Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маориф: "Таҷлили Соли нав дар мактабу донишгоҳ манъ нашудааст" ВИДЕО


Вазири маориф ва илми Тоҷикистон сарусадоҳоро дар бораи манъи таҷлили Cоли нав дар мактабҳо рад кард. Ӯ гуфт, то ҳанӯз дар ин бора ҳеҷ дастур ё қароре ба идораҳои маориф ва мудирони мактабҳо ирсол нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе масъулини мактабҳои миёна дар манотиқи Тоҷикистон гуфтанд, ки ба онҳо гуфта шудааст, Cоли навро дар дохили мактабҳо таҷлил накунанд.

"Муқобили ҷамъоварии пул аз хонандагон ҳастем"

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 24-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, касе таҷлили Соли нави милодӣ дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистонро манъ накардааст, балки ҷамъоварии маблағ барои зиёфатҳои серхарҷу базмҳои бодабдаба мамнӯъ аст.

Дар Тоҷикистон иди Соли нав аз замони шӯравӣ расм шудааст ва бисёре аз сокинони кишвар онро таҷлил мекунанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки ин идро барои мардуми тоҷик бегона меҳисобанд.

Вазир гуфт, "вазорати маориф қатъиян муқобили буридани арчаҳое аст, ки барои кабудизор кардан бо заҳмат шинонида мешаванд ва баъзан онро барои ҷашни Соли нав дар мактабҳо бурида истифода мекунанд. Мо муқобили ҳолатҳои сар задани сӯхтор аз беэҳтиётӣ ва барои Соли нав ҷамъоварии маблағ аз волидону хонандаҳо ҳастем."

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон таҷлили Соли навро манъ кардаанд, танҳо гуфт, "ҳар кас ҳар гап мегӯяд ва бори аввал нест. Ин Соли нави мелодӣ аст".

Чанд рӯзи ахир волидон дар минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар мактаби фарзандони онҳо гуфта шудааст, ки таҷлили Соли нав манъ аст. Даврон, як хонандаи мактаби миёна дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мактаб ба онҳо гуфтанд, ки ҳеҷ гуна идро таҷлил накунанд.

"Мо, ки хонандаи синфи 11 ҳастем, гуфтем, ки бо хонандаҳои дигар синфҳои болоӣ як чорабинӣ баргузор мекунем. Вале раҳбари мактаб ба синфҳо даромада гуфт, ки Соли нав мумкин нест ва фақат мактабҳое иҷозат доранд, ки дар он хонандаҳои русзабон таҳсил мекунанд",-афзуд Даврон.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Вазири маориф мухолифи арчабуриву пулситонӣ будааст, на мухолифи Соли нав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

Диловаршо Исозода, мудири маорифи вилояти Хатлон, ин гуфтаҳоро тасдиқ кард ва гуфт, онҳо ба хонандаҳо гуфтанд, ки бигузор хонандаҳои русзабон ин идро таҷлил кунанд ва онҳо омода шаванд, дар ҷашни Наврӯз ид хоҳанд кард. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин тасмим ба асоси дастур ё қарори расмӣ гирифта нашудааст, аммо онҳо ин машваратро шифоҳӣ ба директорони мактабҳо расониданд.

"Ба ҷои калла, салла"?

Аммо таҳлилгарон иҷрои дастурҳо дар бораи таҷлили ягон ҷашнро ба мақоли "ба ҷои калла, салла" рабт медиҳанд.

Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш бо як навишта дар бораи Соли нав аз таҷлили бошукуҳи ин ид ҷонибдорӣ кардааст, гуфт, ҳама иду хурсандӣ, новобаста ба мазҳабӣ ё миллӣ буданаш, бо ҳадафи шодмонии мардум ташкил мешавад ва баҳонаи сарҷамъ шудани хонаводаҳо дар сари як дастурхон аст.

Ӯ мегӯяд, Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил мешавад ва дар давоми 70 сол ин ҷашн, ба унвони рамзи таҳвили соли милодӣ аз рӯи фарҳанги байналмилалӣ дар кунҷу канори Тоҷикистон дар шароити хона таҷлил мешавад. Ин устоди донишгоҳ гуфт, набояд афроди алоҳида идея ва ё андешаҳои инфиродии худро ба ҷомеа талқин кунанд ва аз ин рӯ хонандаҳоро ба худию бегона ҷудо кунанд.

"Ҷомеаи мо мазҳабӣ аст ва хоҳу нохоҳ мухолифони таҷлили Соли нав дар ҳар давру замон ҳастанд, аммо намешавад мардумро аз идҳои милливу ҷашни Соли Нави мелодӣ дур кард. Мо бо як далели оддӣ Соли навро ҷашн мегирем. Ин далел тақвим аст - календар. Барои мисол, 9-уми июл таваллуд шудаам ва ҳеҷ гоҳ нагуфтаам, ки 17-уми саратон зодрӯз дорам. Ин тақвими зиндагии ману шумо шудааст. Охири ин тақвим 31-и декабр аст, чаро ман онро фурў гузорам? Чун пагоҳаш 1-уми январ ибтидои ин тақвим аст. Ин дигар зиндагии мост ва он як аср мешавад, ки аз мост. Касе инро рад мекунад, воқеиятро инкор мекунад".

Гузориши видеоӣ "Шаҳраки солинавӣ" дар Душанбе:

"Шаҳраки солинавӣ" дар маркази Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Ӯ мегӯяд, ҷашни Соли нав ба фарқ аз идҳои дигар ҳеҷ исрофкории зиёд надорад ва танҳо бо додани туҳфае ба ҳамдигар метавонад тафреҳу хурсандӣ кард. Омодагии Душанбе ба истиқболи Соли нав як моҳ пеш аз фарорасии соли 2019 шурӯъ шуд ва аксар сокинон дарк карданд, ки дар тафовут бо солҳои гузашта, ки арчаи солинавӣ рӯзҳои 28 ва ё 30 декабр ва барои чанд рӯз оро дода мешуд, имсол мақоми ин ид барҷастатар мешавад.

Биноҳои маъмурии саросари пойтахт бо рамзҳои солинавӣ, аз ҷумла, навиштаҷоти табрикиву овезаҳои идона оро дода шудааст. Шаҳрдории Душанбе дастур додааст, ки ҳамаи муассисоти пойтахти Тоҷикистон барои таҷлили Соли нави мелодӣ омодагии хуб бинанд ва ҳамаи биноҳои шаҳр бо рамзҳои солинавӣ оро дода шаванд. Дар бозорҳои Душанбе ҳам фурӯши арчаи солинавӣ ва ороишоти идона ҷараён дорад, чизе, ки солҳои гузашта камтар мушоҳида мешуд.

Гузашта ва ҳозираи Соли нав дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон таҷлили иди Соли нав аз замони шӯравӣ расм шудааст ва имрӯз ҳам бисёр сокинони кишвар ин ҷашнро чун бахши муҳими ҳаёти хусусиву фарҳангии худ таҷлил мекунанд.

Онҳое ҳам ҳастанд, ки ин идро барои мардуми тоҷик бегона меҳисобанд ва Наврӯзро ҷашни асосии тоҷикон эътироф мекунанд. Бар асоси барномаҳои имсолаи мақомот, рӯзи 1-уми январи соли 2019 истироҳати расмӣ барои коргарон ва то 10-уми январ таътили зимистонаи мактабӣ мебошад.

"Маҳдудиятҳо" дар баргузории ҷашну маросимҳо

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2007 мақомоти маориф дар баргузории бархе иду ҷашнҳо дар муассисаҳои таълимӣ маҳдудият ҷорӣ каданд. Аз ҷумла, бо фармони вазири вақти маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода гузарондани чорабинии "Занги охир" манъ шуд.

Тибқи ҳамин фармони вазири маориф, дар макотиб ташкил намудани зиёфат ва ҳамагуна чорабиние, ки аз ҷониби хонандагон сурат мегирад, мамнӯъ гашт.

Фармони Раҳмонзода дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир гардида буд. Дар пайи ин, таҷлили "Иди алифбо" ҳам манъ шуд ва мақомот гуфтанд, ки ҳадафи ин маҳдудиятҳо, роҳ надодан ба хароҷоти барзиёд ва беҳуда дар ҷараёни таълим аст.

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG