Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли ҷосусӣ: ИМА аз Русия шарҳи боздошти шаҳрвандашро талаб кард


Майк Помпео
Майк Помпео

Мақомоти ИМА интизор доранд, ки дар робита ба боздошти сарбози пешини нерӯҳои пиёданизоми баҳрии Амрико Пол Уилан, ки ахиран дар Русия бо ҷурми ҷосусӣ боздошт шуд, аз Маскав маълумоти бештар бигиранд, - дар ин бора Котиби давлатии ИМА Майк Помпео хабар дод.

"Мо ба Русия изҳори умед кардем, ки соатҳои наздик ба ӯ дастрасӣ пайдо кунем ва дар бораи ин қазияи маълумоти бештар бигирем",- гуфт Помпео рӯзи 2 январ дар ҷараёни сафараш ба Бразилия.

Рӯзи 31 декабр Хадамоти амнияти федеролии Русия - ФСБ гуфт, ки шаҳрванди ИМА Пол Уилан рӯзи 28 декабр "ҳангоми анҷоми амали ҷосусӣ" боздошт шуд. Алайҳи ӯ аз рӯи банди 276- Қонуни ҷиноии Русия (ҷосусӣ) парванда боз шудааст.

Хонаводаи Уилан иттиҳоми ҷосусиро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ ба Русия барои ширкат дар як ҷашни арусӣ рафта буд.

Пол Уилани 48 сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 аз он хориҷ шуд.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2018 дар ИМА додгоҳи шаҳрванди Русия Мария Бутина баргузор шуд. Бутина ба созиши ҷиноятӣ бо ҳадафи кор кардан дар ИМА, ба сифати агенти хориҷии бидуни сабти ном, муттаҳама шуд. Ин шаҳрванди Русия ба хотири ҳукми сабуктар бо додгоҳи ИМА созиш ва гуноҳашро эътироф кард.

XS
SM
MD
LG