Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Киргиз чоролору" ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро талаб кард


Эътирози қирғизҳо алайҳи табъзи ҳамқавмҳои онҳо дар Чин
Эътирози қирғизҳо алайҳи табъзи ҳамқавмҳои онҳо дар Чин

Иттиҳодияи ҷамъиятии "Киргиз чоролору" (40 сарбози қирғиз) рӯзи 20 декабр бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар назди сафорати Чин дар Бишкек аз мақомоти Қирғизистон талаб кард, ки дар давоми 30 шабонарӯз тамоми шаҳрвандони хориҷиро ихроҷ кунанд, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Хабарнигори мо аз маҳаллӣ ҳодиса иттилоъ дод, ки дар ҳамоиш ҳудуди 200 узви иттиҳодия иштирок доранд. Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, ниҳодҳои давлатӣ барои муайян кардани шумори воқеӣ ва ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд дар якҷоягӣ бо ҷомеа комисияеро ташкил кунанд. Онҳо мегӯянд, дар ғайри сурат мустақилона амал хоҳанд кард.

Созмондиҳандагони ҳамоиши эътирозӣ чанде пеш гуфта буданд, ки аз мақомоти Чин қатъи таъқиби ақаллиятҳо ва шарҳи сабабҳои боздошти онҳоро талаб хоҳанд кард.

Чин тайи чанд моҳи ахир дар робита ба хабари таъқибу боздошти намояндагони миллатҳои дигар дар минтақаи Шинҷон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Расонаҳо соли 2016 хабар доданд, ки мақомоти Чин боздоштшудаҳоро дар "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ" нигаҳ медоранд. Бино ба арзёбиҳои гуногун, дар он марказҳо то ду миллион одам нигаҳдорӣ мешавад.

Дар шаҳри Бишкек тайи чанд моҳи ахир як қатор ҳамоишҳои эътирозӣ бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба вазъи ақаллиятҳо дар Чин баргузор карда шуд.

Президенти Қирғизистон Соронбой Ҷеенбеков дар нишасти хабарии худ дар мавриди вазъи қирғизтаборон дар Чин гуфт, Бишкек дар ҳалли ин мушкил бояд аз эҳтиёт кор бигирад.

XS
SM
MD
LG