Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 варзишгари тоҷик стипендияи олимпӣ мегирад


Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯйхати 15 варзишгарро барои дарёфти дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ба даст овардани роҳхатҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 тасдиқ кард.

Ба ин рӯйхат нӯҳ варзишгари мард ва шаш зан дохил шудаанд. Онҳо намояндагони ҳафт намуд, аз он ҷумла оид ба ҷудо панҷ нафар, бокс, варзиши сабук, гуштии варзишӣ ва таэквондо дунафарӣ, қаиқронӣ ва шиноварӣ якнафарӣ мебошанд.

Дар байни онҳо варзишгарони маъруф, монанди гурзандоз Дилшод Назаров, қаиқрон Шаҳриёр Даминов, гуштигирон Комроншоҳи Устопириён, Беҳрӯзи Хоҷазода, Темур Раҳимов, таэквондочӣ Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд.

Маблағи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон барои омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020, ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ роҳандозӣ шудааст, 216 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва дар давраи аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи декабри соли 2018 барои 15 варзишгар 96 ҳазор доллар масраф шудааст. Маблағи давраи 2019-2020 барои 15 варзишгар 120 ҳазор доллари ИМА мебошад.

Рӯйхати 15 варзишгари тоҷик, ки дар мувофиқа бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз 1-уми январи соли 2019 то 31-уми августи соли 2020 ба маблағи аз 200 то 950 доллари ИМА стипендияи олимпӣ мегиранд:

Дилшод Назаров (варзиши сабук) – 950 доллари ИМА;
Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ) – 800 доллари ИМА;
Комроншоҳи Устопириён (ҷудо) – 700 доллари ИМА;
Беҳрӯзи Хоҷазода (ҷудо) – 600 доллари ИМА;
Темур Раҳимов (ҷудо) – 500 доллари ИМА;
Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) – 300 доллари ИМА;
Шоҳида Қаландарова (ҷудо) – 300 доллари ИМА;
Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ) – 300 доллари ИМА;
Шаббос Неъматуллоев (бокс) – 350 доллари ИМА;
Карина Климик (шиноварӣ) – 200 доллари ИМА;
Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук) – 200 доллари ИМА;
Саидҷон Гулов (гуштии озод) – 200 доллари ИМА;
Манижа Мадкаримова (таэквондо ВТФ) – 200 доллари ИМА;
Суҳроб Абдулҳаев (гуштии юнонию румӣ) – 200 доллари ИМА;
Шоира Зулқайнарова (бокс) – 200 доллари ИМА.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG