Дар арафаи соли нави мелодӣ ширкату корхонаҳои пойтахт иқдомҳои ҷолиб роҳандозӣ карданд.
Аксбардории ройгон дар "Хонаи ман"
Малика бо дугонаҳояш дар як гӯшаи мағозаи фурӯши мебели "Хонаи ман" аксбардорӣ мекунад, то соли навро барои худ хотирмону ҷолиб кунад. Ӯ мегӯяд, ки мехоҳад Соли нав барояш хотирмон бошад ва барои ҳамин бо дӯстонаш инҷо омад то аксбардорӣ намояд. "Шунидам, ки инҷо бисёриҳо барои аскбардорӣ меоянд, мо ҳам инҷо омадем",-мегӯяд Малика
Омодагии Душанбе ба истиқболи Соли нав як моҳ пеш аз фарорасии соли 2019 шурӯъ шуд.
Фотосессия дар муҳити соли навӣ иқдоми мағозаи "Хонаи ман" аст. Масъулин як гӯшаи алоҳидаи мағозаро ба таври ҷашнӣ омода кардаанд. Сокинон талош мекунад, дар пайи иқдоми бепул акс гиранд, то аз соле ки меравад, хотирае дошта бошанд.
Азиз Рабиев, як тасвирбардор мегӯяд, ба инҷо донишҷӯён, ҳамсинфон ва хонаводаҳо меоянд ва аз хизматрасониҳои онҳо истифода мебаранд. "Ҳар нафар 20 дақиқа вақт дорад ва хоҳишмандон метавонанд бо дастгоҳи аксбардорӣ ё тавассути телефон акс бигиранд",-афзуд вай. Ин тасвирбардори "Хонаи ман" мегӯяд, ки ҳамарӯза ҳудуди 200 нафар аз ин хизматрасонии ройгони онҳо бархӯрдор мешавад.
"Олуча" ба наврасон тӯҳфаи медиҳад
"Олуча"- ширкати мусофиркашонӣ дар пойтахт барои сокинон хизматрасонии "Бобои барфӣ"-ро роҳандозӣ кардааст. Волидон бо истифода аз ин хизматрасонӣ фарзандони худро хушҳол мекунанд.
Соҳиб Исмоилов, як ронандаи ширкати "Олуча" ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта як падар барои писаронаш Ҳасану Ҳусейн аз номи Бобои барфӣ тӯҳфа супориш кард. "Тӯҳфаро гирифтаму ба назди боғча рафтам. Дар ҳақиқат бачаҳо ҳайратзада шуданд, ки чӣ хел Бобои барфӣ онҳоро пешвоз гирифт?",-афзуд вай.
Ӯ мегӯяд, ҳатто онҳое, ки ба Бобои барфӣ бовар надоранд, бо дидани ӯ дар ин либос хурсанд мешаванд. "Калонсолон агар бо фарзандонашон, маро бинанд, ана Бобои барфӣ гуфта, даст мебардоранд",-мегӯяд ӯ. Дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт мусофиркашҳову тарабхона ва дӯконҳо, "бобоҳои барфӣ" хеле зиёд ба назар мерасанд.
"Мегабайтҳо"-и ройгони "Тселл"
Ширкати мобилии "Тселл" баъд аз соати 5-и бегоҳ бобоҳои барфиро "сафарбар" мекунад. Бачаҳои ҷавон бо либоси Бобои барфӣ дар хиёбонҳои шаҳр мегарданду фазоро боз ҳам идона мекунанд. "Бо мардум акс мегиранд ва ба кӯдакон бастаҳои ин ширкатро ба ҳайси тӯҳфа медиҳанд. Онҳо ҳам ширкатро таблиғ мекунанд ва ҳам ба дигарон хушҳолӣ мебахшанд."
Суҳроб, як корманди Тселл мегӯяд, "кадоме омада назди мо рамзро мегӯяд, мо ба вай як тӯҳфа, масалан, шумораи биринҷӣ медиҳем, ки як моҳ муоширати бепул ё белимит карда метавонад."
Омодагии Душанбе ба истиқболи Соли нав як моҳ пеш аз фарорасии соли 2019 шурӯъ шуд ва аксар сокинон дарк карданд, ки дар тафовут бо солҳои гузашта, ки арчаи солинави рӯзҳои 28 ваё 30 декабр ва барои чанд рӯз оро дода мешуд, имсол мақоми ин ид барҷастатар мешавад.
Охир мебахшен Кормандои идораи замин барои ичозати замин 20000 сомони талаб мекунен мардуми нодор кучо дора икарад пули калони якчоя, камтар шуморам фикри мардуми нодира кунен, сабуктар кунен ичозатгирира барои сохтмони хона ....
Чанги Озарбойчону Арманистонро тахлил карда хулосабарори бояд намуд. Барои яроки хозиразамон сарбозу афсарони хозиразамон лозим.
Пароканда лашкар наояд ба кор Дусад марди ҷанги беш аз сад ҳазор Миллати тоҷик ҳамеша барои миллати худ қаҳрамониҳо кардааст, мекунад ва оянда хоҳад кард.Барои он, ки ғурури миллӣ дорад.Он сафсатаҳое, ки нисбати артиши мо мегуянд ин суханони нотавонбинон ва душманони миллати мо ҳастанд.
Хариду фуруши конунии одамон...
Як тоҷир шаҳраки Ҷуйбодом мехост мактаб созад ва ба мардум супорад. Бо раиси маҳалла ва ҷамоат назди мудири маорифи н Рудаки рафтем. Мудир ман иҷозатнома мегирам ва ҳаққи ман чанд мешавад? Он тоҷир ин гапро шунид ва аз сохтани мактаб даст кашид. Як тоҷир дар Кулоб аз ҳисобаш мактаб сохт ва зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Тендерҳо барои сохтмон, нашри китобҳои дастӣ ҳама монополия зери қаноти оила аст. Як пашша 1 дирам наметавонад фоида биорад. То либоси мактабӣ пайванд ба оила аст. Қудоҳо, домодҳо ва набераҳо....