Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арусу домод пеш аз никоҳ "имтиҳон" месупоранд. ВИДЕО


Ҷуфтҳои ҷавон дар Душанбе қабл аз издивоҷ ба чанд суоли равоншиносу ҳуқуқшиносон посух мегӯянд ва машварат мегиранд.

Раҳмоналӣ баъди ду ҳафта издивоҷ мекунад. Барои пешниҳоди ариза ба идораи Сабти аҳволи ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Синои Душанбе омад ва ба ӯ тавсия доданд, ки қаблан аз сӯҳбати равоншинос гузарад.

Раҳмоналӣ аз равоншинос маслиҳат гирифт

Дар посух ба суоли равоншинос гуфт, ки ба зиндагии оиладорӣ омода аст ва арӯсро ҳам худаш интихоб кардааст. Равоншинос баъди суолу ҷавоб ва пешниҳоди машварат ба Абдулҳамид гуфт, "ба шумо хушбахтӣ хоҳонам ва умедворем, ки дар оилаи шумо зӯроварӣ рух намедиҳад",

Мутахассисон мегӯянд, ҳолатҳое кам нест, ки ҷавонони бидуни маълумот ва касбу кор аллакай баъди 2 ё 3 моҳи издивоҷ барои бекор кардани ақди никоҳ ба САҲШ муроҷиат мекунанд.

Раҳмоналӣ ҳам ваъда дод, ки ба ҳамсари ояндааш даст намебардорад. Ӯ ният доштааст баъди издивоҷ ба Русия равад. Барои супурдани ариза ҳам ин ҷавон танҳо ва бидуни арус омад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "арӯсро 3 сол боз мешиносам ва умедворам

Мавлуда Ҳусайнова, ҳуқуқшиноси тарҳи "Пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонавода".
Мавлуда Ҳусайнова, ҳуқуқшиноси тарҳи "Пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонавода".

хушбахт мешавем".

Аммо равоншиносу ҳуқуқшиносоне, ки тибқи як лоиҳаи нав тайи як моҳи ахир дар идораҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Душанбе фаъолият мебаранд, муваззаф шудаанд, ки қабл аз издивоҷ бо ду ҷониб -- ҳам домоду ҳам арӯс ва волидони онҳо ҳамсӯҳбат шаванд.

Ин лоиҳа бо ташаббуси Барномаи "Пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонавода" ё PDV ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи он ҳам пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо ва боло бурдани маърифатӣ ҳуқуқӣ ва оиладории ҷуфтҳо аст.

"Дар бисёре аз ҳолатҳо ҷуфтҳо барои зиндагӣ омода нестанд"

Мавлуда Ҳусайнова, ҳуқуқшиноси тарҳи "Пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонавода" дар як рӯз бо 4 ҷуфт ҳамсӯҳбат мешавад ва дар бораи масъулияти издивоҷкунандагон ба онҳо маълумот медиҳаду барояшон мегӯяд, ки кадом амал хушунат дониста мешавад.

Бино ба мушоҳидаи ин ҳуқуқшинос, ҳолатҳое зиёданд, ки ҷавонон барои барпо кардани ақди никоҳ ҳанӯз омода нестанд ва тавони ба таври мустақилона пеш бурдани зиндагиро надоранд. Ӯ аз як ҷавони 19-сола мисол овард, ки барои ақди никоҳ ариза пешниҳод кардааст.

"Ба домод савол додам, ки аз ҷиҳати моддӣ ӯҳдадоред, ки оиларо таъмин кунед, манбаи даромад доред? Мегӯяд, не, маълумоти олӣ надорам ва аз нигоҳи иқтисодӣ аз модарам вобастаам. Кӯшиш кардам бо волидони ҷавонон сӯҳбат кунам. Ба онҳо гуфтам, писаратон ҷое кор намекунад, чӣ тавр зиндагиро пеш мебарад? Модари он ҷавон гуфт, ки писарамро ба муҳоҷират мефиристам".

Ба чунин ҷуфтҳо ҳуқуқшинос тавсия медиҳад, ки масъалаи издивоҷро бозбинӣ ё шояд каме ба таъхир гузоранд. "Ман кӯшиш кардам фаҳмонам, ки аввал рафта кор кунад ва баъд бо ҷиддият омада оила барпо кунад, аммо намедонам то куҷо ба ин тавсияи ман гӯш доданд".

Мутахассисон ба ҷавонон чӣ маслиҳат медиҳанд?

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Мавлуда Ҳусайнова, зоҳиран ҷавононе ҳам зиёданд, ки бо нафари барояшон ношинос риштаи умрашонро бастан мехоҳанд. Бархе аз ҷуфтҳо дар ҳоле бо ҳам ақди никоҳ бастан мехоҳанд, ки аз дунёи ҳам хуб огоҳ нестанд ва танҳо як ё ду бор ҳамдигарро дидаанд.

Ба ин ҷавонон мутахассисон тавсия медиҳанд, ки то расидани навбати ақди никоҳ ба ҷойи хариди ҷиҳозу либоси арӯсӣ, кӯшиш кунанд бо ҳам бештар шинос шаванд ва дарк кунанд, ки бо ҳам мутобиқанд ё на. "Ба онҳо чанд бор таъкид мекунам, ки вохӯред ва агар дар ин муддат ба хулосае оед, ки ба ҳам мувофиқ нестед, метавонед омада аризаи худро пас гиред",-меафзояд Мавлуда Ҳусайнова

Равоншиносу ҳуқуқшиносон зимни сӯҳбат бо ҷавонон ба ин 3 мавзӯъ бештар таваҷҷӯҳ мекунанд -- оё издивоҷи ҷуфтҳо иҷборӣ ҳаст ё на? касбу кор ва манбаи дароманд доранд? ва агар баъди издивоҷ ба муҳоҷират раванд, ҳамсарашонро бо худ мегиранд ё на?

Равоншиносон пеш аз издивоҷ ба ҷуфтҳо машварат медиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

Зиндагии ояндаи ҷавонон аз чӣ вобаста аст?

Ба гуфтаи равоншинос Фарзона Шарифзода, зиндагии ояндаи ҷуфтҳо маҳз аз ҳамин чанд масъала сахт вобастааст. Фарзона мегӯяд, аксари ҷавонписарон зимни ин сӯҳбатҳо мегӯянд, баъди издивоҷ арӯсро монда ба муҳоҷират мераванд.

"Албатта шароити иқтисодӣ хуб нест ва мардон вазифадор мешаванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Аммо вақте зан дар як хонаи дигар танҳо ё бо фарзандону кори хона мемонад, аз нигоҳи равонӣ азият мекашад. Шахси наздикаш нест, ки дарди дил кунад ва ғами дилашро кам кунад. Ин ҳам метавонад боис шавад, ки духтар ба стресс гирифтор шавад ва ҳамин нофаҳмиву ҷангу ҷанҷолҳоро ба миён оварда, мардон ҳам аз занон дилсард мешавад. Аз сӯйи дигар, дурӣ меҳри онҳоро ҳам кам мекунад".

Нигаронӣ аз пошхӯрии хонаводаҳо

Cӯҳбатҳои алоҳида ва машварати қабл аз издивоҷ ба ҷуфтҳои ҷавон ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ дар 9 моҳи ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 9 ҳазор хонавода аз ҳам пош хӯрдааст. Ин омор ҳам бештар аз нишондодҳои соли гузашта будааст.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз ҳам пошидани хонаводаҳо нигаронӣ мекунанд ва бо иқдомҳои мухталиф талоши пешгирӣ аз ин падидаро мекунанд. Сабабҳои азҳампошии хонаводаҳоро ҳам таҳлилгарон дар издивоҷи бармаҳал, бесаводӣ, муҳоҷирати тӯлониву чандин мушкили дигар арзёбӣ мекунанд.

Шарифа Қурбонзода, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино.
Шарифа Қурбонзода, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино.

Шарифа Қурбонзода, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Синои пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "як сабаби ҷудошавии оилаҳо ҳамин зӯроварӣ ва хушунат дар хонавода аст. Вақте инҷо пеш аз издивоҷ бо онҳо сӯҳбатҳо мешавад ва дар бораи зӯроварӣ ҳам маълумот пешниҳод мешавад, ман фикр мекунам ҷавонон ҳам инро ба назар хоҳанд гирифт ва андеша хоҳанд кард".

Сини муносиб барои издивоҷ кадом аст?

Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ки таҷрибаи беш аз даҳсолаи кор дар хонаи ақди никоҳро дорад, маъмулан ҷавононе ба бунёди оилаҳои солиму устувор омодаанд, ки синнашон аз 20 боло ва дорои маълумоти олӣ ҳастанд. Ӯ мегӯяд, "аз рафтору сӯҳбати ин ҷавонон зимни сӯҳбат бо онҳо маълум аст, ки дар баробари бунёди оила бо ҳам ҳадафҳои муштарак ва дар зиндаги як дурнамо доранду аз дунёи ҳамдигар бохабаранд".

Мутахассисон мегӯянд, ҳолатҳое кам нест, ки ҷавонони бидуни маълумот ва касбу кор аллакай баъди 2 ё 3 моҳи издивоҷ барои бекор кардани ақди никоҳ ба САҲШ муроҷиат мекунанд. Дар зимн, дар доираи тарҳи "Пешгирӣ аз зӯроварии хонаводагӣ", ҳуқуқшиносу равоншиносон бо онҳое ҳам сӯҳбат мекунанд, ки барои бекор кардани ақди никоҳ ба САҲШ муроҷиат намудаанд. Аввалин талоши онҳо ин аст, ки ҷуфтҳоро аз ин тасмим баргардонанд.

"Як ҷуфт омада буд, баъди 3 моҳи оиладорӣ мехост ҷудо шавад. Сабаб ҳам ин, ки духтар барои тӯйи як хешовандаш рафтааст, тӯй нашуд, ӯ ба фавти як хеши наздикаш рафтааст. Шавҳар бо падару модар омада бо хонаводаи арӯс муноқиша мекунанд ва ҷавон сари қаҳр занашро се талоқ медиҳад. Ба онҳо тавсия додам, ки рафта хуб фикр кунанд ва аз рӯҳониён машварат пурсад",-меафзояд ҳуқуқшинос Мавлуда Ҳусайнова.

Таҷрибаи сӯҳбат бо ҷуфтҳо қабл аз издивоҷ ва ҳам дар ҳоли ҷудошавӣ, ки бо ташаббуси тарҳи "Пешгирии аз зӯроварии хонаводагӣ" ё PDV дар чанд хонаи ақди никоҳи Душанбе роҳандозӣ шудааст, бояд то моҳи апрел идома кунад. Ташаббускорон бовар доранд бо ин роҳ мешавад то ҷое аз раванди босуръати ҷудошавии оилаҳои ҷавон пешгирӣ кард.

XS
SM
MD
LG