Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба посбоне, ки дар мактаб 16 корд хӯрд, кӣ ҷуброн медиҳад? ВИДЕО


Акси Акрам Мирзоев

Марги Акрам Мирзоев, ки дар яке аз мактабҳои шаҳри Турсунзода посбонӣ мекард, хонаводаи ӯ ва кордеҳонашро ба баҳс кашондааст.

Чӣ ёрие аз дастамон омад, кардем. Ҳам бо пул ва ҳам бо хӯрок. Баъди фавташ ҳамсари ӯро чун фаррош ба ним воҳиди корӣ қабул кардем ва гуфтем, барои гирифтани нафақа ба писараш кумак мекунем

Хонаводаи Акрам Мирзоев ва Иттифоқҳои касаба даъво доранд, ки ӯ ҳангоми кор дар мактаб маҷруҳ шуда, баъди чанд муддати беморӣ дар хона даргузаштааст ва бояд корфармо ҷуброн бипардозад. Вале масъулони мактаб ва Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат бо ин даъво розӣ нестанд. Иттифоқҳои касаба аз Додситонии кулли Тоҷикистон хост, ба ин қазия дахл кунад.

Акрам Мирзоев, посбони мактаби рақами ёздаҳи шаҳри Турсунзода, нимашаби 30-юми марти соли 2018 ҳангоми иҷрои кор мавриди ҳамла қарор гирифта, шонздаҳ зарби корд хӯрдааст. Ӯ баъд аз чаҳор моҳи ин ҳодиса дар хонааш фавтид.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Ба посбоне, ки дар мактаб 16 корд хӯрд, ки ҷуброн медиҳад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Аз захми кор ё аз сактаи мағзӣ?

Тибқи хулосаи комиссияи тафтишотии Иттифоқҳои касаба, марги посбон ба натиҷаи ҳамлае вобастааст, ки нисбат ба ӯ дар мактаб сурат гирифт. Муҳаммад Қурбонов, мудири шӯъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф, рӯзи 4-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бояд 24 ҳазор сомонӣ кумаки якдафъаина пардохат шуда, ба фарзандонаш нафақа таъйин гардад.”

Муҳаммад Қурбонов
Муҳаммад Қурбонов

Аммо масъулони Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо такя ба хулосаи ташхиси тиббӣ ва шаҳодатномаи фавти Акрам Мирзоев мегӯянд, марги ӯ дар пайи сактаи шадиди мағзи сар сурат гирифтааст ва корфармо муваззаф нест, ҷуброн бидиҳад.

Нуриддин Мирзозода, намояндаи хадамот дар минтақаи Ҳисор, гуфт, “ӯ дар ҷойи кор аз тарафи шикамаш ҷароҳат бардошта буд ва шифо ёфтааст. Фавташ бар асари сактаи мағзӣ рух додааст. Бинобар ин, мо натавонистем моддаи 343-и кодекси меҳнатро татбиқ кунем, ки пешниҳоди кумакпулиро дар назар дорад.”

"Занашро ба кор гирифтем"

Раҳбарияти мактаби рақами 11 дар ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода, ки Акрам Мирзоев дар он посбонӣ мекард, мегӯянд, ӯ баъд аз ҳамла дар мактаб, дубора ба по хеста буд ва нияти ба кор баргаштан дошт. Шамшод Куганов, мудири мактаб гуфт, барои табобати корманд муассисаи таълимӣ дар беморхона кумакӣ молӣ карда буд.

Шамшод Куганов
Шамшод Куганов

“Чӣ ёрие аз дастамон омад, кардем. Ҳам бо пул ва ҳам бо хӯрок. Баъди фавташ ҳамсари ӯро чун фаррош ба ним воҳиди корӣ қабул кардем ва гуфтем, барои гирифтани нафақа ба писараш кумак мекунем”, - афзуд ӯ.

Аммо ҳамсари посбони собиқи мактаб мегӯяд, то замони ҳамла ба ҷони Акрам Мирзоев дар мактаб, сиҳатиаш комилан хуб буд. Зулайхо Мирзоева, ҳамсари Акрам Мирзоев рӯзи 4-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, замоне ки ҳамсарашро аз беморхона ҷавоб медоданд, ӯ ба табибон гуфта буд, дар хона шароити нигоҳубин ва табобатро надорад.

Вай афзуд, “санад навиштаанд, ки гӯиё худашон ҷавоб гирифта рафтанд. Ҳангоми тафтиши ҳодиса гуфтам, ки мо ҷавоб нагирифтем, баръакс, гуфтем, шароити табобат надорем. Баъд, ҳангоми иштирок дар як мурофиаи додгоҳӣ бемориаш хуруҷ кард ва бо ҳамин ӯро аз даст додем.”

"Писарам тарки мактаб кард"

Зулайхо Мирзоева
Зулайхо Мирзоева

Ба гуфтаи ҳамсари посбони собиқи мактаб, пас аз фавти саробони оила зиндагӣ барои ӯ ва ду фарзандаш сахту сангин шуд. Ба онҳо дар пайи ин ҳодиса кумаки молӣ расонида нашуд ва як фарзанди ноболиғаш ҳам аз гирифтани нафақапулӣ маҳрум будааст.

Зулайхо Мирзоева мегӯяд, писари мактабхонаш маҷбур шуд, тарки таҳсил кунад ва ба як ошхона ба кор дарояд.

Акрам Мирзоеви 53-сола, посбони мактаби рақами 11, падари се фарзанд аст. Як фарзандаш оиладор ва ду фарзанди дигарро худаш нигоҳубин мекард.

Бинои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон
Бинои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

Масъулони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки ҳоло барои пардохт шудани ҷуброни зарар ба хонаводаи ин посбон талош доранд, мехоҳанд Додситони кул қазияро дубора баррасӣ кунад. Масъулони ин ниҳод бовар доранд, фавти посбон ба кораш вобастааст ва агар дуруст баррасӣ шавад, ба манфиати оилаи бесаробонмондаи ӯ анҷом хоҳад ёфт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG