Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки Гулнора Каримова – духтари раиси ҷумҳури собиқ Ислом Каримов – дар ҳудуди он кишвар қарор дорад.
Эркин Юлдошев, муовини додситони кулли Узбекистон, рӯзи 19-уми декабр дар ҷаласае дар Тошканд гуфт, “Гулнора Каримова он ҷазоеро, ки додгоҳ нисбат ба ӯ таъйин кардааст, дар ҳудуди Узбекистон адо мекунад”.
Рӯзи 28-уми июли соли 2017 идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Додситонии кулли Узбекистон дар вебсайти расмиаш аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Гулнора Каримова хабар дод. Дар ин иттилоия гуфта мешуд, ки додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Гулнора Каримова, ки замоне вориси падар дар тахти президентӣ пешгӯӣ мешуд, дар гузашта дар Вазорати умури хориҷии он кишвар кор карда, намояндаи расмии Узбекистон дар чанд созмони байналмилалӣ буд. Ҷудо аз корҳои давлатӣ Гулнора Каримова ба ҳайси тарроҳи либосу ҷавоҳирот ва муассиси бренди атриёти Guli маъруф шудааст.
Ӯ, инчунин, талош кард ҳунари овозхонии худро бо исми мустаори Гугуша сайқал диҳад, вале дар муқоиса бо ҳунарҳои дигараш ин кор чандон муваффақ набуд.
Аммо номуваффақтарин марҳила ҳамоне шуд, ки ӯро дар чанд кишвари ғарбӣ барои фасоду ришвахорӣ муттаҳам карданд. Соли 2012 мақомот дар Узбекистон чанд шабакаи телевизион ва радиоҳои марбут ба Гулнораро дар саросари ин кишвар бастанд. Ва худи ӯ дар замони зинда будани падараш ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.