Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА бо амрикоии боздоштшуда дар Русия мулоқот кард


Пол Уилан
Пол Уилан

Сафири ИМА дар Русия Ҷон Ҳантсман рӯзи чоршанбе бо шаҳрванди Амрико Пол Уилан, ки мақомоти Русия ӯро бо гумони ҷосусӣ боздошт кардаанд, дар зиндони "Лефертово" мулоқот кард. Дар ин бора сухангӯи Департаменти давлатӣ хабар дод.

Пеш аз ин, рӯзи чоршанбе Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки ИМА аз Русия озодии оҷили шаҳрвандаш ва шарҳи сабабҳои боздошти ӯро талаб кард.

Кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия Уиланро рӯзи 28 декабр боздошт карданд. Алайҳи ӯ аз рӯи банди 276-и Қонуни ҷиноии Русия (ҷосусӣ) парванда боз шудааст.

Хонаводаи Уилан иттиҳоми ҷосусиро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ ба Русия барои ширкат дар як ҷашни арусӣ рафта буд.

Оҷонсии "Росбалт" бо такя ба манбае дар хадамоти махсуси Русия навишт, ки Пол Уилан дар Маскав, ҳангоми гирифтани флеш-карти ҳомили феҳрасти кормандони яке аз муассисаҳои махфии Русия боздошт шуд. Ин маълумот, ба гуфтаи манбаи "Росбалт", сирри давлатӣ ҳисоб мешавад. Шаҳрванди Амрико флеш-картро дар ҳуҷраи меҳмонхонаи "Метропол" гирифт ва дар ҳамон ҷо боздошт шуд,- мегӯяд оҷонсӣ.

Пол Уилани 48 сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 бинобар дуздӣ аз сафи нерӯҳои ИМА хориҷ шуд.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2018 дар ИМА додгоҳи шаҳрванди Русия Мария Бутина баргузор шуд. Бутина ба созиши ҷиноятӣ бо ҳадафи кор кардан дар ИМА, ба сифати агенти хориҷии бидуни сабти ном, муттаҳама шуд. Ин шаҳрванди Русия ба хотири ҳукми сабуктар бо додгоҳи ИМА созиш ва гуноҳашро эътироф кард.

XS
SM
MD
LG