Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зеркало": "Бештари пурсидашудаҳо гуфтанд, ки Соли навро ҷашн мегиранд"


Дар як назарсанҷӣ, ки ширкати "Z-Analytics Group" анҷом додааст, 92 дарсади пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки фарорасии Соли Навро таҷлил хоҳанд кард.

Аз ҳама бештар дилбастагии худро ба маҳфили солинавӣ дар ҳалқаи хонавода, сокинони 46-сола ва боло баён доштаанд. Беш аз ними сокинони дар назарсанҷӣ иштирокнамуда гуфтаанд, ки барои ҷашни солинавии худ оши палав мепазанд. Ҳамчунин салат ва шарбат, ширинӣ, меваю ғизоҳои миллӣ зеби дастархони идонаи онҳо хоҳад буд.

Дар Тоҷикистон таҷлили иди Соли нав аз замони шӯравӣ расм шудааст ва имрӯз ҳам бисёр сокинони кишвар ин ҷашнро чун бахши муҳими ҳаёти хусусиву фарҳангии худ таҷлил мекунанд.

Ин назарсанҷиро ширкати Z - Analytics Group, ки дар заминаи гурӯҳи таҳқиқоти иҷтимомии “Зеркало” (“Оина”) таъсис шудааст, миёни 408 сокини синну солашон гуногун ва аз минтақаҳо ва қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд, аз 13 то 17 декабр доир кардааст.

Бино ба ин назарсанҷӣ, ҳудуди 8 дар сад сокинон гуфтаанд - фарорасии Соли навро бидуни маҳфили идона пешвоз мегиранд. Ду дарсад таҷлили Соли нави мелодиро тибқи боварҳои динӣ ва каме беш аз 1 дарсад ба сабаби ҷавобгӯ ба суннани миллӣ набудани он, рад кардаанд. Ҳамчунин 1.5 дар сад надоштани имконоти молиро сабаби таҷлил накардани ҷашни Соли нав номидаанд.

Вале дар ҳоле, ки барои бисёре аз мардумони ҷаҳон оро додани арчаи солинавӣ ва зери он гузоштани тӯҳфаҳои идона ба кӯдакон як рукни аслии таҷлили ин ҷашн маҳсуб меёбад, аз рӯи натиҷаи назарсанҷӣ, барои 40 дарсади сокинони пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон ин рукн чандон муҳимияте надоштааст.

Онҳо гуфтаанд, нияти додани ҳадяҳоро надоранд. Вале ҷонибдорони гарм кардани маҳфили солинавии худ гуфтаанд, ки шириниҳо, тӯҳфаҳои ёдгорӣ ва бозичаҳои бачагона тӯҳфаҳои солинави онҳо ба кӯдакон ва дигар аҳли байташон хоҳад буд.

"Шаҳраки солинавӣ" дар маркази Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Дар Тоҷикистон таҷлили иди Соли нав аз замони шӯравӣ расм шудааст ва имрӯз ҳам бисёр сокинони кишвар ин ҷашнро чун бахши муҳими ҳаёти хусусиву фарҳангии худ таҷлил мекунанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки ин идро барои худ бегона меҳисобанд.

Бар асоси барномаҳои имсолаи мақомот, рӯзи 1-уми январи соли 2019 истироҳати расмӣ барои коргарон ва то 10-уми январ таътили зимистонаи мактабӣ мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG