Ба гузориши расонаҳои ҳукуматии Сурия, президенти он кишвар Башор Асад ба Ироқ ихтиёр додааст, "бидуни иҷоза" ва ҳар вақте, ки бихоҳад, алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар хоки Сурия амалиёт анҷом диҳад.
Ин баёния чанд соат пас аз он нашр шуд, ки нахуствазири Ироқ эълом кард, ки мақомҳои амниятии он кишвар бо Башор Асад дар Димишқ мулоқот кардаанд.
Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ ин эҳтимолро матраҳ кардааст, ки бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, кишвараш "нақши бештар"-е дар ҷанги Ироқ ифо хоҳад кард. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, тасмими қатъӣ гирифтааст, ки нерӯҳои кишварашро аз Сурия хориҷ кунад.
Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Башор Асад бахшҳои зиёд аз хоки кишвар ва шаҳрҳои аслиро дар ихтиёр дорад ва талошҳо барои барқарории сулҳ дар Сурия бо ҳамкории Русия, Туркия ва Эрон дар ҷараён аст.
Нахуствазири Ироқ мегӯяд, "ҳар ҳодисаи баде дар Сурия биафтад, бар мо таъсир хоҳад гузошт. Мо 600 километр марзи заминӣ дорем ва ДИИШ онҷо ҳузур дорад".
Пеш аз ин ҳавопаймоҳои ҷангии ироқ пас аз иҷозати ҳукумати марказии Сурия алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар хоки Сурия амалиёт анҷом дода буданд.
Аммо баёнияи мунташиршуда аз сӯи расонаҳои давлатии Сурия мегӯяд, нерӯҳои ироқӣ хоҳанд тавонист барои муқобила бо гурӯҳҳои ниманизомӣ бидуни иҷоза, аз марз бигзаранд. Ин дар ҳоле аст, ки ахиран шуморе аз кишварҳои арабӣ, ки дар ҷанги ҳафтсолаи Сурия равобити худро бо Димишқ қатъ карда буданд, дар пайи тармими муносибатҳои худ бо ин кишвар гаштаанд.
Умар Ал-Башир, президенти Судон чанд рӯз қабл ба Димишқ сафар кард ва бо Башор Асад мулоқот намуд. Ӯ нахустин раҳбари як кишвари арабӣ мебошад, ки аз замони оғози бӯҳрони Сурия дар соли 2011, ба ин кишвари ҷангзадаи арабӣ сафар кард. Қарор аст моҳи январи соли 2019 раиси ҷумҳури Мавритания низ ба Сурия сафар кунад.
Дар таҳаввулоти дигар, Имороти Муттаҳидаи Араб ҳафтаи гузашта сафоратхонаи худро дар Димишқ бозкушоӣ кард. Баҳрайн ҳам гуфтааст, ки дар ояндаи наздик сафорати худро дар Димишқ ифтитоҳ менамояд. Равобити кишварҳои арабӣ бо Сурия дар пайи бӯҳрони 7-сола сард шуд ва ин кишвар аз узвияти Лигаи кишварҳои араб, берун карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Рейтерз" гузориш додааст, ки ҳоло аксарияит кишварҳои узви Иттиҳодияи араб ба ҷуз 3-4 кишвар мехоҳанд Сурия ба иттиҳодия бозгардад -- ҳарчанд то ба ҳол тарҳи расмӣ дар ин бора пешниҳод нашудааст.
Пеш аз ин низ Аҳмад Абулғайз, дабири кулли Иттиҳодияи Араб гуфта буд, ки қатъи узвияти Сурия дар ин иттиҳодия, як амали "шитобзада" будааст. Дар ҷанги дохилии Сурия садҳо ҳазор нафар кушта ва миллион нафар бехонаву ҷо шуданд.
Дар ҳоле, ки мухолифон дар солҳои аввали даргирӣ тавониста буданд қисматҳое бузурге аз Сурияро тасарруф кунанд, дахолати низомии Русия дар Сурия дар соли 2015 ва ҳамчунин ҳузури ниманизомиёни тарафдори Эрон, баробарии қувваҳоро ба наъфи ҳукумати Башор Асад тағйир дод.
Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Башор Асад бахшҳои зиёд аз кишвар ва шаҳрҳои аслиро дар ихтиёр дорад ва талошҳо барои барқарории сулҳ дар ин кишвар бо ҳамкории Русия, Туркия ва Эрон дар ҷараён аст.