Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Узбекистон якҷо трасформатор мебароранд.ВИДЕО


Дар Хуҷанд корхонаи муштараки трансформаторбарории Тоҷикистону Узбакистон боз хоҳад шуд. Ҳоло корҳои сохтмонии ин корхона дар назди ширкати "Хуҷандторгмаш" ба марҳалаи поёнӣ расидааст.

Корхонаи трасформаторбарории Тошканд омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон моҳи июни ҳамин сол дар намоишгоҳе дар Хуҷанд баён дошта буд.

Корхонаи муштараки истеҳсоли трасформатори Тоҷикистону Узбекистон нахустин корхонаи бузург дар вилояти Суғд хоҳад буд, ки баъд аз беҳбуди муносибати байни ин кишварҳо дар соли ҷорӣ амалӣ мешавад.

Қарордоди таъсиси ин корхонаи муштарак моҳи август зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд ба имзо расид. Ин нахустин корхонаи бузург дар шимоли Тоҷикистон бо Узбакистон баъд аз гарм шудани муносибат бо ин кишвар хоҳад буд.

Ҳоло дар ширкати "Хуҷандторгмаш" бунёди сехи траснформаторбарорӣ қариб ба анҷом расидааст. Музаффар Ҷумъаев, муассиси ширкати "Хуҷандторгмаш" рӯзи 25-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҷҳизоти зарурӣ барои тавлиди траснсформаторро корхонае аз Тошканд ворид хоҳад кард.

Трасформатор барои дохил ва хориҷ

Музаффар Ҷумъаев, муассиси корхонаи "Хуҷандторгмаш".
Музаффар Ҷумъаев, муассиси корхонаи "Хуҷандторгмаш".

Музаффар Ҷумъаев, муассиси корхонаи "Хуҷандторгмаш" афзуд, "шарики мо аз Узбекистон корхонаи "Элсан" аст, ки зиёда аз 20 сол боз трансформатор истеҳсол мекунад. Мо бо ин ин корхона қарордод бастем, ҳамаи ҳуҷҷатгузориро, ки қонун талаб мекунад, таҳия кардем".

Ин масъули "Хуҷандторгмаш" мегӯяд, дар ҳоли ҳозир сехи навро омода мекунанд ва дар моҳи январи соли нав тамоми таҷҳизоти заруриро ворид хоҳанд кард ва моҳи феврал ба истеҳсоли трасформатор оғоз менамоянд.

Музаффар Ҷумъаев афзуд, корхонаи муштараки тавлиди трасформатор бо дастгоҳҳо аз Олмон таҷҳизонида мешавад ва намудҳои гуногуни трасформатор, бо иқтидори аз 20 то 2500 киловатт соат қабул ва интиқоли барқ истеҳсол хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, бозори дохилӣ ба ин гуна таҳҷизот ниёз дорад ва дар ҳоли ҳозир трнсформатор умдатан аз Чин ворид карда мешавад. Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як корхонаи истеҳсоли трасформатор дорад, ки имсол беш аз 270 трансформатор истеҳсол кардааст. Вале ин ба таъмини талаботи кишвар кофӣ нест. Ба гуфтаи муассиси корхонаи "Хуҷандторгмаш", корхонаи онҳо ҳам барои дохил ва ҳам барои содирот трасформатор тавлид хоҳад кард.

Тоҷикистону Узбекистон якҷо трасформатор мебароранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Ҳамкориҳои тоҷирони Тоҷикистону Узбекистон

Моҳи июни ҳамин сол, дар намоишгоҳи "Суғд Експо" дар Хуҷанд 40 ширкат аз Узбекистон ва умдатан аз вилоятҳои Тошканд ва Фарғонаи ин кишвар ширкат карда ва бархе омодагии худро барои роҳандозии ҳамкориҳо баён дошта буданд.

Дилшод Менглиев, муовини раҳбари Палатаи савдо ва саноати Узбекистон он замон гуфт, "дар Тошканд корхонаи трасформаторбарорӣ доранд ва пешниҳод гирифтанд, ки чунин корхонаи муштаракро дар Тоҷикистон низ боз кунанд. "Ҳамчунин дар бахши саноати сабук, дар истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёт ва нассоҷӣ низ пешниҳодҳо барои ҳамкориро гирифтем",-афзуд вай.

Корхонаи муштараки истеҳсоли трасформатори Тоҷикистону Узбекистон нахустин корхонаи бузург дар вилояти Суғд хоҳад буд, ки баъд аз беҳбуди муносибати байни ин кишварҳо дар соли ҷорӣ амалӣ мешавад.

Дар ҳоли ҳозир ширкати "Хуҷандторгмаш" умдатан намудҳои мухталифи асбобҳои барқӣ, аз ҷумла барои маркази нассосҳои обкашӣ ва ошхонаву ресторанҳо истеҳсол мекунад. Бар пояи омори расмӣ, дар 11 моҳи соли равон ин корхонаҳои ширкат ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид кардааст, ки назар ба соле қабл тақрибан ду баробар зиёд аст.

Рушди иқтисод баъд аз гарм шудани равобит

Тоҷикистону Узбекистон беш аз бист сол равобити тира ва мушкил доштанд. Дар ин муддат додугирифти ду ҳамсояи девор ба девор ба нуқтаи поинтарин расида буд. Вале имсол дар пайи гармии муносибот ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни ин кишварҳо рӯ ба рушди бесобиқа ниҳод.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки додугирифт дар нӯҳ моҳи имсол бо Узбекистон ба тақрибан 220 миллион доллар расидааст. Мақомоти ду кишвар ният доранд, ки ин рақамро солҳои наздик ба як миллиард доллар расонанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG