба онҳо сарпаноҳе диҳад.

Ойдиной Қаршибоева мегӯяд, "ман рафтам ҳукумати Гулистон (Қайроқум), гуфтам, ки ба ман ҳам барои хона як пора замин диҳед. Гуфтанд, ки шумо пир, ба одами пир замин чӣ даркор? Ин гапашон сахт расид, хафа шудам. Ба ҳукумати вилоятӣ омадам. Аз он ҷо хат навиштанд, аризаи манро дар Қайроқум қабул карданд. Фақат меравам, аммо то ба ҳол замин надодаанд."

Аммо ба гуфтаи ӯ, замин гиранд ҳам, маблағе барои хонасозӣ надоранд. Ҳоло рӯзгори худро бо ёрии саховатпешаҳо пеш мебаранд. Ойдиной Қаршибоева мегӯяд, беҳтар буд ҳукумат барои онҳо як хона медод, то набераҳояш дар шароити беҳтар калон шаванд ва давраи кӯдакиашон дар қабристон сипарӣ нагардад.

XS
SM
MD
LG