Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Леди таксӣ" дар Душанбе. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон нахустин хадамоти бо номи "Леди таксӣ" роҳандозӣ шуд, ки ронандаҳояш танҳо занҳо мебошанд. Масъулони ширкати хадамоти таксии "Рахш", ки таксии занонанро роҳандозӣ кардаанд, мегӯянд, талаботи сокинон ба ронандаҳои зани таксӣ зиёд шудааст ва ин амр боиси таъсиси ин сервис гаштааст.

Заррина Яқубоваи 43-сола, модари чаҳор фарзанд ва сокини шаҳри Душанбе танҳо зани тоҷик аст, ки ба унвони ронанда дар хадамоти "Леди таксӣ"-и ширкати "Рахш" фаъолият мекунад. Мошини хусусиаш бо навиштаҷоти "Леди таксӣ" ва "бонуи зани таксирон", оро дода шудааст.

Таксиронии занон дар Тоҷикистон падидаи нав нест. Қаблан низ мушоҳида мешуд, ки теъдоде аз занҳои ҳатто солхӯрда бо мошинҳои нисбатан қадимаи худ машғули мусофиркашонӣ буданд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хонум Яқубова гуфт, ки то соли гузашта дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Душанбе ба тиҷорат машғул буд, вале дар пайи бӯҳрони молӣ муфлис шуд ва хостааст бо мошини ба тозагӣ харидорӣ кардааш, ба таксиронӣ машғул шавад.

Вай шӯхиомез гуфт, "тӯли солҳои зиёд аз хадамоти таксии "Рахш" истифода мекардаму маблағҳои зиёдеро ба ин ширкат пардохт карда будам. Хостам аз ин ширкат пулҳоямро бозпас бигирам ва барои кор ба онҳо муроҷиат кардам. Онҳо гуфтанд, ки хадамоти нави таксии "Леди такси"-ро таъсис медиҳанд ва ман барои кор дар ин сервис розӣ шудам".

"Леди-таксӣ" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Муштариёни "Леди таксӣ" киҳо ҳастанд?

Заррина Яқубова афзуд, ки дар миёни мизоҷонаш бештар занҳое ҳастанд, ки шавҳарашон шояд ба далели рашк намехоҳанд завҷаашон ба таксие савор бишавад, ки ронандааш мардҳо ҳастанд. Ҳамчунин хонаводаҳое ҳастанд, ки барои ба мактаб ё донишгоҳ бурдани фарзандонашон ба хотири далоили аминиятӣ аз хадамоти таксии занона истифода мекунанд.

Дар идомаи сӯҳбат ин зани таксирон афзуд, ҳолатҳое буданд, ки дар пайи фармоиш ба назди мизоҷ мерафт ва он мусофир, ки мард буд, бо дидани ронандаи зан аз сафар худдорӣ мекард. "Доду вой мезад, ки чаро ширкат барояш таксирони занро фиристодааст. Шояд аз савор шудан ба такси зан шарм мекард ё ғурури мардиаш боло мегирифт, намедонам",-мегӯяд ӯ.

Барои пайдо кардани ошноии бештар мо тӯли тақрибан ним рӯз савори мошини таксии Заррина Яқубова будем ва бо чанде аз мусофиронаш, ки умдатан занҳо буданд, ҳамсӯҳбат шудем. Маърифат Ҳамроеваи 51-сола аз ноҳияи Панҷакент хушҳол аз он буд, ки аз хадамоти таксии занона истифода мекунад. Вай мегӯяд, ки дар ҳолатҳои ночорӣ аз таксиронҳои мард истифода мекунад, вале хубтар аст, агар занҳо ба таксии занона бишинанд.

Хонум Ҳамроева афзуд, ки дар ҳолатҳои ночорӣ, агар дар роҳ монд, талош мекунанд чанд зан ба таксӣ бинишинад. "Хеле мехоҳам, ки теъдоди занҳои таксирон бештар бошад, зеро зан занро хубтар дарк мекунад ва ронандаҳои зан бо эҳтиёт мошинронӣ мекунанд",-афзуд вай.

"Аз таксиронҳои зан дилпур ҳастам"

Гуландом Амироваи 43-сола ва сокини пойтахти Тоҷикистон гуфт, ки ҳамакнун занҳои тоҷик дар сурати зарурат ҳатто нимаи шаб бидуни ҳарос метавонанд аз хадамоти таксии занона истифода кунанд. Зеро, ба гуфтаи вай, аз занҳои таксирон бештар дилпур аст.

Хонум Амирова аз он таассуф хӯрд, ки дар Тоҷикистон занҳои таксирон хеле кам ҳастанд -- шояд занҳо худашон ҳарос доранд ё сабаби дигаре бошад. "Аммо, бо зани таксирон, зани тоҷик бештар дилпур мешавад",-гуфт вай.

Заррина Яқубова, ронандаи таксии "Леди таксӣ" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран як хонуми тоҷик барояш фармоиш додааст, ки омода бошад ҳатто нимаи шаб барояш занг зада барои расониданаш то ба таваллудхона кӯмак кунад. Зеро, ба гуфтаи ин зани ҳомила, шавҳараш дар муҳоҷиратӣ корӣ дар Русия қарор дошта, хостааст, ки хонумашро ба таваллудхона танҳо ронандаи зан бубарад.

Таксиронии занон дар Тоҷикистон

Зимнан, зани таксирон дар Тоҷикистон падидаи нав нест. Қаблан низ мушоҳида мешуд, ки теъдоде аз занҳои ҳатто солхӯрда бо мошинҳои нисбатан қадимаи худ машғули мусофиркашонӣ буданд.

Аммо шаҳрдории Душанбе ахиран фаъолияти мошинҳои соли тавлидашон қадима ба унвони таксӣ дар пойтахти Тоҷикистонро манъ карданд ва ҳоло занҳои таксирон тақрибан мушоҳида намешаванд.

Тасмими ширкати "Рахш" барои роҳандозии "Леди таксӣ" талошест барои роҳандозии чунин хадамоти муосир унвон мешавад. Бавижа, ки дар пайи бештар мазҳабӣ шудани ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон ниёз ба чунин хадамот бештар хоҳад шуд

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG