Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайдо шудани пораҳои "Чакан"-и мутааллиқ ба қарнҳои 2-3-и пеш аз милод


Бостоншиносони тоҷик якҷо бо гурӯҳе аз антропологҳои Русия дар ноҳияиФархори ҳаммарз бо Афғонистон пораҳои матои "Чакан"-ро пайдо карданд, ки ба қарнҳои (2-3-и) пеш аз милод рост меояд.

Азизулло Муродов, мудири Осорхонаи ноҳияи Фархор чоршанбе 2-юми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин матоъ дар ковишҳои солҳои гузашта аз бадани ҷасади як духтари 11-12-сола аз мавзеи Уртабуз пайдо шуда буд. Муродов гуфт, ки барои дақиқ кардани таърихи ин матоъ онро барои ташхис ба Русия бурда буданд. Ӯ мегӯяд, ки баъди ташхис дақиқ карданд, ки ин матоъ чакан буда, аз асрҳои (2-3-и) пеш аз милод мондааст.

"Ин дар ковишҳои солҳои пеш пайдо шуда буд ва онро барои ташхис ба Русия бурда буданд ва дар онҷо дақиқ карданд, ки ин чакан аст ва ба асрҳои 2-3 пеш аз милод тааллуқ дорад. Ин чакан ҳангоми ковиш аз тани як духтари 11-12 сола пайдо шудааст ва дар он нақшҳои гул ва гунчишк тасвир ёфтааст ва ҳоло пораҳои он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад",--гуфт мусоҳиби мо.

Ковишҳои бостоншиносӣ аз тобистони соли 2013 дар мавзеи "Уртабуз"-и шаҳраки Фархор оғоз шуда, то ин замон даҳҳо мавод ва ашёи таърихӣ пайдо шудааст. Соли 2014 дар пайи як кофтуков дар ин мавзеъ муҳаққиқон аз умқи 10 метри зери хок гӯри 2,5-метраи инсон ва даҳҳо адад ҳайкалчаҳои Буддоро пайдо карда буданд.

Саидмурод Бобомуллоев, раиси Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон дар як сӯҳбати қаблиаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бозёфти ахир баёнгари он аст, ки дар асри биринҷии миёна дар ҳудуди Фархори имрӯза одамон зиндагӣ доштанд.

Ҷаноби Бобомуллоев афзуд, ки дар он замон одате миёни мардум вуҷуд доштааст, ки баъди фавт дар бари ҷасад кӯза ва даруни он шир, гӯшт ё об мегузоштанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳар як бозёфти пайдошуда як саҳифаи навро барои рӯшан кардани таърихи тоҷикон боз мекунад.

"Дар таърихи шашҷилдаи халқи тоҷик ва умуман дар таърихи халқи тоҷик, аз сабабе, ки далелҳо набуданд ва як ақидае буд, ки дар инҷо мардуми маданияти Ҳисор, яъне мардуми давраи асри санг зиндагӣ мекардаст, ки ба асри 12-11 пеш аз мелод ба инҷо мардумон омаданд, ки бо номи маданияти археологии Вахш машҳур аст. Аммо ин бозёфтҳои мо нишон медиҳад, ки тамоми Бохтари бузурги он замон, ки қисмати чапи дарёи Ому қисмати асосии Бохтар буд ва дар онҷо мардум зиндагӣ мекард, аммо дар тарафи рости дарёи Ому мардум зиндагӣ карда як фарҳанг доштаанд",-гуфт Бобомуллоев.

Зимнан, бостоншиносони тоҷик мегӯянд, бовар меравад, ки дар ин мавзеъи Уртабуз даҳҳо осори таърихӣ нуҳуфтааст, ки таҳқиқӣ васеъро ва ковишҳои бузургро талаб мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Артиши Тоҷикистон ба Ҳабибуллову Собир чӣ омӯхт?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:23 0:00
XS
SM
MD
LG